Главная / Маданият ва санъат / СИЁСАТИ АГРАРИ ДАР ЧУМХУРИ

СИЁСАТИ АГРАРИ ДАР ЧУМХУРИ

Дехконони чумхури ба кашфиёти илми, техника ва техноло- гияи пешкадам такя намуда, дар сохаи интенсивонии кишоварзи сахми арзанда гузоштанд. Мубориза барои баланд бардошта- ни хосилнокии пахта, афзоиши махсулнокии сохахои чорводори, кирмакпарвари, богдорию сабзавоткори, истифодаи окилонаю са- марабахши техника, ба сарпарасти гирифтани мелиоратсия, чори намудани механикони ва химиконии комплексии истехсолот, вусъат додани харакати оммавии дехконон барои аз худ кардани касбхои техники вазифахои аввалиндарачаи мардуми дехот гардиданд.Дар Точикистон солхои 50-80-ум ба рушди хаматарафаи кишоварзи диккати махсус дода мешуд. Аз ин сабаб дар барно- маи стратегии иктисодию ичтимоии чумхури чойи муайянро сиёсати аграрй ишгол мекард. Бо максади татбики сиёсати аграрй дар Точикистон чорахои зерин андешида шуданд мустахкам кар- дани базаи моддй-техникии колхозу совхозхо, идома додани аз- худкунии заминхои бекорхобида ва мелиоратсияи замин, рушди электрофикатсияи дехот, диккат додан ба кори селексиони, ба- ланд намудани хавасмандии моддии дехконон ва гайра.

Омили мухими пешрафти хочагии кишлок бо тарзи дурусти идоракуни ва дар асосхои илми пеш бурдани он мебошад. Солхои тулони ташкилу тараккиёти кишоварзи дар ихтиёри Вазорати ки- шоварзии чумхури буд. Пленуми майии (соли 1982)-и КМ ХКИШ Барномаи озукавории ИЧШС-ро кабул кард ва комплексхои агросаноати ташкил ёфтанд. Дар Точикистон чор комплекси аг- росаноатии вилояти ва 43 комплекси нохияви амал мекарданд.

bez-nazvaniya-1

Комплекси агросаноати ба афзоиши истехсоли хуроквори, мус- тахкам намудани иктисодиёти дехот мусоидат мекард. Дар чумхури ин- чунин, иттиходияхои агросаноати таъсис ёфтанд. Чунончи, дар сохаи истехсоли гушт Иттиходияи агросаноатии Ховалинг ташкил дода шуд.

Дар самарнок гардидани хочагии кишлок чумхури сахми кор- мандони илм низ сол то сол меафзуд. Хусусан, ходимони Ака- демияи кишоварзии чумхури ва олимони Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Шириншох Шохтемур дар мавзуъхои мухим тахкикоти худро ба итмом расонданд. Танхо солхои 1980-1990 кормандони Донишгохи аграри аз руйи корхои анчомдодаашон 26 тавсиянома нашр карданд, ки 11-тои онхо дар истехсолот татбик гардиданд. Чунончи, барои комёбихои калон дар ба вучуд овардани навъхои нави пахтаи махиннах академики АИ Чумхурии Точикистон Бобо Сангинов бо Мукофоти давлати сар- фароз гардонда шуд.

Пахтакорони Осиёи Миёна тавсияхои олимони лаборатори- яи биосенозаи пахтаи Институти зоология ва паразитологияи ба 48

номи Е.Н. Павловскийи АИ Чумхурии Точикистонро, ки усули такамули (интегратсия)-и муборизаро бар зидди зараррасонхои хочагии кишлок кор карда баромада буданд, бомуваффакият ис- тифода бурданд. Бо чорй кардани он ифлосшавии мухити зист як- бора кам шуда, коркарди майдонхои пахтаи чумхури ба 80 дарсад расид, ки ин ба сарфа кардани маблагхои зиёди пули имконият дод.

Олимони сохаи кишоварзии Точикистон: Б. Сангинов, Р.Г. Мустакимов, Д.Д. Косимов, А.К. Гаффоров, В.Н. Литвинов, Х.Д. Чумъакулов, А.А. Назаров, Н.К. Нурматов, С.П. Ломов ва дига- рон бо кашфиёти худ на танхо дар чумхури, балки дар кишвархои хоричи низ маълуму машхуранд. Мутаассифона, чанд тахкикоти мухими оид ба баланд гардидани самарнокии хочагии кишоварзи дар амал татбик нашуда монданд.

Дар Точикистон аз солхои 50-ум сар карда, ба таракки додани сохаи кишоварзи диккати зиёд дода мешуд, хусусан, майдонхои пахтакори ва богу токпарвари васеъ гардиданд. Агар соли 1950 Точикистон ба давлат 288 хазор тонна пахта супорида бошад, пас соли 1956 чамъоварии он ба 415,4 хазор тонна расид. Барои ин муваффакиятхо Точикистон бо ордени Ленин мукофотонида шуд.

Дар таърихи халки точик солхои 50-80-уми асри ХХ чун солхои аз худ кардани заминхои бекорхобида ба хисоб мера- ванд. Чунончи, мардуми Кухистони Мастчох дар корамсозии заминхои бекорхобидаи Дилварзин корнамоии мехнати нишон доданд. Фарзандони ин диёр Хочи Амиров, Навруз Рачабов, Са- фарбек Давлатов ва дигарон барои истехсоли пахта ба унвони “Кахрамони Мехнати Сотсиалисти” мушарраф гардиданд.

Дар ин давра дар сиёсати мухочират ба камбудихои чидди низ рох дода шуда буд. Дар вакти кучонидани ахолии Кухистони Мастчох беасос як кисми иморатхои чамъияти вайрон карда шу- данд. Ба Мирзочул кучонидани ягнобиён боиси кариб гум шудани забони ягноби, фолклор ва этнографияи яке аз авлодони кадими сугдиён гардид. Хушбахтона, ин камбудихои чидди солхои охир ислох карда шуданд.

Мехнаткашони чумхури солхои 50-ум дар сохаи чорводори, галлакори, богу токпарвари, кирмакпарвари, обчакори муваф- факиятхои назаррас ба даст оварда бошанд хам, вале дар хочагии кишлок нуксонхои чидди вучуд доштанд. Чунончи, баъзе хочагихо аз замин самарнок истифода намебурданд, ба паст на- мудани арзиши аслии махсулот ва баланд бардоштани мадани- яти мехнат диккат намедоданд. Чорводории чамъияти ва шахсй бо суръати хеле суст таракки мекард. Рохбарони баъзе нохияхо ва чумхури оид ба ичрои накшахои чамъоварии махсулоти кишоварзи хисоботи бардуруг медоданд. Чунин рафтор аз тара- фи ташкилотхои хизби, маъмури махкум карда шуд.

Пешрафти сохаи кишоварзи бо кадрхои дорои маълумоти ба- ланд алока дорад. Дар чумхури ба ин масъала низ диккати махсус дода мешуд. Танхо Донишгохи аграрии Точикистон дар солхои мавчудияти худ зиёда аз 20 хазор мутахассиси баланд-ихтисосро тайёр карда, ба нохияхои чумхури фиристодааст. Омузишгоххои миёнаи махсуси сохаи кишоварзи низ кадрхои зиёдро тайёр на- муда, ба дехот фиристодаанд.

Дар солхои 60-80-ум ба такмили ихтисоси мутахассисони хочагии кишоварзи ахамият дода, зиёда аз 8 хазор кормандии рохбарикунанда ва мутахассиси комплекси агросаноати сатхи донишхои худро баланд бардоштанд.

Базаи моддию техникии колхозу совхозхои Точикистон мун- тазам мустахкам мегардид. Соли 1985 сохаи кишоварзии чумхури дорои 36,7 хазор трактор, 16,2 хазор автомобил ва 4 хазор моши- ни пахтачини буд.

Инчунин кобед

eaaffc8c2a7601e48e87a47488e3d2c9

УСЛУБИ РУЗНОМАНИГОРИ (ПУБЛИСИСТИ)

| М а т н: Карордод миёни шаш Хизби сиёсии Точикистон дар мавриди тарзи рафтор …