Главная / Илм / Санчиши ариза

Санчиши ариза

Дар мисоли ихтироъ, конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ» зинахои зерини санчишн аризахоро пешбини менамояд: санчиши расмии ариза, санчиши мохия- тии ариза, санчиши пешакии ариза барои додани нахустпа- тент.

Пас аз гузаштани 3 мох аз санаи пешниходи ариза, Идо- раи патентии ЧТ аз руи он санчиши расми (пешаки низ ме- номанд) мегузаронад. Мувофики дархости хаттии аризади- ханда санчиши расми то гузаштани мухлати зикршуда огоз шуда метавонад. Дар чунин холат аризадиханда аз хукуки бе пардохти боч, бо ташаббуси худ ислох ва сахех кардани хуч- чатхо махрум мегардад.

Дар рафти гузаронидани санчиши расмии ариза, мавчуд будани хуччатхои зарури, дурустии тахия шудани онхо, риояи талаботи нисбати онхо мукарраршуда, масъала дар бораи он, ки пешниходи арзшуда ба объектхои ихтироот дахл дорад ё не, санчида мешаванд. Инчунин риояи як катор талаботхои дигар, ба монанди ягонагии ихтироот, мохияти маводхои иловаги, дурустии таснифоти ихтироот ва гайра санчида мешаванд.

Аз руи аризае, ки бо вайрон кардани талабот ба хуччат- хои он пешниход шудааст, ба аризадиханда дархост фирис- тода мешавад, ки дар давоми 2 мохи аз рузи гирифтани он хуччатхои ислохшуда ва ё намерасидаро пешниход намояд. Агар аризадиханда маводхои дархостшуда ва ё илтимосно- маро дар бораи дароз кардани мухлати мукарраршуда дар мухлати зикргардида пешниход накунад, ариза бозхонда- шуда хисоб карда мешавад.

Аз руи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии ихтироъ псшниходшуда, ба аризадиханда пешниход карда мешавад, ки дар давоми 2 мохи баъди санаи гирифтани ого- хиномаи дахлдор Идораи патентиро дар бораи он, ки кадоме аз пешниходхои аризадиханда бояд барраси шаванд, хабар- дор кунад ва дар холати зарурй ба хуччатхои ариза тасхех дарорад. Барои пешниходоти дигари ба маводхои аризаи нахустин дохилшуда, аризадиханда хукуки ба расмият даро- вардан ва пешниход кардани аризахои чудокардашударо дорад. Агар аризадиханда дар давоми 2 мохи баъди фири- стодани огохинома дар бораи вайрон шудани талаботи яго- нагии ихтироъ ба Идораи патентии ЧТ дар бораи он, ки ка- доме аз пешниходхояш бояд баррасй шаванд, хабар надихад ва хуччатхои тасхехшударо пешкаш накунад, пешниходи ав- валини дар формула нишондодашуда, хамчунин пешниход- хои дигаре, ки бо он гояи ягонаи ихтироъкориро ташкил ме- кунанд, агар чунин пешниходхо мавчуд бошанд, баррасй мешаванд.

Аризадихандаи бо карори натичахои санчиш норозй хукук дорад, ки дар муддати 3 мохи баъди санаи бароварда- ни карор ба Шурои шикоятии Идораи патентии ЧТ аризаи эътирозй пешниход намояд. Чунин ариза дар давоми 2 мох баррасй мешавад. Агар ариза бо риояи хамаи талаботи мукарраршуда пешниход шуда бошад, аризадиханда дар бо- раи натичаи мусбии санчиш расми хабардор карда мешавад. Карори мусбии санчиши расми барои объектхои алохидаи моликияти саноати ахамияти гуногун дошта метавонад. Марбут ба ихтироъ ва намунаи саноати он асоси баррасии минбаъда гардида, дар робита ба модели муфид, тибки конунгузории кишвархои алохида асоси конеъ намудани ариза ва пешниходи хуччати мухофизати мегардад.

Аризахо барои гирифтани патент ба ихтироъ ва на- мунаи саноати, ки санчиши расмиро бомуваффакият гуза- штаанд, мавриди санчиши мохияти карор мегиранд. Дар фаркият аз санчиши мохиятии ихтироъ, санчиши мохиятии намунахои саноати зудтар шуруъ мешаванд. Дар рафти сан- чиши мохиятии ариза, ки хангоми гузаронидани он бо мак- сади муайян намудани сатхи техника чустучуи иттилооти ан- чом дода мешавад. Аввалияти ихтироъ мукаррар карда шуда, шартхои патентпазирии ихтироъ санчида мешаванд. Идораи патентии ЧТ мувофики дархости аризадиханда ва ё шахсони сеюм, ки метавонад хар вакт дар давоми 3 соли баъд аз санаи пешниходи ариза барои гирифтани патент ба- рои ихтироъ пешниход гардад. Хамчунин бо дархости до- рандаи нахустпатент, ки дар давоми мухлати амали он дода шуданаш мумкин аст, санчиши мохиятии аризаро мегузаро- над. Чунин намуди санчиш батаъхирмондашуда ном дорад ва гояи он таъмини баррасии танхо аризахои кимати вокеи дошта ва боэътимод мебошад.

Агар дархост дар бораи гузаронидани санчиши мохияти дар муддати 3 сол пешниход карда нашавад, ариза барои ихтироъ, ки аз руи он нахустпатент дархост нашудааст, боз- хондшуда хисоб карда мешавад. Сабаби пешниход нагар- дидани дархости гузаронидани санчиши мохияти гуногун буда, метавонад, алалхусус, кухна шудани ариза, ошкор гар- дидани набудани ояндаи татбики тичоратии он, ё ин ки ки- фоя будани мухлати 3 солаи хифзи хукукии таъминбуда бошад. Натичаи санчиши мохиятии дархостшуда, карори рад намудани додани патент ё карори додани патент буда метавонад. Агар мукаррар карда шавад, ки ихтирои пеш- ниходшуда дар хачми хифзи хукукии дархостшуда ба шартхои патентпазири мувофикат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент карор бароварда мешавад.

Аризадиханда хукук дорад бо маводхои дар дархости санчиш, дар карори санчиш ва ё хисоботи чустучу нишондо- дашуда шинос гардад. Нусхахои маводхои патентии дар- хостшударо Идораи патентии ЧТ дар давоми 2 мохи баъди санаи гирифтани дархост ба аризадиханда мефиристад. Ари- задиханда дар сурати норози будан бо карор дар бораи рад- ди додани патент хукук дорад, ки дар давоми 3 мохи баъди санаи гирифтани карор ба Шурои шикоятии Идораи патен- тии ЧТ эътирози дахлдорро пешниход намояд. Шурои шикояти эътирозро дар муддати 6 мохи баъди санаи ворид шудани он барраси менамояд. Агар аризадиханда бо карори Шурои шикояти рози набошад, метавонад дар муддати 6 мохи баъди санаи гирифтани карори он ба суд мурочиат намояд. Агар Идораи патентии ЧТ дар натичаи гузарони- данн санчиши мохиятии ариза мукаррар намояд, ки пеш- ниходи арзшуда дар хачми хифзи хукукии дархостнамудаи аризадиханда ба шартхои патентпазирии ихтироъ муво- фикат мекунад, дар бораи додани патент карор бароварда мешавад.

Санчиши пешакии ариза барои додани нахустпатент баъди бо натичаи мусбат ба анчом расидани санчиши расми гузаронида мешавад.

Дар рафти гузарониданн санчиши пешаки аввалияти ихтироъ мукаррар карда шуда, мувофик будани он ба шартхои нави ва кобили татбик будан санчида мешавад. Хангоми санчидани ба талаботи нави мувофикат намудани дастоварди техникии пешииходшуда, сатхи техника танхо инхоро дар бар мегирад: хаммонандихо ва пешнамунахои ихтироъ, ки аризадиханда дар маводхои ариза овардааст; аризахои бозхонднашуда барои ихтироот ва моделхои муфиди аз тарафи шахсони дигар пештар дар ЧТ пешниходшуда; ихтирооти дар ЧТ патентдоршуда ва моделхои муфиди бакайдгирифташуда.

Агар дар натичаи гузаронидани санчиши пешаки мукар- рар карда шавад, ки пешниходи арзшуда дар хачми хифзи хукукии дархосткардашуда ба шарти навгонии ихтироъ ва шарти кобили татбик будан мувофикат мекунад, дар бораи додани нахустпатент карор бароварда мешавад. Нахустпа- тент тахти масъулияти шахсии аризадиханда дода мешавад. Дар холати ба шартхои патентпазири номувофик будани ихтирои пешниходшуда, карор дар бораи рад шудани дода- ни нахустпатент бароварда мешавад.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …