Главная / Илм / Шабакахои минтакавй ва иттиходияви.

Шабакахои минтакавй ва иттиходияви.

Баъзан зарурат пеш меояд, ки корхона ва муассисахои бо хам наздик дар халли масъалахои хеш аз иттилоотп хамсоягонашон истифода баранд. Масалан, бигузор беморхона, муассисаи тичоратй, мактаб ва корхонаи дар боло овардаамон дар як хочагй ё нохия чойгир шуда бошанд. Дар ин маврид, онхо метавонанд тавассути пайвастани шабакахои компютерии махаллии худ, як шабакаи компютерии бузургтарро созмон диханд ва бо ёрии он иттилооти зарурии хешро аз шабакахои компютерии хамсоягонашон дастрас намоянд. Дар ин холат, натанхо корхонаву муассисахо, балки кормандони онхо низ метавонанд аз захирахои                                                   хамсояи худ бархурдор бошанд.

Мисоли дигарро ба низоми                                                     иттилоот дар компютери китобхона мебахшем. Дар ин маврид, маълумотхои гуногунро оид ба хар як китоби дар кптобхонап мазкур махфузбуда, ба компютер ворид намудан лозим аст: номи китоб, муаллиф ё муаллифони он, нашриёт, теъдоди нашр, шархи китоб, мундаричаи он ва гайра. Агар чунин иттилооти
ин китобхона бо ягон усуле, масалан, бо усули пайвастани компютерхо, барои китобхонахои дигар дастрас бошад, он гох дустдорони китоб адабиёти зарурии хешро фавран дарёфт менамоянд ва дастрасй ба захирахои иттилоотии китобхонаи мазкурро дошта метавонанд. Муттахидсозии компютерхои китобхонахои. бо хам наздик, тавассути компютерй марказии шабака, имконияти таъмин намудани хонандагони ин китобхонахоро бо иттилоот оид ба адабиётхои мавчуда фарохам оварда метавонад.

Бо компютерй китобхонаи марказй компютерхои китобхонахое метавонанд пайваст гарданд, ки онхо акаллан яктогй компютерй ба шабакаи махаллиашон пайвастро дошта бошанд. Барои робитаи чунин компютерхоро баркарор кардан, аз хати телефони мукаррарй истифода бурдан мумкин аст. Шабакахои зайл ахамияти минтакавй пайдо мекунанд ва онхоро мувофикан шабакахои минтакавй мегуянд.

Барои халли масьалщои муиапарак дар як шабака паивастани шабакахои ммалли ва компютерхои алохидаро шабакаи минпкщави меноманд мисоли фармойиш додани чиптахои хавопайморо дида мебароем. Аз руйи дархости хазиначй-оператор ба экрани компютер иттилоот оид ба хатсайрхо, чойхои холй, арзиши чиптахо ва гайра бароварда мешавад. Мувофики талаботи мусофир хазиначй бо истифодаи шабака ба компютери марказй оид ба харидории чипта дархост дода, фуруши онро ба расмият медарорад. Раками чойи фурухташуда дархол аз фуруш бардошта мешавад ва онро аз дигар хазина низ дастрас намудан гайриимкон мегардад.

Акнун як лахза тасаввур кунед, ки компютерхои ширкати хавопаймой бо шабака пайваст нестанд. Чй ходиса руй медихад? Дар ин маврид, лозим меояд, ки пас аз хар рузи корй хазиначй- операторон чадвал тартиб диханд ва аз компютерхои кории худ барои хар як хатсайр микдори чиптахои фурухташуда, чойхои холимонда ва дигар иттилоотро чамъ оваранд ва бо хамкасбони худ онхоро мукоиса кунанд. Барои дар рузи дигар тарзи фуруши чиптахоро бехтар ба рох мондан, накшасозй кунанд ва дигар масъалахои ташкилиро пешакй хал намоянд, ки ичрои онхо, албатта, вакти муайянро мегирад. Ин гуна масъалахо хангоми истифодаи шабакаи муттамарказ халли худро ба таври худкор меёбанд. Имкониятхои шабака шароит фарохам меоранд, ки мусофирон чиптахоро пешакй ва хатто аз дигар шахрхо дастрас намоянд.Азбаски ин намуди шабакахо эхтиёчоти иттилоотии ягон ширкат, ташкилот, корхона, гурухи корхонахои бо хам наздик ё иттиходияро натанхо дар як махал, шахр ё давлат, балки’шахрхо, минтакахо ва ё хатто давлатхои дигар конеъ мегардонанд, бинобар он ин навъ шабакахоро шабакахои иттиходиявй мегуянд.

Аслан шабакахои иттиходиявй барои хизматрасонии мизочон дар нуктахои аз хамдигар дар масофаи дур вокеъбудаи ягон коргох, масалан, шабакаи мехмонхонахо, корбаст шудаанд. Онхо метавонанд шабакахои компютерии филиалхои (шуъбахои) коргохро дар шахрхо ва мамлакатхои гуногун ба хамдигар пайваст намоянд.

Шабакаи комтотерие, ки шабакахои мауаллш як коргощи бузургро байни щмДигар паиваот менамояд, шабакаи иттщодияви меноманд.

Инчунин кобед

565

Назарияи харочот: тахкик ва тавсифи он аз нигохи мактабхои мухталифи иктисоди

Захирахо (омилхо)-и иктисоди ба сифати унсури асосии харочоти истехсоли сурат гирифта, вобаста ба сатх ва …