Дар асоси Конуни ЧТ «Дар бораи сирри тичорати» аз 18 июни с. 2008, № 403 сирри тичорати – махфияти иттилооте, ки имконият медихад ба дорандаи он дар холати мавчуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба харочоти бехуда рох надихад, мавкеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасони нигох дорад ё худ фоидаи дигари тичорати ба даст орад.
Аз ин мафхум объекти моликияти зехни будани сирри тичорати бармеояд. Сухан дар бораи иттилооти илми-тех- ники, технологи, истехсоли, молиявию иктисоди ё худ дигар иттилооти дорои арзиши вокеи ё имконпазири тичорати ме- равад, ки бинобар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асосн конун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот ннзомн сирри тичоратиро чори кардааст. Итилооте, ки шак- ли объективии танзими граждани – хукукиро гирифтааст дар муомилоти моли, инчунин бо истифодаи дигар вижагихо, ба монанди «ноу – хау», «сирри касби», «сирри шахсии сохиб- кор» ва гайра истифода мешаванд, дар асл маънои сирри ти- чоратиро дорад. Чунин холат ба сохибкор ва дигар доран- даи он хукуки субъективи оид ба тадбирхои хукуки, таш- килй, техники ва дигар тадбирхое. ки дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати барои хифзи махфияти он меандешад. Ба сифати «дигар дорандаи он» хизматчиёни давлати, хам- корон, кормандон ва дигарон дохил мешаванд, ки ухдадор мебошанд, ки махфияти онро нигох доранд.
Агар дар рафти ичрои ухдадорихои хизмати иттилооти характери сирри тичоратидошта дастрасии конуни ва гай- риконунии шахси мансабдори давлати ва ё дигар шахс гар- дад, ин иттилооти дастрасии махдуд ба сирри хизмати ва ё сирри шахси табдил намеёбад. Чунин иттилоот хамчун до- ниш, малакаи касбии точир ва дигар фахмиши иттилоотии хунар, сирри тичорати боки мемонад. Бинобар ин, речаи умумии мукаррарнамудаи м. 153 ва 1126 КГ дар нисбати сирри тичорати ва сирри хизмати галат аст. Сирри хизмати иртибот дорад ба хукуки маъмури. Вале сирри тичорати махсули муносибатхои граждани – хукукии иттилооти ме- бошад. Дар чунин муносибатхо донише ифода меёбад, ки онро сохибкор ва ё хунарманд намехохад интишор кунад, хамчун дониши техники объекти хифзи патенти намояд. Бо ин вазъи вай мавкеи худро дар бозор, дар ичрои кор ва хунар нигох медорад[1].
Хукук ба мансуб донистани иттилоот ба иттилооти до- рои сирри тичорати ва хукуки муайян кардани номгуи ва таркиби ин гуна иттилоотро бо назардошти мукаррароти конуни мазкур дорандаи чунин иттилоот дорад. Иттилооте, ки аз он шахс мустакиман вокиф ёфтааст, катъи назар аз он, ки мазмуни ин иттилоот метавонад бо мазмуни иттилооти дорои сирри тичоратии ба шахси дигар мансуббуда мувофик бошад, иттилооти ба таври конуни аз он вокифгардида хи- соб меёбад. Иттилооти дорои сирри тичоратие, ки шахс аз дорандаи он дар асоси шартнома ва ё бо дигар асоси конуни гирифтааст, ба тарзи конуни гирифташуда хисоб мешавад. Иттилооти дорои сирри тичоратие, ки шахси дигар доран- даи он аст, дар он холат гайриконуни аз у гирифташуда хисобида мешавад, агар он бар хилофи чорахои андешидаи дорандаи он вобаста ба хифзи махфияти ин иттилоот гириф- та шуда бошад ва хамчунин агар шахсе, ки иттилооти маз- курро гирифтааст, медонист, ки ин иттилооти шахси дигар дорои сирри тичорати мебошад ва шахсе, ки дигаронро аз ин иттилоот вокиф мегардонад, барои вокифгардонии он асоси конуни надорад.
Низоми сирри тичорати наметавонад аз тарафи шахс нисбати маълумоти зерин мукаррар карда шавад: маълумоти хуччатхои шахси хукуки ва маълумоти хуччатхое, ки дар фехристи дахлдори давлати ба кайд гирифта шудани шахсо- ни хукуки ва сохибкорони инфиродиро тасдик менамоянд; маълумоти хуччатхое, ки ба шахс хукуки ба фаъолияти со- хибкори машгул шуданро медихад; маълумот дар бораи тар- киби молу мулки корхонаи давлати, муассисаи давлати, ин- чунин мавриди истифода карор додани маблаги бучетии дахлдор; маълумот дар бораи олудашавии мухити атроф, холати бехатари аз сухтор, вазъи санитарию эпидемиологи ва радиатсиони, бехатарии озукавори ва дигар омилхое, ки ба фаъолияти бехавфи объектхои истехсоли, бехатарии хар як шахрванд ва тамоми ахоли таъсири манфи мерасонанд; маълумот дар бораи хайати кормандон, низоми пардохти музди мехнат, дар бораи нишондихандахои маъюбшави дар истехсолот, касалихои касби ва дар бораи мавчудияти чой- хои холии кори; маълумот дар бораи карздории корфармоён оид ба пардохти музди мехнат ва дигар пардохтхои ичти- мои; маълумот дар бораи риоя нашудани талаботи конунгу- зории, ЧТ ва далелхо оид ба чавобгари барои содир кардани ин конуншиканихо; маълумот дар бораи шарту шароитхои озмунхо ва савдо дар музояда оид ба хусусигардонии объ- ектхои давлати, хариди давлатии мол ва кору хизматрасони; маълумот дар бораи андозаи фоида ва сохтори ташкилотхои гайритичорати, хачм ва таркиби молу мулки онхо, харочот, шумораи кормандон ва музди онхо, истифодаи мехнати беподоши шахрвандон дар фаъолияти ташкилоти гайрити- чорати; маълумот дар бораи руйхати шахсоне, ки хукук до- ранд бе ваколатнома аз номи шахси хукуки амал кунанд; маълумоте, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунхои дигари ЧТ бояд хатман ошкор шавад ё дастрасии он махдуд нагардад.
Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати бо талаби асосноки макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати иттилооти дорои сирри тичоратиро ба онхо бидуни подош медихад. Талабномаи асоснок бояд аз тарафи шахси масъули мансабдор имзо шуда, дар он максад ва асоси хукукии талаб кардани иттилооти дорои сирри ти- чорати, мухлати пешниходи ин иттилоот сабт шуда бошад, ба истиснои холатхое, ки конунгузори пешбини намудааст. Агар дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати ин иттило- отро ба макомоти хокимияти давлати додан нахохад, мако- моти мазкур хукук доранд ин иттилоотро ба тарики суди та- лаб карда гиранд. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичора- ти ва хамчунин макомоти хокимияти давлати, ки ин гуна ит- тилоотро гирифтаанд, вазифадоранд онро бо дархости суд, макомоти прокуратура, макомоти тафтишоти пешаки, мако- моти тахкик аз руи парвандахое, ки дар истехсолоташон ка- рор доранд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории ЧТ ба онхо диханд.
Хукуки дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати му- тобики м. 10 конуни дар боло кайдшуда, аз рузи ба чунин итгилоот низоми сирри тичоратиро мукаррар намудани у ба миён меояд. Дорандаи он хукук дорад: низоми сирри тичора- тиро мутобики Конуни мазкур ва шартномаи хукуки граж- дани ба тарзи хатти мукаррар намояд, тагйир дихад ва бекор кунад; иттилооти дорои сирри тичоратиро барои эхтиёчоти худ, бо тартибе, ки хилофи конунгузории ЧТ набошад, исти- фода барад; ба дастрасии иттилооти дорои сирри тичорати ичозат дихад ё онро худ манъ кунад, тартибу шартхои даст- расии онро муайян кунад, агар дар конунгузории ЧТ тарти- би дигар пешбини нашуда бошад; иттилоотеро, ки дорои сирри тичорати мебошад, дар асоси шартномахое, ки ба онхо дохил кардани шартхои хифзи махфияти чунин итги- лоот пешбини шудааст,ба муомилоти граждани барорад; аз шахсони вокеи ва хукукие, ки иттилооти дорои сирри тичо- ратиро ба даст овардаанд, аз макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, ки иттилооти дорои сирри тичорати дастраси онхо гардидааст, риояи ухдадории хифзи махфияти онро талаб намояд; аз шахсоне, ки ба итти- лооти дорои сирри тичорати Дар натичаи амалхои тасо- дуфан ё сахван содиршуда даст ёфтаанд, хифзи махфияти ин иттилоотро талаб намояд; хукуки худро бо тартиби мукар- рарнамудаи конун хангоми аз чониби шахсони сеюм фош сохтан гайриконуни дастрас ё истифода кардани иттилооти дорои сирри тичорати хифз намояд, аз чумла товони зиён- еро, ки бо сабаби риоя нашудани хукукхояш талабкунад.
Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати, ки ин итти- лоот дар доираи муносибатхои мехнати ба у дастрас шуда- аст, корфармо мебошад. Агар натича дар асари ухдадорихои мехнатии худ ва ё супориши мушаххаси корфарморо ба чо овардани корманд хосил шуда бошад, ки он хамчун ихтиро- от, модели муфид, намунаи саноати, топологияи микросхе- маи интеграли, барномаи МЭХ ё манбаи маълумот ба хи- мояи хукук ниёз пайдо кунад, муносибатхои корманд ва кор- фармо мутобики конунгузории ЧТ дар бораи моликияти зехни танзим мегарданд.
Бо карордоди давлати оид ба ичрои корхои илмию тад- кикоти, тачрибавию конструктори, технологи ё дигар кор- хои эхтиёчоти давлати бояд хачми маълумоте, ки махфи до- ниста шудааст, муайян карда шуда, хамчунин масъалахои мукаррар намудани иттилооти дастрасшуда нисбати низоми сирри тичорати танзим карда шаванд.
Чорахои хифзи махфияти иттилоот, ки дорандаи он меандешад, аз инхо иборат мебошанд: муайян намудани номгуи иттилооти дорои сирри тичорати; истифодаи сирри тичорати дар воситахои сертификатсияшудаи хифзи иттило- от; махдуд кардани дастрасии иттилооти дорои сирри тичорати бо рохи мукаррар намудани тартиби истифодаи ин иттилоот ва назорати риояи чунин тартибот; ба хисоб ги- рифтани шахсони ба иттилооти дорои сирри тичорати да- стёфта ва ё шахсоне, ки ин гуна иттилоот ба онхо расонида шудааст; ба танзим даровардани муносибатхо оид ба исти- фодаи иттилооти дорои сирри тичорати аз тарафи корман- дон дар асоси шартномахои мехнати ва аз тарафи контр- агентхо дар асоси шартномахои хукуки граждани; гузошта- ни мухри «Сирри тичорати» дар руи хомилони (хуччатхои) моддии дорои сирри тичорати ва зикри дорандаи ин иттило- от (барои шахсони хукуки номи пурра ва махалли будубош, барои шахсони вокеи – фамилия, ном ва номи надари шахрванде, ки сохибкори инфиродист ва чой истикомат).
Низоми сирри тичорати баъди тадбирхои андешидаи дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати, ки дар бандхои а) ва в) к. 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, мукарраршуда хисоб меёбад. Сохибкори иифиродие, ки дорандаи иттилоо- ти дорои сирри тичорати буда, корманде надорад, ки бо у шартномаи мехнати бандад, барои хифзи махфияти иттило- оти дар к. 1 моддаи мазкур зикршуда, ба истиснои б. а) ва в), хамчунин мукаррароти банди д) оид ба танзими муносибат- хои мехнати чора меандешад. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати дар баробари чорахое, ки дар к. 1 хамин модда зикр ёфтаанд, хукук, дорад хангоми зарурат усулу во- ситахои хифзи техникии махфияти ин иттилоот, дигар чо- рахоеро, ки ба конунгузории ЧТ мухолиф нестанд, татбик намояд.
Чорахои хифзи махфияти иттилоот хаматарафа окилона эътироф карда мешаванд, ба шарте, ки: дастрасии иттилооти дорои сирри тичорати аз чониби хар шахс бе розигии доран- даи он истисно гардида бошад; имконияти иттилооти дорои сирри тичоратиро истифода намудани кормандон ва расо- нидани он ба контрагент бидуни вайрон кардани низоми сирри тичорати таъмин гардад. Низоми сирри тичоратиро барои максадхое, ки алайхи талаботи хифзи асосхои сохти конститутсиони, ахлок, сихати, андозбанди, хукуку ман- фиатхои конунии шахсони дигар, таъмини мудофиаи ки- швар ва амнияти давлат равона гардидаанд, истифода кар- дан мумкин нест.
Бо максади хифзи махфияти иттилоот корфармо ухда- дор аст: аз корманде, ки вокифгардии у аз иттилооти дорои сирри тичорати барои ичрои ухдадорихои мехнатиаш зарур аст, забонхат гирифта, уро бо иттилооти дорои сирри тичо- рати, ки дорандаи он корфармо ва контрагентхои у мебо- шанд, шинос намояд; уро бо низоми сирри тичоратии мукар- рарнамудаи корфармо ва чорахои чавобгари барои риоя накардани ии низом шинос намояд; ба корманд барои риояи низоми сирри тичоратин мукаррарнамудаи корфармо шаро- ити зарури мухайё созад.
Корманд бо иттилооти дорои сирри тичоратие, ки ба ич- рои ухдадорихои хизматии у вобастаги надорад, танхо бо розигии корфармо шинос карда мешавад. Барои хифзи махфияти иттилоот корманд ухдадор аст: низоми сирри тичоратиро, ки корфармо мукаррар намудааст, риоя кунад; иттилооти дорои сирри тичоратиро, ки дорандаи он кор- фармо ва контрагентхои у мебошанд, фош накунад ва бе ро- зигии онхо ба максади худ истифода набарад; иттилооти до- рои сирри тичоратиро, ки дорандаи он корфармо ва контр- агентхояш мебошанд, пас аз кать гардидани шартномаи мехнати дар мухлати пешбининамудаи созишномаи байни корманд ва корфармо, ки дар давраи мухлати эътибори шартномаи мехнати баста шудааст ё худ дар тули 3 соли баъди кать гардидани шартномаи мехнати, ба шарте, ки со- зишномаи мазкур баста нашуда бошад, фош накунад; агар корманд дар фош шудани иттилооти дорои сирри тичоратие, ки ба у бинобар ичрои ухдадорихои мехнатиаш маълум гаштаасг, гунахкор бошад, ба корфармо зиёни онро чуброн намояд; дар сурати кать ё бекор шудани шартномаи мехнати хомилони моддии иборат аз иттилооти дорои сирри тичора- тиро, ки дар ихтиёри корманд буд, ба корфармо баргардо- над.
Корфармо метавонад аз шахсе, ки муносибатхои мехна- тиашро бо у катъ намудааст, товони зиёнро талаб намояд, дар холате, ки ин шахс дар фош кардани иттилооти дорои сирри тичорати, ки у бинобар ичрои ухдадорихои мехнати- аш ба он даст ёфтааст, гунахкор бошад ва ба шарте, ки ин гуна иттилоот дар давоми мухлати дар банди в)-и к. 3 хамин модда мукарраргардида фош шуда бошад. Агар иттилооти дорои сирри тичорати бар асари кувваи рафънопазир, аз руи зарурат ё худ аз чониби корфармо ичро нагардидани ухдадо- рии таъмини тартиботи сирри тичорати фош шуда бошад, товони зиён ё осеби расидаро корманд ё худ шахси муноси- батхои мехнатиро катькарда чуброн намекунад. Дар шарт- номаи мехнати бояд ухдадории рохбари ташкилот оид ба таьмини хифзи махфияти иттилооте, ки дорандаи он ташки- лот ва контрагентхояш мебошанд ва масьулияти таьмини хифзи махфияти он пешбини карда шавад. Рохбари ташки- лот зиёнеро, ки тавассути амали номатлуби у бо сабаби риоя накардаии конунгузории ЧТ дар бораи сирри тичорати ба ташкилот расидааст, чуброн мекунад. Дар ин сурат зиён бо даьвои молик мувофики конунгузории граждани муайян карда мешавад. Корманд хак дорад аз гайриконуни мукар- рар шудани низоми сирри тичорати нисбати иттилооте. ки бннобар ичрои ухдадорихои мехнати ба у дастрас гардида- аст, ба суд шикоят намояд.
Муносибати байни дорандаи иттилооти дорои сирри ти- чорати ва контрагенти оид ба хифзи махфияти иттилоот бо конун ва шартнома ба танзим дароварда мешавад. Дар шартнома бояд шартхои хифзи махфияти иттиллоот, аз чум- ла дар мавриди аз нав ташкил кардан ва бархам хурдани яке аз тарафхои шартнома тибки конунгузории граждани ва ухдадории контрагент оид ба чуброни зиён дар сурати итти- лоотро бар хилофи шартнома фош кардани у муайян карда шаванд Агар дар шартнома байни дорандаи иттилооти до- рои сирри тичорати ва контрагент шарти дигар мукаррар нашуда бошад, контрагент мутобики конунгузори тарзу усулхои хифзи иттилооти дорои сирри тичоратиро, ки тибки шартнома ба у дода шудааст, мустакилона муайян менамо- яд. Контрагент вазифадор аст фавран ба дорандаи иттилоо- ти дорои сирри тичорати оид ба фош кардани сир ё худ огох гардидани у аз фош шудани он ё тахдиди хатари фош гар- дидани иттилооти дорои сирри тичорати, аз тарафи шахсони сеюм гайриконуни дастрас ё ки гайриконуни истифода кар- дани ин иттилоот хабар дихад. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати, ки ин иттилоотро ба контрагент додааст, набояд то гузаштанн мухлати эьтибори шартнома иттилоо- ти дорои сирри тичоратиро фош кунад, инчунин хифзи махфияти онро аз чониби худ катъ; гардонад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар мукаррар нашуда бошад. Агар дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад, тара- фе, ки хифзи махфияти иттилооти мутобики шартнома раси- даро аз руи шартхои шартнома таъмин накардааст, бояд ба тарафи дигар товони зиёнро дихад.
Макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли му- тобики конуни мазкур ва дигар конунхои ЧТ ухдадоранд барои хифзи махфияти иттилооте, ки шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди барояшон расонидаанд, шароит мухайё намоянд. Шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, хизматчиёнидавлатии макомотхои мазкур хак надоранд бе розигии дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати иттилооти сирри тичоратиро, ки аз он дар натичаи ичрои ухдадорихои мансаби вокиф шудаанд, ба ис- тиснои холатхои пешбининамудаи конуни мазкур фош ку- нанд ё худ ба шахсони дигар расонанд, инчунин хукук надо- ранд. Ин иттилоотро ба максадхои гаразнок ё максадхои ди- гари худ истифода баранд.
Масъалахои объектхои гайрианъанавии моликияти зех- ни ру ба инкишоф мебошад. Ба низоми чунин объектхо холо реклама, домен, 1Р – адрес, сомона, блог ва гайра ворид шудааст, ки тахлил ва тачдиди назар мехоханд.
[1]Махмадхонов Т. Проблемы правового обеспечения коммерческой тайны в законодательстве Республики Таджикистан: дисс. на соиск. учен. степ. канд. юрид. наук. – Душанбе, 2008. С. 67. Гаюров Ш. К. Личное информа- ционное право граждан: проблемы гражданско – правового регулирова- ния в Республике Таджикистан: монография. – М.; Изд. – во «Спутник +», 2010. – С. 304-306.