Главная / Илм / СУБЪЕКТХОИ ХУКУКИ МУАЛЛИФЙ

СУБЪЕКТХОИ ХУКУКИ МУАЛЛИФЙ

Субъектхои хукуки муаллифи шахсоне мебошанд, ки ба онхо хукуки субъективии муаллифи ба асар тааллук дорад. Хукукхои субъективии муаллифи ба асар, дар мачмуъ пеш аз хама ба муаллифи асар тааллук доранд. Ба ин хотир дар к 1 м. 8-уми конуни хукуки муаллиф ба сифати субъекти хукуки муаллифи худи муаллиф пешбини шудааст. Лекин хукукхои субъективии молумулкии муаллиф ба иштирокчиёни дигари муносибатхои хукуки муаллифи низ тааллук дошта метаво- нанд. Масалан, ба меросгирон, истифодабарандагон тибки шартнома ва дигарон. Аз ин лихоз, доираи субъектхои хуку- ки муаллифи нисбатан васеъ аст.

Субъектхои хукуки муаллифиро ба се гурухи асоси чудо намудан мумкин аст: муаллиф, вориси хукук ва истифодаба- рандаи хукукхои амволии муаллиф.

Дар назарияи хукуки муаллифии шурави субъектхои муносибатхои хукуки муаллифиро ба аввалиндарача ва дуюминдарача тасниф менамуданд. Субъектхои аввалин- дарача хукукхои муаллифиро дар натичаи офаридани асар пайдо мекунанд. Вале, назари мазкур мухолифони худро низ дорад.

Муаллифи асар субъекти мухим ва фаъоли хукуки муал- лифи махсуб меёбад. Муаллиф шахси вокеие мебошад, ки асар дар натичаи мехнати эчодии у офарида шудааст. Муал- лиф будани шахси вокеи бо омили зери номи муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дастхат ё дар асли асари санъат тасдик мегардад.

Мехнати эчоди махаки асоси ва муайянкунандаи му- аллиф будани шахси вокеи мебошад. Бинобар ин, шахсоне, ки дар чараёни офаридани асар сахми молияви. ташкили, техники мегузоранд, муаллиф намебошанд. Холати хукукии муаллиф, аз лахзаи дар шакли объективи кобили дарк баён гардидани натичаи эчодии ноилшуда, ки заминаи ба вучуд омадани хукуки муаллифи мебошад, ба миён меояд.

Эчодиёт хамчун чараёни зехни аз табаъият, хатто аз си- ну сол ва холати чисмонию рухи вобаста нест. Аз ин лихоз, хамчун коидаи умуми, офаридгори асар хама гуна шахсони вокеи, новобаста аз шахрванди, синну сол, холати чисмонию рухи буда метавонанд. Коидаи мазкур тасдики худро дар м. 19-уми КГ меёбад, ки имконияти сохиби хукукхои муаллифи буданро ба мазмуни кобилияти хукукдории шахрванд воба- ста менамояд. Кобилияти хукукдории шахрванд бошад аз шахрванди, синну сол ва холати саломати вобаста намебо- шад. Сабаби чунин холати дар КГ мукарраргардида дар он аст, ки офаридани асар кирдори хукуки буда ва ахди граж- дани – хукуки намебошад. Бинобар ин, ки кирдорхои хукукиро шахсони гайри кобили амал низ содир карда мета- вонанд. Хукукхои муаллифи новобаста аз синну сол ва хола- ти кобилияти амалкуни, ба шахсони вокеи баробар тааллук доранд.

Дар фаркият аз коидахои барои сохибии хукуки муалли- фи мукарраргардида, хангоми ба амал баровардани хукук- хои мазкур, синну сол ва кобилияти амалкуни ахамият до- ранд. Хукукхои муаллифии хурдсолон ва шахрвандони гай- рикобилиамалро, аз номи онхо волидайн ва ё дигар намо- яндаи конунии онхо ба амал мебароранд (м. 29-30 КГ). Ноболигони сини аз 14 то 18 сола хукукхои муаллифии худ- ро мустакилона ба амал мебароранд (м. 27 КГ). Шахрвандо- ни кобилияти амалкуниашон махдудшуда хукукхои муалли- фии худро бо розигии парастор ба амал мебароранд (м. 31 КГ).

Аз мукаррароти конуни хукуки муаллиф бармеояд, ки шахсони хукуки, ташкилотхои оммави, бахусус давлат муал- лиф буда наметавонанд. Бояд тазаккур дод, ки чунин мавкеъ дар конунгузории шурави, алалхусус то кабули Асосхои ко- нунгузории граждании ИЧШС ва чумхурихо инкор гардида, хукуки муаллифии шахсони хукуки ба баъзе намудхои асар- хо, алалхусус, мачмуахо, кинофилмхо ва нашрияхои даври эътироф гардида буданд.

Дар конуни хукуки муаллиф, пайравии конунгузор ба назарияи чахонии хукуки муаллифи мушохида мегардад. Шахсони хукуки хукукхои муаллифии муайянро бо тартиби вориси, тибки шартнома ё конун ба даст оварда метавонанд.

Шахрвандон ва шахсони хукукии хоричи, шахсони бе- табаъият низ дар каламрави ЧТ бо риояи коидахои муайян субъекти хукуки муаллифи буда метавонанд. Дар фаркият аз асархои шахрвандони ЧТ, ки новобаста аз чои интишори асар ё мавчудияти онхо мавриди химоя карор доранд, асар- хои муаллифони хоричи ва шахсони бетабаъият бо шартхои зерин химоя мегарданд:1) асари онхо дар каламрави ЧТ ин- тишор шудааст ё дар ин ё он шакли объективи вучуд дорад;

Конуни хукуки муаллиф мураттибони асархои таркибй, тарчумонхо ва офарандагони дигар асархои махсулиро низ хамчун муаллиф эътироф менамоянд, лекин дар фаркият аз муаллифият ба асархои анъанави, муаллифияти офаранда- гони асархои таркиби ва махсули ба шарти риояи хукукхои муаллифони асархои асли вобаста аст.

Таърихи илм, адабиёт ва санъат асархоеро медонад, ки махсули мехнати эчодии якчанд муаллифон мебошанд. Чу- нин асархо речаи махсуси хаммуаллифиро ба вучуд меоранд. Хукуки муаллифи ба асаре, ки махсули эчодии ду ва ё зиёда шахсон мебошанд (хаммуаллифи), сарфи назар аз он, ки аса- ри мазкур як чузъи томи таксимнопазир аст ва ё аз кисмхои чудогонаи дорои ахамияти мустакил таркиб ёфтааст, мушт- аракан ба хамаи муаллифони он тааллук доранд.

Аз мохияти конуни хукуки муаллиф як катор шартхои бавучуд омадани хаммуаллифиро муайян намудан мумкин аст. Пеш аз хама, хаммуаллифи ба шарти дар натичаи мех- нати эчодии муштараки якчанд шахс офарида шудани асари дастачамъонаи ягона ба вучуд меояд. Асаре дастачамъонаи ягона махсуб меёбад, ки чудонашавандаи томро мемонад. Агар кисмхои асар ахамияти мустакилро доро буда, истифо- даи он новобаста аз кисмхои дигари асар имконпазир бошад, барои ба вучуд омадани хаммуаллифи ба чунин асар, алокаи шакли дохили ва мазмуни он, ки боиси аз чониби омма хамчун асари ягона кабул гардидани он мегардад, ба инобат гирифта мешавад. Яъне ихтисор намудан ё тагйир додани ин ё он кисми асари дастачамъона, бояд боиси та- гйирёбии кисмхои дигари асар ё гайриимкон гардидани ис- тифодаи асар, хамчун ягонаи том гардад. Масалан, китоби дарсии хукуки граждани, бе боби хукуки ашёи асари пурра махсуб намегардад. Аз ин лихоз, натичаи муттахиднамоии оддии механикии асархои муаллифони алохида, асари даста- чамъонаи ягонаро ба вучуд намеорад.

Шарти дигари бавучуд омадани хаммуаллифи бо мехна- ти эчодии муштараки якчанд шахс офарида шудани асар ме- бошад. Тахти хислати муштарак доштани мехнати эчоди, на чараёни муштараки мехнат, балки натичаи муштараки но- илшуда фахмида мешавад. Бинобар ин, хаммуаллифон ба- рои офаридани асар метавонанд аз аввал то охир бо рохи табодули фикру андешахо мехнат намоянд. Хар яке аз онхо метавонад, ки кисми алохидаи асарро офарад, яке метавонад натичаи мехнати дигареро коркард намояд ва гайра. Дар ка- дом шакл анчом ёфтани мехнати эчодй мухим набуда, натичаи саъйю кушишхои муштарак будани асар мухим ме- бошад.

Дигар шарти ба вучуд омадани хаммуаллифи дар он ифода меёбад, ки сахми шахсони ба хаммуаллифи шомил, бояд хислати эчоди дошта бошад. Кумаки ташкили, молияви ва техники асоси ба вучуд омадани хаммуаллифи намебо- шад, зеро онхо хусусияти мусоидаткунанда дошта ва барои эчоди асар бевосита таъсир надоранд. Хамзамон чунин ку- макхо барои ташаккулёбии мухити эчоди ва такмили зехни мухим мебошад. Муаллифони калбакиро чомеаи илми ва ё хонандагони зирак дар хол муайян мекунанд.

Хамин тавр, шарти хаммуаллифии шахсони алохида ба асар мавчудияти созиши байни онхо дар бораи ба вучуд омадани хаммуаллифи мебошад. Тахти созишномаи зикр- гардида, изхори иродаи муштараки муаллифон барои анчом додани мехнати эчодии муштарак фахмида мешавад. Чунин созишнома дар шакли дилхох ва зинахои гуногуни мехнати эчоди ба тасвиб расиданаш имконпазир аст. Мухим он аст, ки хаммуаллифии ба созишнома асосёбанда ихтиёри бошад ва хукукхои муаллифии конунии касеро вайрон накунад.

Мувофики коидаи умуми хукуки муаллифи ба асари да- стачамъонаи ягона ба хамаи хаммуаллифон, новобаста аз сатхи сахми эчодии онхо ва хусусияти асар баробар тааллук дорад. Аз ин лихоз, истифодаи чунин асархо аз чониби ха- маи хаммуаллифон дар асоси мувофикаи умуми сурат меги- рад. Дар холати гайриимкон будани мувофика, бахсро бо даъвои шахси ё шахсони манфиатдор ба баррасии суди юрисдиксияи умуми супорида метавонанд. Хаммуаллифон метавонанд, ки коидаи умумии зикргардидаро тавассути со- зишномаи байни худ тагйир дода, тартиби дигари баамал- барории хукукхои муаллифонро мукаррар намоянд. Маса- лан, тибки созишнома хаммуаллифон метавонанд, ки ба- амалбарории хукукхои муаллифиро ба яке аз муаллифон су- пориш диханд, тартиби таксими мукофоти муаллифиро му- каррар намоянд, тартиби ишораи номи муаллифонро муа- йян намоянд ва гайра.

Аз мухтавои м. 10-уми конуни хукуки муаллиф пешбини гардидани ду намуди асархои дастачамъона, яъне таксимна- шаванда ва таксимшаванда бармеояд, ки таъсири худро ба речаи хаммуаллифи мерасонад. Асари таксимнашаванда ягонаи томро монда, кисмхои он ахамияти мустакилро надоранд.

Асари таксимшаванда низ ягона мебошад, аммо он аз кисмхое иборат аст, ки ахамияти мустакилро дошта, махсули мехнати эчодии кадоме аз хаммуаллифон будани он маълум аст. Ахамияти хукуки ва амалии таснифоти мазкур дар он ифода меёбад, ки ба асари таксимшаванда хаммуаллифон ху- куки мустакилонаи ихтиёрдори намудани кисми аз чониби онхо офаридашудаи асарро нигох медоранд, агар бо созиш- номаи онхо холати дигар пешбини нашуда бошад.

Барои ба вучуд омадани хаммуаллифи ба асар, мавчуди- яти хамаи шартхои зикргардида заруранд ва чой надоштани ин ё он шарт хаммуаллифиро инкор менамояд.

Дар муносибатхои хукуки муаллифи холатхои истифо- даи муштараки асархо мушохида мегарданд, ки хаммуалли- фиро ба вучуд намеоранд. Масалан, китоби шеърхое, ки бо накшу нигорахои тасвирии рассом нашр шудааст. Дар мисо- ли овардашуда, шеърхо ва расмхо харчанд, ки алокаманд карда шудаанд, лекин хамчун асари ягона баромад намеку- нанд, зеро новобаста аз якдигар офарида шуда, мустакил мебошанд.

Хаммуаллифи, инчуннн дар натичаи пайваст намудани асархои муаллифони гуногун, ки объекти нави хукуки муал- лифиро ба миён меорад, ба вучуд намеояд. Масалан, мачал- лаи илми, мачмуаи илми хамчун натичаи фаъолияти эчоди оид ба интихоб намудан ва банизомдарории мавод, асари нав буда, лекин муаллифони маколахои илмии дар онхо во- ридгардида хаммуаллиф намебошанд, зеро мачалла ё мачмуаи илми натичаи мехнати эчодии мураттибони онхо мебошанд. Инчунин, дар доираи ичозати конуни, барои офаридани асари нав истифода намудани асари нашршудаи шахси дигар низ хаммуаллифиро ба вучуд намеорад. Маса- лан, хангоми навишатани китоби дарси ё рисолаи дипломи бо истифодаи маводи илмии гуногун.

Дар иртибот ба асархои аудиовизуали, конуни хукуки муаллиф шахсияти муаллифи онхоро махсус муайян менамо- яд, ки инхо мебошанд: режиссёри тахиягар, муаллифи сенари ва муаллифи асари мусики (м. 13 конуни зикршуда). Муал- лифони мазкур хукуки муаллифии алохидаи худро ба асар- хои офаридаашон нигох дошта, вале байни онхо хаммуал- лифи ба вучуд намеояд.

Субъектони хукуки муаллифи ворисони хукуки муал- лифи низ мебошанд. Ба ин гурухи субъектон меросгирон, шахсоне, ки дар асоси конун салохияти истифодаи хукукхои молумулкии муаллифро доранд, шомиланд. Хусусияти ба ин гурухи субъектони хос дар он ифода меёбад, ки онхо вориси хукукхои молумулкии муаллиф буда метавонанд. Зеро муво- фики мукаррароти конуни хукуки муаллиф хукукхои шахсии гайриамволии муаллиф ба муаллиф абади тааллук дорад ва бемухлат хифз мешавад.

Меросгирон хукукхои амволии муаллифро дар асоси конун ё васиятнома сохибшуда метавонанд. Дар фаркият аз хукукхои амволии худи муаллифон ба асар, ки умрбод амал менамояд. Хукукхои амволии ба меросгирон гузашта бо мухлати мукаррарнамудаи конун махдуд мебошад. Мувофи- ки коидаи умуми, мухлати баррасишаванда 50 сол пас аз марги муаллифро ташкил намуда, аз 1-уми январи соли пас аз марги муаллиф хисоб карда мешавад. Аз ин коидаи умуми истиснохои зерин мавчуданд: 1) хукуки амволии муаллифи ба асари дар хаммуаллифи офаридашуда, давоми 50 сол пас аз фавти муаллифи охирин амал мекунад; 2) хукуки амволии муаллифи ба асаре, ки бори аввал дар давоми 30 соли пас аз фавти муаллиф нашр шудааст, дар давоми 50 соли пас аз нашр амал менамояд.

Хукукхои амволии муаллиф ба меросгирон хамчун яго- наи том мегузаранд. Аз ин лихоз, баамалбарории хукукхои ба меросгузашта аз чониби меросгирон муштарак ва бо ро- зигии мутакобила сурат мегирад.

Ба доираи шахсоне, ки дар асоси конун салохияти исти- фодаи хукукхои молумулкии муаллифро доранд, корфармо- ро шомил намудан мумкин аст.

Шахсоне, ки асарро тибки шартнома бо муаллиф ё ме- росгирон истифода менамоянд, истифодабарандаи хукуки амволии муаллифи мебошанд. Ба сифати чунин шахсон нашриётхо, театрхо, киностудияхо ва дигархо баромад ме- намоянд. Шахсони зикргардида истифодаи хукукхои амво- лии муаллифиро дар асоси шартнома анчом дода, шартхо ва речаи чунин истифодабари дар шартнома муайян карда ме- шаванд. Мухлати амали шартномахое, ки истифодаи хукук- хои амволии муаллифиро таъмин менамоянд, аз мухлати амали хукукхои амволии муаллифи бештар буда наметаво- нанд. Инчунин, шахсони мазкур дар фаркият аз муаллиф ва вориси хукук, танхо хангоми тибки шартнома сохиби вако- лати тахвилдихи гардидан, истифодаи хукукхои бадастовар- даашонро ба шахсони дигар ичозат дода метавонанд.

Дар муносибатхои хукуки муаллифи, инчунин ташки- лотхое иштирок намуда метавонанд, ки бо максади идораи дастачамъии хукукхои истисноии муаллифон таъсис меё- банд. Дар муносибатхои муаллифи иштирок намудани таш- килотхои мазкур бо риояи коидахои махсус сурат мегирад. Аз ин лихоз, онхоро низ ба сифати субъекти махсуси хукуки муаллифи эътироф намудан мумкин аст. Зеро дар фаркият аз дигар субъектон, ба манфиати муаллифон, ворисони хукук ва истифодабарандагони хукук амал менамоянд.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …