Главная / Чугрофия / САРВАТХОИ ЗЕРИЗАМИНИ

САРВАТХОИ ЗЕРИЗАМИНИ

САРВАТХОИ ЗЕРИЗАМИНИ

Дар байни пайдоиши сарватхои зеризамини ва хусусияти чипсхои
кухи чй гуна робита вучуд дорад?

Фаровон будани сарватхои зеризаминии Точикистон ба таъ- рихи геологии ин сарзамин сахт вобаста аст. Сарватхои зери- замини дар каламрави чумхури аз тахшинхои даврахои мезо- зой ва кайнозой хосил шудаанд ва аз сарватхои маъдани (сурб, рух, нукра, сурма, тилло, волфрам) ва гайримаъдани (ангишти бур, ангиштсанг, нафт, озокерит, гази табии, фосфорит, намак- санг, масолехи гуногуни сохтмон, обхои маъдани) иборатанд. Дар тахнишастахои давраи чорумин тиллои пошхурда дучор меояд (дар Помир, Дарвоз ва гайра).

То давраи собик Хокимияти Шурави сарватхои зеризами- нии Точикистон ба таври бояду шояд тахкик нашуда буданд. Гумон мерафт, ки дар ин сарзамин хамаги чанд навъ сарвати зеризамини вучуд дораду бас (факат ангиштсанг ва нафт ис- тихроч карда мешуданд). Дар тули солхои собик Хокимияти Шурави дар Точикистон 70 навъи сарватхои зеризаминии маъ- данию гайримаъдани кашф ва бештар аз 400 кон ошкор карда шудаанд. Алхол аз 100 кон кариб 40 навъи ашъёи хоми маъ- дани мегиранд.

Сарватхои зеризаминии Точикистон ба 3 навъ чудо карда мешавад: сузишворию энергетики, металли ва гайриметалли.

Ба сарватхои сузишворию энергетики ангишти бур, ангишт- санг, торф, вараксангхои сузанда, нафт, гази табии мансуб ме- бошанд.

Захирахои калони ангиштсанг дар Точикистони Маркази ва Точикистони Чануби Шарки чой гирифтаанд. Дар чумхури такрибан 40 кони ангишсанг маълум аст, ки аксари онхо аха- мияти саноати доранд: Шуроб, Фону Ягноб, Могиён, Наза- райлок ва гайра. Аксари ин конхо дар нохияхои баландкухи душворгузар чой гирифтаанд, бинобар ин, катъи назар аз си- фати баланди ангиштсанг холо истехсоли саноатии онхо ду- руст ба рох монда нашудааст. Масалан, ангишти кони Фону Ягноб 840 млн тонна захира дорад ва хеле хушсифат бошад хам (80% аз ангишти коксшаванда иборат аст), бинобар набу- дани рох нихоят кам истифода мешавад.

Конхои нафт ва газ факат дар худуди ду пастхами – Фарго- наи Гарби (КИМ, Айритон, Ниёзбек, Нафтобод, Равот) ва Точикистони Чануби (Кичикбел, Бештенток, Хочасартез, Сул- дузи, Окбошадир, Кизилтумшук ва Шамбари) вокеъ гарди- даанд. Захираи нафт ва гази Точикистон зиёд нест, вале дар натичаи тахкикоти геологи мукаррар карда шудааст, ки дар водихои Вахшу Кулоб ва Фаргонаи Гарби дар тахнишастахои давраи табошир ва юра конхои газу нафт вучуд доранд.

Сарватхои зеризаминии металли асосан дар Точикистони Шимоли (кухи Каромазор) ва Маркази (каторкуххои Хисору Олой) мавчуданд.

Дар куххои Каромазор конхои сершумори маъданхои поли- металли (рух, сурб), металлхои нодир (кадмий, висмут, молиб- ден, волфрам) ва асил (тилло, нукра) ошкор шудаанд. Дар ин мавзеъ кони охани Чокадамбулок кашф гардида, дар куххои Хисору Олой волфрам (Майхура), сурма ва симоб (Чичикруд, Кавнок, Кончоч), шпати сахрои (Такоб) ва ашёи хом барои саноати алюминий (кони Турпи) ёфт шуд. Аз чихати захираи сурма ва симоб Точикистон дар Осиёи Маркази чойи аввалро мегирад.

Сарватхои зеризаминии Помир хануз чандон хуб омухта на- шудаанд. Дар ин чо конхои булури кухи (каторкуххои Ванч ва Язгулом), тилло (катокуххои Дарвоз ва Паси Олой), молибден, волфрам, лочвард, лаъл ва гайра мавчуданд.

Сарватхои зеризаминии гайриметалли (асбест, абрак, озо- керит, фосфорит, намаксанг, масолехи сохтмон ва гайра) дар Точикистон хеле зиёданд. Бештар аз 50 кони намаксанг (Хоча- муъмин, Хочасартез, Оксукон, Тошбулок, Танобчи ва гайра) ёфт шудаанд. Кули Оксукони нохияи Ашт барои муоличаи бе- морихо низ истифода мешавад.

Дар чумхури даххо кони хурди фосфорит мукаррар карда шудаанд. Конхои фосфорит асосан дар Точикистони Маркази (Равот, Зидди, Каротог) ва чануби водии Фаргона (Истарав- шан ва Исфара) чой гирифтаанд. Сифати онхо чандон баланд ва захираашон зиёд нест. Дар чумхури зиёда аз сад кони ма- солехи сохтмон ба кайд гирифта шудааст; масалан, гил, охак, гач, регхои кварсдор ва гайра. Аз масолехи сохтмон, бахусус сангхои ороиш (хоросанг, мармар, доломит, туф), ки дар ка- торкуххои Хисор, Курама ва Помир мавчуданд, ахамияти ка- лон доранд. Маснуоти сохтмон дар нохияи Исфара низ бисёр аст. Озокерити ин нохия (кони Селроха) барои истехсоли ма- солехи изолятсиони корбаст мешавад. Дар Исфара заводи озо- керит сохта шудааст.

Обхои минерали. Точикистон бо обхои минералиаш шухра- ти оламшумул дорад. Таркиби химияви ва хосияти физикии обхои минерали нихоят гуногун аст. Дар Точикистон чаш- махои гарм ва хунуки обашон газдор фаровон мебошанд.

Дар Точикистони Шимоли (куххои Курама ва Мугул) чаш- махои хунуки шифобахши радиоактиви ва каммаъдан мавчу- данд. Дар наздикии Истаравшан (25 километр дуртар) дар Хавотог чашмаи минералии гарми йоду бромдор хаст, ки дар заминаи он шифогохи Хавотог сохта шудааст.

Кисми бештари чашмахои минерали дар нишебихои чануби каторкухи Хисор чой гирифтаанд. Оби ин чашмахо хунук ва гарм буда, ба обхои гази карбонатдори нарзан монанд мебо- шад. Харорати чашмахои минералии Хочаобигарм, Обигарм, Явроз, Гармоба ба 38°-98° мерасад. Дар Хочаобигарм, ки чаш- мааш радиоактивии гарм аст, дар баландии 1800 м шифогохи хозиразамон сохта шудааст. Шифогохи «Хочаобигарм» дорои буги радон буда, дар худуди Иттиходи Давлатхои Мустакил

(ИДМ) ягона мебошад. Шифогохи «Обигарм» дар баландии 1300 м чойгир аст. Оби гарми гидрогенсулфидии он бехамтост.

Обхои нарзании Сангхок ва Анзоби хавзаи руди Зиддиро (дар баландии кариб 3000 м) барои нушидан ва муоличаи бе- морихо истифода мебаранд. Кадре гарбтар аз Душанбе (18 км) дар дехаи Шамбари чашмаи минералии хунук мавчуд аст. Оби он гидрогенсулфид дошта, бо максади муолича ва нушидан истифода мешавад. Ба дармонгохи Шамбари на факат ахолии Точикистон, балки мардуми дигар мамлакатхои дуру наздик низ барои муолича меоянд.

Помир бо чашмахои гарм (гази карбонатдор) ва хунуки худ шухрат ёфтааст (Гармчашма, Лангар, Андароб, Бахмир, Авч). Бахусус Гармчашма, ки 7 км дуртар аз дехаи Андароб вокеъ аст, машхур мебошад. Дармонгохи «Гармчашма» дар микёси ИДМ баландтарин аст.

Инчунин кобед

ДАВЛАТХОИ ДОРОИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ АНГИШТ ВА МАЪДАНИ ОХАН

ДАВЛАТХОИ ДОРОИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ АНГИШТ ВА МАЪДАНИ ОХАН Мамлакат Захирахои тадкикшудаи ангишт (млрд т.) Мамлакат …