Главная / Илм / Сарватхои табии ва истифодаи онхо

Сарватхои табии ва истифодаи онхо

Сарватхои биологи, аз чумла гизо, имконияти мавчудияти инсонро дар табиат таъмин мекунанд. Сарватхои маъдани ва энергетики асоси моддии истехсолоти чамъияти инсониро ташкил медиханд.

Сарватхои табии ду навъ – тамомшаванДа ва беохир мешаванд.

Сарватхои беохир

Сарватхои табиии беохир зиёд нестанд. Онхо ба сарватхои коиноти, иклими ва оби чудо мешаванд. Масалан, радиатсияи неруи Офтоб, мавчи бахрхо ва бод мебошанд. Бо назардошти массаи бузурги хаво ва мухити обии сайёра хавои атмосфера ва обро сарвати беохир мехисобанд. Ин таксимот нисби аст. Мисол, оби тозаро холо метавон сарвати тамомшаванда хисоб кард, чунки дар бисёр нохияхои кураи Замин норасоии об хис карда мешавад. Хамчунин, метавон дар бораи нобаробар пахн шудану ифлос гаштани он сухан ронд. Оксигени атмосфераро низ шартан сарва- ти беохир шуморидан мумкин аст.

bez-nazvaniya-36

Экологхо дарачаи баланди инкишофи технологии имрузаро ба инобат гирифта, хавои атмосфера ва обро чун сарват хамон вакт беохир мехисобанд, ки агар барномаи калонхачми тартибдодаи ба баркарорсозии сифати онхо равонашуда амали гардад.

Сарватхои тамомшаванда

Онхо ба ду навъ – баркарорнашаванДа ва баркароршаванДа таксим мешаванд. Ба баркароршавандахо олами наботот, хайвонот ва хосилхезии хок дохил мешаванд.

Ба сарватхои баркарорнашаванда сарватхои зеризамини дохиланд. Истифодаи онхо аз тарафи инсоният дар давраи Неолит арзи вучуд кардааст. Аввалин металлхое, ки истифода мешуданд, тилло ва мис будаанд. Истехсоли маъданхои мис, калъаги, нукра, сурбро 4000 сол пеш аз мелод сар карда буданд.

Дар замони хозира пешрафти илмию техники сохахои нави истифодаи металлхои ранга ва сиёх, ашёи гуногуни гайриметаллиро кашф намуд. Тадричан коркарди маъданхои нодир ва истехсоли нафт аз зери бахр афзоиш меёбад. Дар хочагихо истифодаи чуб ва хайвоноти шикорй меафзояд. Коркарди майдонхои калони хушки ба максади парвариши рустанихои истеъмоли ва ба вучуд овардани базаи хуроки чорво амали мегардад.

Дар шароити хозира кисми зиёди сатхи Замин шудгор ё кисман барои парвариши чорвои хонаги мувофик карда шудааст. Инкишофи саноат ва кишоварзи майдони зиёд барои бунёди шахрхои нав, корхонахои саноати, коркарди сарватхои зеризамини, бунёди коммуникатсияхо ва г.-ро талаб мекунад. Хамин тавр, дар айни замон инсон кариб 20%-и хушкиро аз нав тагйир додааст.

Майдонхои зиёд бар асари фаъолияти хочагии инсон зери партовхои саноати мондаанд. Нохияхое, ки дар онхо коркард ва истихрочи канданихои фоиданок ба рох монда шудааст, пурра аз истифода баромадаанд. Дар мавзеъхои хамшафат чукурию фурурафтагихо, холиги ва теппахои нолозим ба вучуд меоянд.

Дар катори дигар сарватхои табии дар хаёти инсон чангал ахамияти калон дорад. Вай хокро аз шусташави нигох дошта, суръати чоришавии обро суст мекунад, намнокии хокро нигох медорад. Дар чангал хайвоноти сумдор, муинадор ва г. зиндаги мекунанд, ки барои инсон ахамияти калони иктисоди ва эстетики доранд. Дар чумхурии мо чангалхо 2,9%-и кишварро ташкил медиханд. Дар мамлакатхои чахон аз 17 то 83%-и вохиди сафедагии гизои инсонро мохи ташкил мекунад. Кисми асосии захираи мохи дар бахрхо аст. Сайди мохи то чукурихои 200 м ба рох монда шудааст. Объекти мухимми шикор дар бахр ширхурхои оби мебошанд. Дар як сол то даххо хазор киту наханг сайд карда мешаванд. Китхо ва белпойхо манбаи гушт мебошанд. Баъзеи онхоро барои пусти хушсифат ва муинаи зебо шикор мекунанд.

Ахамияти гизоии рустанихои худруй ва хайвоноти ёбои барои инсон бехудуд аст. Микдори зиёди онхо кисми асосии биосенозхо мебошанд ва бе онхо табиат ахамияти худро гум мекунад. Рустанихои доруи ба инсон манфиати зиёд меоранд. Навъхои худруй то хол маводди асоси барои селексия мебошанд. Дар байни хайвоноти ёбои намудхое вомехуранд, ки имконияти хонаги кардани онхо вучуд дорад.

Хамин тавр, инсоният сарватхои табииро мунтазам истифода мекунад. Вале чунин истифода окибатхои манфи низ дорад.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …