Главная / Илм / Сиёсати хоричии ИЧШС дар солхои 20-ум

Сиёсати хоричии ИЧШС дар солхои 20-ум

Аз рузи ташкилёбии худ Русияи Шурави сиёсати сулхчуёнаро пеш гирифта бошад хам, ухдадорихои байналмилалии Русияи пешазинкилобиро ба зимма наги- рифт. Аз хамин сабаб давлатхои ба Русия карздода ба ташвиш афтода, карор доданд, ки конференсияи байналмилали созмон дода, Русияро ба он даъват намоянд.

7 январи соли 1922 хукумати ЧШСФР аз Шурои олии Антанта ба- рои иштирок дар Конференсияи байналмилалии иктисодии Генуя даъ- ватнома гирифт. Хайати вакилони ЧШСФР бо рохбарии Г. В. Чичерин ба Конференсияи байналмилалии Генуя хозир шуд.

Конференсияи Генуя 10 апрели соли 1922 кушода шуд. Хайати ва- килони ЧШСФР даъвохои намояндагони давлатхои Антантаро дар бо- раи пардохти карзхои хукумати подшохи ва хукумати муваккати, ин- чунин баргардонда шудани моликияти давлатхо ва шахрвандони хоричиро катъан рад карда, иброз дошт, ки ЧШСФР давлати нав аст ва аз давлатхои хоричи хеч карз нагирифтааст. Дар баробари ин, вакилони Русияи Шурави иброз доштанд, ки Русияи Шурави тайёр аст корхонахои аз тарафи Хокимияти Шуравй мусодирашударо ба сохибонашон ичора бидихад. Ин пешниход кабул нашуд. Дар баробари талабхои намо- яндагони давлатхои Антанта Г. В. Чичерин чунин шартхое пешниход мекард, ки кабулнашаванда буданд. Яке аз пешниходоти комиссари корхои хоричии Русияи Шурави он буд, ки Антанта бояд зарари дар натичаи тачовузи харбии зидди Русияи Шурави расондаашро чуброн кунад. Баъди ин мо розй хастем, ки карзхои Русияро пардозем.

Хамин тавр, Конференсияи байналмилалии Генуя бенатича ба итмом расид. Конференсияи байналмилалии Гаага низ, ки масъалаи чуброни карзхои Русияро баррасй кард, ба созмондихандагонаш нафъ набахшид.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …