Академик Бобочон Гафуров дар бораи ахволи оммаи халк дар Бухорои Шарки навиштааст: «Хусусан, ахволи оммаи васеи мар- думи Бухорои Шарки багоят вазнин буд. Кариб тамоми ахолии ин махалхоро точикон ташкил медоданд, Хукумати амири ас- лан Бухорои Шаркиро мустамликаи худ карор дода, дар ин чо назар ба кисми гарбии аморат тартиботи сахттаре чори намуд. Табакахои ашрофи кадимаи он чо, сипох ва навкархо, рухониён, заминдорони калон ва бойхо ба такягохи аморат табдил ёфтанд. Ба ин гуруххои болонишини истисморкунанда аз баходур (дар бе- кии Гарм – аламон) то додхох – хар гуна рутба ва мансабхо дода мешуд. Мансабхои олитар факат ба сипохиёни дарбори амир бах- шиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипохиён андози та- моми як дехаро мебахшид. Дехконони ин деха амалан дар холати крепостнойи буданд.
Ин дехконон комилан дар ихтиёри танхоххур буданд. Сохиби танхох бо майли худ духтархоро мебурд. Хавлихои дехкононро кашида мегирифт ва боз хар чи, ки хохад, мекард». (Ниг.:Гафуров Б. Точикон. Китоби 2. – С.201-202).
Санахои мухим:
- солхои 70 – 80-уми асри XIX – чунбишхои мардуми дар махалхои гуногуни кишвари Туркистон ва аморати Бухоро.
- 1885 – хуручи коргарони кони ангишти Заврон-Киштути волости Панчакент, ки аввалин харакати коргари дар каламрави Осиёи Маркази мебошад.
- 1888 – шуриши Восеъ.
Савол ва супоришхо:
1) Сабабхои солхои 70-80-уми асри XIX дар кишвари Туркистон ва аморати Бухоро ба вучуд омадани чунбишхои мардуми кадомхоянд? 2) Аввалин хуруч – эътирози коргари дар каламрави Осиёи Марказй кай ва дар кучо ба амал омада- аст? 3) Шуриши Восеъ кай ва дар кучо сар шуда, кадом махал ва нохияхоро фаро гирифтааст? 4) Дар бораи сабаб ва бахонаи шуриши Восеъ чи медонед? 5) Хамсафони Восеъ кихо буданд?
- Дар бораи шахсияти Восеъ ва рафти шуриши у накл кунед.
- Дар бораи сабабхои шикаст ва ахамияти шуриши Восеъ чи медонед? 8) Дар бораи шуриши Восеъ кадом нависандаи точик романи таърихи навиштааст ва он чи ном дорад? 9) §§ 9, 10, 16, 17 ва 23-ро такрор кунед.