Сермаънои

! Калимахо якмаъно ва сермаъно мешаванд. Забон ба хар ду хам эхтиёч дорад. Калимахои якмаъно кобилияти дакик ифода кардани мафхум доранд. Онхо дар тадкики масъалахои нозуки илми ба кор меоянд.

Дар чумлаи аввали матни фасли калимахои касали, дил, табиб ва иборахои рагхои хунгузар ва касалихои ишеми ба як маънои истилохи далолат мекунанд.

8037

Истилох (термин) хамин гуна унсури лугавии забон аст. Калимахои решагии серистеъмоли забон ба сермаънои майл доранд. Сар, даст, дил, чон, дидан, паст, баланд, гирифтан, хондан, задан барин вожахои забони точики аз хамин кабил вохидхои лугавианд:

Сари савдои ту андар сари мо мегардад,

Бин, ки андар сари шурида чихо мегардад (Хофиз).

Дилаш тангу дахан тангу миён танг,
Зи дилтанги шуда бар вай чахон танг

(Фахриддини Гургони).

Раёсат ба дасти касоне хатост,

Ки аз дасташон дастхо бар Худост (Саъди).

Калимахои сар, танг ва хондан дар фарханг ба чандин маъно тафсир шудаанд. Дар байти аввал «Сари савдои ту ан- дар сари мо мегардад» ба маънои «фикру хаёли мо хамеша по- банди мочарои ишки туст» ва «сари шурида» ба маънои «сари аз дарди ишк ба шур омада», дар байти дуюм Дахони танг – дахони хурд, Дили танг, Дилтанги – ошуфтаги, миёни танг – миёни борик, ба касе танги кардани чахон ба маънои ба азоби рухи гирифтор шудан омадааст. Сифати танг дар дахони танг ба маънои асли, дар дили танг ба маънои мачози омадааст. Дар матни охирин калимаи даст дар мисраи аввал ба маънои инон, ихтиёр, тасарруф, дар мисраи дуюм ба маънохои тарики хукмрони, чабру зулм ва ба дод омадани мардуми чабрдида далолат мекунад.

Сермаъноии вожахо як навъи санъати маънави – тачнис буда, тасвир ва баёни фикрро дар асари бадеи, бахусус дар назм, хушобуранг ва чозибанок мегардонад.

  1. Аз фархангхо истифода бурда хатти шарх дихед, ки калимаи сар дар иборахои зерин ба кадом маъно омадааст?

Сари кух, сари рох, сари замин, сари чуй, сари шамшер, сари сузан, сари хок, сари хирман, сари му, сари хум, сар за- дан, сар хам кардан (накардан), сар тофтан, сар фуруд овардан, сари ёри доштан (надоштан) бо касе, сар хурдан, сар бар ос- мон судан, ба сар давидан.

  1. Феълхо калимахои асили кадима ва сермаънои форси-точики- анд? Шумо чанд маънои феъли «хондан»-ро медонед? Ин вожа дар матнхои зерин ба кадом маънохо омадааст?

Ошикон дарди туро давлати афзун хонанд, Мехнати ишки туро бахти хумоюн хонанд(4).

Халк хонанд мах аз содаги(6) ин руй ачаб, Варакеро, ки бар у хат набувад, чун хонанд? (Камол).

Нависандаи(3) номаро пеш хонд,

Бифармуд, то нома бар вай бихонд(4) (Фирдавси).

? 1) Калимахои варак, хат, нома ва нависанда бо кадом маънои феъли хондан алокаи наздики маънои доранд?

2) Калимаи мехнат ба кадом маъно омадааст?

3) Бахти хумоюн чи гуна бахт аст?

  1. Феъли ёзидан дар матни зерин бо кадом маъно омадааст ва му- аллиф онро бо чи максад кор фармудааст?

Харчанд зани калон ин нигохи палончи худро ва маънии онро фахмида бошад хам, худро ба нодони зада, наботчой- ро(2) гардон-гардон карда, дар ду пиёла кашид, яке аз он пи- ёлахоро ба пеши Соро ва дигарашро ба пеши палончаш гу- зошт(4).

  • Ман наботчой намехурам, – гуфт зани хурди оташино- на(2). – Ба келин додан гиред(4)! Наботро амакашон барои он кас фиристодаанд(4)!
  • Хуб, шумо намехурда бошед, ман мехурам… Амакаш аз барои келин фиристода бошанд хам, «аз давлати шоли курмак об мехурад» гуфтаги гапхо хаст(4).
  • Лекин ман шумо барин курмак нестам, ман биринчу(1) биринчи миёнколи барин ёзида рафта истодаам(3), – гуфт зани хурди.
  • Бохабар бошед, ки ёзида-ёзида ланч шуда наравед, – гуфт зани калон бо оханге, ки гуё аз оташинии(2) палончаш завк мегирифта бошад (С.А.).

г?! 1) Дар чумлаи «Наботро амакашон барои он кас фиристодаанд!» фикр бо кадом тобиши маъни ифода ёфтааст?

  • Феъли «ланч шудан» чи маъно дорад ва он таркиб хоси забо- ни гуфтугу аст ё забони адабии китоби?
  • Чаро дар чумлахои боло чонишинхои шахсии ман ва шуморо ихтисор кардан мумкин нест?
  1. Матнхои зеринро ба дафтар навишта, мулохиза кунед, ки кали- махои сар, хамсар, хамсари ба кадом маъно омадаанд? Мазму- ни байтхоро гуед.
  2. Сар ба болинам(3) зи дарди хачр наздик омадаст(1), К-аз сари болини ман шарманда бархезад табиб

(Хилоли).

  1. Дорам он сар, ки сар андар сари кори ту кунам, Бо мани дилшуда харчанд саре нест туро(4).
  2. Ба сари зулфи дарозаш на дили шайдо рафт,

Чону сар низ хама дар сари ин савдо рафт(4) (Камол).

  1. Домони ту, эй бути ситамгар(2,7), Сар медихаму намедихам сар.
  2. Хамсаре(2) ёфтам, ки хамсари у

Нест кас дар диёру кишвари у(4) (Низоми).

Аммо Хамрохгавбоз(2) хануз хам намечунбид ва сари хамшудаашро(3) аз сари синааш намебардошт(4); Чорсад нафар… ба дасти гумоштагони Рахимхон афтода, кушта шу- данд ва сарони онхо хам ба сари калламанора баромад(4); …бо Арбобкамол(6) дар давлат, сарват ва эътибор хамсари(2) дошт (С.А.).

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-1-4

СИЁСАТИ АГРАРИ ДАР ЧУМХУРИ

Дехконони чумхури ба кашфиёти илми, техника ва техноло- гияи пешкадам такя намуда, дар сохаи интенсивонии …