Главная / Илм / ШАРТНОМАИ МУАЛЛИФИ

ШАРТНОМАИ МУАЛЛИФИ

Мафхум ва тавсифи умумии шартномаи муаллифй. Исти- фодаи асархо, ба истиснои холатхои истифодаи озоди онхо, дар асоси шартнома бо муаллиф ё дигар сохибхукукхои ам- волй басташуда, амалй мешаванд. Шакли шартномавии ис- тифодаи асар бештар ба манфиатхои муаллиф ва истифо- дабаранда чавобгуй мебошад. Зеро махз дар доираи ин шакл, аз як тараф татбик ва хифзи хукукхои муаллифи дар сатхи баланд таъмин гардида, аз тарафи дигар имконияти истифодаи истиснои ва чавобгуй ба манфиатхои молумул- кии истифодабаранда мухайё мегарданд. Ба чунин шакли истифодаи асар, ахиран худи чамъият низ хавасманд аст. Зе- ро чунин тартибот, фаъолнокии эчодии аъзоёни онро таъмин намуда, боиси гани гардидани сатхи маънавию фархангии чамъият мегардад.

Шартномаи муаллифи хусусияти хукуки граждани до- шта, дар низоми инкишофёфтаи шартномахои хукуки граж- дани мустакил мебошад. Ишораи мазкур, ахамияти мухими назарияви ва амали дорад. Ин чунин маъни дорад, ки ба шартномаи муаллифи коидахои умумии хукуки граждани, ба монанди шакл ва шартхои эътиборнокии ахдхо, меъёрхои дахлдори хукуки ухдадори, мукаррароти умумии шартно- махо, мукаррароти умумии чавобгарии хукуки граждани ва дигар меъёрхои умумии хукуки граждани татбик карда ме- шаванд.

Шартномаи муаллифи созиши дучонибае мебошад, ки аз чониби дорандаи хукукхои амволи ба асар баста шуда, тибки он хукуки истифодаи асар ба шахси дигар супорида мешавад. Мувофики шартномаи муаллифи, муаллиф хукукхои худро ба истифодаи асар дар хар маврид ва бо шартхои бо тарафхо мувофика намуда, ба бадасторанда ме- супорад ё ухдадор мешавад, ки супорад. Мувофики шартно- маи муаллифи аз як тараф муаллиф ё дигар сохибхукук ухда- дор мешавад, ки истифодаи хукуки истисноиро ичозат дихад ё хукуки истисноиро бегона намояд, тарафи дигар бошад истифодабаранда ё бадастоварандаи хукуки истиснои ухда- дор мешаванд, ки подошро пардохт намояд, агар холати ди- гар аз шартнома барнаояд. Хамзамон дар адабиётхои хукуки холатхои алохидаи кушиши исбот намудани нодурустии но- ми шартномаи муаллифи низ мушохида мешавад, ки бо назардошти таърихи чунин номи шартнома аз вокеият дур аст.[1]

Мохияти шартномаи муаллифи дар м. 25-уми конуни хукуки муаллиф, тавассути муайян намудан ва шарх додани хусусиятхои хоси мазмуну табиати он пешбини шудааст. Харчанд ки баъзе мухаккикон аз пешбини нашудани маф- хуми шартномаи муаллифи дар конуни муаллифии ЧТ сухан меронанд. Зеро онхо колаби анъанавии мафхумхои шартно- махои гражданиро, ки дар КГ нисбати дигар шартномахо истифода шудааст, намебинанд. Тибки мукаррароти моддаи зикргардидаи конуни муаллифи, ба андешаи мо, мувофики шартномаи муаллифи як тараф, муаллиф ё дигар сохиби ху- кукхои амволи ба тарафи дигар, истифодабарандаи хукук, хукукхои муаллифии амволиро пурра ё кисман бо шарти ичозати комил ё гайрикомил тахвил медихад ё ухдадор ме- шавад тахвил дихад. Тахвили хукукхои муаллифи бо ичозати комил, истифодаи асарро аз руи тарзу усулхои муайян ва дар худуди бо шартнома мукаррар гардида, танхо барои шахсе ичозат медихад, ки хукукхо ба у тахвил дода мешаванд ва ин шахсе хакки манъ кардани бо хамин усул истифодаи асарро аз чониби шахсони дигар орад.

Тахвили хукукхои муаллифи бо ичозати гайрикомил, ис- тифодаи асарро дар баробари сохиби хукукхои комил ба ис- тифодабаранда ва (ё) шахсони дигар, ки бо хамин тарз барои истифодаи асар ичозат гирифтаанд, ичозат медихад. Яъне хукуки амволи ба истифодаи асарро бо тарзи монанд, дар як вакт ва худуд якуякбора якчанд нафар ба амал бароварда метавонанд. Тахвили хукуки тибки шартномаи муаллифи гайрикомил хисобида мешавад, агар бо шартнома холати дигар мукаррар нашуда бошад.

Шартномаи муаллифи аломати хукукии консенсуалй, мутакобила (дутарафа) ва музднокро дорад. Дар баъзе ада- биётхои хукуки ва конунгузории кишвархои алохида, ба та- биати реали доштани шартномаи муаллифи ишора менамо- янд, ки бинобар хукуки субъективи будани предмети шарт- нома, нодуруст мебошад.[2]

Дар адабиёти хукуки оид ба хукуки муаллифй, бахси мухаккикон атрофи табиати шартномаи муаллифи мушохида мегардад. Ба андешаи як гурухи мухаккикон, тибки шартно- маи муаллифи хукукхои амволи ба асар гузашт карда меша- ванд ва дар ин замина назарияи «гузашти хукук» пайдо шуд. Гурухи дигар бар он андешаанд, ки мувофики шартномаи му- аллифи истифодаи хукуки амволи бо шартхои муайян ичозат дода мешавад ва дар ин замина назарияи «ичозат» ба вучуд омад.[3]

Конуни хукуки муаллиф, ки дар м. 25 тахвили хукукхои амволии муаллифро дар асоси ичозати истифодаи асар пеш- бини менамояд, дар масъалаи мазкур назарияи дуюмро пайрави намудааст. Бояд тазаккур дод, ки назарияи «гуза- шти хукук», бо имконпазир будани ичозатномаи гайрикомил тибки шартномаи муаллифи мувофик нест. Зеро барои дар асоси гайрикомил гузашт намудани чунин холатхо дар он аст, ки асар, дар бештари мавридхо ифодаи худро дар хоми- ли модди меёбад. Дар натича объекти мачмуии хукуки граж- дани, ки аз ашё ва натичаи фаъолияти зехни иборат аст, ба вучуд омада, истифодаи шартномаи хоссаро зарур мегардо- над. Масалан, хангоми хариди китоб, харидор ба хомили модди хукуки моликият пайдо карда, лекин хукукхои амво- лии муаллифро ба даст намеорад. Аз ин лихоз, агар китоб бо максади истифодаи тичоратии он харида шавад, бояд шарт- номаи тахияшаванда фарогири унсурхои шартномаи хариду фуруш ва шартномаи муаллифи бошад.

[1]Ахмадчонов И. Г. Юридическая природа авторских договоров по законо- дательству Республики Таджикистан: автореф. дисс. на соискание уч. степ, канд.юрид.наук – Душанбе, 2014.- С. 6

[2] КГ Русия, к. 4, м. 1285-1286. ууу.сопвиНапГрЫв.

[3]Муфассалтар ниг.: Гаврилов Э.П. Советское авторское право. Основные положения. Тенденции развития.- М., 1984. С. 196-203; Клык Н.Л. Охрана интерсов сторон по авторскому договору.- Красноярск, 1987.- С. 12-16 ва дигарон.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …