Куба табиати бою рангин дорад. Христофор Колумб баъди кашфи Куба онро зеботарин чазираи укёнус номид. Худуди Кубаро аслан хамвори ишгол карда, баланди ва куххо масохати камро дар бар мегиранд. Аз сарватхои табии дар ин чо бештар никел, кобалт, мис, марганетс, хром вомехурад.
Куба иклими гарм дошта, харорати солона ба 25 дарача, микдори боришоти солона бошад, ба 1380 мм мерасад. Дар нохияхои кухсор харорат нисбатан салкин аст.