Главная / Илм / Сифоти Аллох

Сифоти Аллох

Мавзуи шинохти сифоти Худованд яке аз мавзуоти пурбахси калому илохиёти исломи аст. Ин мавзу ба масъалаи шинохти Парвардигор марбут аст. Аслан шинохти зоти илохи барои башар гайри имкон аст. Далоили мутакаллимон дар исботи ин масъала он аст, ки зоти Худованд номахдуд ва мутлак аст, дар сурате, ки акли башар махдуд ва олуда ба хавасхо ва шахватхо аст ва аз ин ру махдуд ва очиз аз шинохти зоти номахдуд аст ва ин ачзу нотавони ба хотири ин аст, ки махдуд наметавонад номахдудро фаро гирад. Дар ин маврид оёти куръони низ далолат доранд:

Аммо шинохти сифатхои Худованд бо таваччух ба шароит ва холате барои башар имкон дорад. Чунон, ки Абдуррахмон Абдулхолик кайд карда,фиркахои исломи дар заминаи шинохти авсофи Худованд ба се гурух таксим шудаанд: гурухи аввал муъатала аст; инхо мудаъи шудаанд, ки акли одами рохе ба шинохти авсофи илохи надорад. Ба назари инхо танхо коре мумкин аст, ки ичмолан ба субути сифоти мазкур дар Куръон ва ахбор барои Худованд эътироф кунан ва ба он имон биоваранд.»

Сифоти худоро ба ду навъ таксим кардаанд. Агар Ал-фикхи акбар»-ро аввалин асари каломии ислом номем дар он билофосила баъд аз баёни асли тавхид баёни сифоти Аллох омада аст ва Абуханифа дар он асмову сифоти ламязал ва лоязоли илохиро ба ду навъ: сифоти зотия ва сифоти феълия таксим намудааст. Аммо ба сифоти зотия: хаёт, кудрат, илм, калом, самъ (шунавои), басар (бинои) ва иродаро ва ба сифоти феълия: тахлик (холикият), тарзик (раззокият), иншоъ ва ибдоъ, ва сунъ ва гайра аз сифоти Уро мутааллик донистааст.[1] Баъдан, низ дар доираи каломи исломи ду навъ сифот ба Худо нисбат додаанд, вале бо каме тафовут.

Тибки ин табакабанди навъи аввали сифоти Худо сифоти камолии Уст, ки онро сифоти субутия номанд ва навъи дуввуми сифоти Худо сифотест, ки аз наксу кости муназзах будани Аллохро нишон медиханд ва онхоро сифоти салбия гуянд.[2] Дар баъзе адабиётхои динии исломи сифоти Аллохро дахто: хаштои он субутй (тасдики) ва дутои онро салбй (танзехи, инкори),[3] дар баъзеи дигар понздахто: хашто субути, ва хафто салби шуморидаанд.[4]

Тибки акидаи аввал сифоти субутии Аллох инхоянд: Аллох таъоло олим аст, яъне доност, зинда аст, яъне харгиз намирад, кодир аст, яъне тавоност, шунавост на ба гуш; биност на ба чашм; гуёст на ба забон; ирода дорад, яъне хар чиз хост кард ва бихохад бикунад; таквин, яъне бавучудоваранда-офарандаи хамаи хастй аз нестй аст.

Аммо он ду, ки салбй аст: аввалан, ки Худои таъоло беайб аст, хеч айб надорад, дувумин он, ки Аллох таъоло шарик надорад.

Вале аз назари баъзе мутакаллимони шиъа масалан, Аллома Хилли сифоти субутия иборатанд аз: кудрату ихтиёр, илм, хаёт, иродаву карохат, идрок, кадиму азали ва бокию абади будан, такаллум ва сидк. Аммо сифоти салбияи Аллох бошаданд иборатанд аз: мураккаб набудан, чисм ва ароз ва чавхар набудан, лаззат ва олам надоштан, муттахид ба чизе набудан, махалли хаводис ё сукунат набудан, руъияти басари надоштан, шарик надоштан, аз маъони ва ахвол ба дур будан, мухточ набудан.[5]

Масъалаи сифоти Худо ва таносуби он бо тавхид яке аз нуктахои асосии ихтилофи уламо, мутакаллимин ва фалосифаи ислом ва мактабу равияхои он будааст. Аз чумла дар ин боб мучодилахои шадиде байни ахли сифотия ва чабария аз як тараф, кадария ва муътазила аз тараи дигар гузаштаанд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузори дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иктисоди тахти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (кимат)-и неъматхову хадамот, манфиатнокии онхо …