Главная / Илм / Серверхои парвандай

Серверхои парвандай

Аксар вакт    масъалахои халталаб манбаъхои гуногуни иттилоотй шуда метавонанд. Албатта, чунин манбаъхо хеле зиёданд, лекин онхо метавонанд дар масофахои тамоман гуногун (дур ё наздик) чойгир шуда бошанд. Масалан, барои дарёфти адабиёти зарурй, мо метавонем ба китобхона, магозаи китобфурушй, устод, рафик ё дигар манбаъхои имконпазир мурочиат намуда, эхтиёчоти маънавии худро конеъ гардонем. Ё, масалан, бигузор иттилооти ба Мо зарурй, на дар манбаъхои номбаршуда, балки дар хотираи компютерй фардии хамсабакамон махфуз бошад. Бо рохи пурсиш мо аз у он иттилоотро дастрас мекунем ва дар айни хол вокиф мегардем, ки дар компютери вай як микдор санадхо, парвандахо, тасвирхо ва иттилооти дигар низ махфуз аст, ки баъзеи онхоро мо дер боз чустучу доштем.

Айнан хамин хел, гуфтан мумкин аст, ки дар компютери фардии хар як нафар як микдор захирахои иттилоотй махфуз аст. Пас хар кадоми онхо ба таври худ махзани иттилоотй ё манбаъи муайяни иттилоот шуда метавонад. Аз ин ру, саволе ба миён меояд, ки оё ин махзанхои иттилоотиро дастраси дигарон гардонидан мумкин аст ё на? Агар мумкин бошад, пас чй тавр? Албатта, чавоби ин саволи одй хеле осон аст. Ин компютерхоро ба шабака бояд пайваст намуд ва аз хизматрасонихои шабакавй истифода бояд бурд.

Дар вокеъ, дар шабакахои компютерй баъзе компютерхо вазифаи махзани (китобхонаи) парвандахои иттилотиро ичро мекунанд ва дар шакли ройгон ё кисман ройгон хизматрасонй менамоянд. Ин гуна компютерхоро серверхои парвандайй (файлй) мегуянд. Истифодаи сервери парвандайй яке аз шаклхои хизматрасонй дар шабака ба хисоб рафта, дар мубодилаи парвандахо он протоколи ГТР (Г11е ТгапзГег Рго!осо1 – протоколи интиколи парвандахо)-ро амалй мегардонад.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …