Мафхуми ягонаи бозор таркиби мураккабе дорад ва дар тамоми бахшу сохахои иктисодиёт баромад мекунад. Вай мачмуи навъ ва намудхои гуногуни бозорро дар бар мегирад, ки аз хамдигар бо унсур ва аломатхои гуногунашон фарк мекунанд. Барои хамин мафхуми «таркиби (ё ки сохтори) бозор» истифода бурда мешавад, ки зери он сохти дохилии бо хам алокамандии байни унсурхои бозорро мефахманд. Хар як унсур хусусияти ба худ хосе дорад.
Барои муайян кардани таркиби бозор аз руи аломатхои худудиаш, яъне мавкеи географиаш; аз руи хусусияти хариду фурушаш; аз руи дарачаи танзимшавандагиаш; аз руи дарачаи фаровониаш; аз руи аломати мувофики конун будан; мувофики сохаи истехсоли мол ва гайра муайян мекунанд. Вале, дар адабиёти муосири иктисоди сохтори бозорро бисёртар мувофики объектхои хариду фурушшаванда, ё ки аломати иктисодиаш тадкик менамоянд. Мувофики аломати вазифаги. яъне таъиноти иктисодии объектхои мубодилашаванда бозорхои бешуморе вучуд доранд. Муаллифони китоби экономикс» К. Р. ва С. Л. Брю навиштаанд, ки холо дар ИМА бештар аз 20 миллион номгуи молхо истехсол карда мешаванд.
Дар бозори дорувории Руссия бештар аз 13 хазор номгуй доруворихои истехсоли ватанию хоричи мавчу данд. Дар магозахои хуроквории Франсия бештар аз 400 намуди панир хариду фуруш карда мешаванд. Дар музеи шохии анъанавии шахри Хучанд зиёда аз 600 намуди матои атлас пешниход шудааст. Дар Туркия тахминан 1250 намудхои ангур мавчуд аст. Маълум аст, ки хар як номгуи мол бозори худро дорад. Бинобар ин, мичдори бозорхо вобаста аз номгуи мол бисёранд. Аммо барои тахдил хамаи бозорхои сершуморро мувофики таъиноти иктисодиашон ё ки вазифагиашон ба чунин гуруххо чудо мекунанд:
- Бозори молхои истеъмоли ва хизматрасони. Ин намуди бозор аз се гурух иборат аст:
- бозори молхои озукавори (орд, канд, гушт, равган, кофе, мева ва гайра);
- бозори молхои истеъмолии гайриозукавори (либос, пойафзол, асбобхои рузгор, ашёхои ороиши, яхдон, телевизор ва гайра);
- бозори хизматрасони (хизматрасонии маиши, коммунали, тибби, маърифати, фарханги ва гайра).
- Бозори воситахои истехсолот. Мувофики таснифоти СММ (ООН) аз руи аломати молию сохавиаш, бозори воситахои истехсолот дар навбати худ ба се гурухи калон чудо мешавад:
- бозори дастгоху тачхизот (махсулоти сохахои мошинасозии умуми. электротехника ва асбобсози, инчунин наклиёт ва гайра):
- бозори ашёи хоми минерали ва сузишвори (ангишт, нафту махсулоти нафти, гази табии, уран, фулузоти сиёх ва ранга, нурихои минерали ва гайра);
- бозори ашёи хоми хочагии кишлок ва молхои хочагии чангал (пахта, пашм, каучуки натурали, чубу тахта, селюлёза ва гайра).
- Бозори мехнат (кувваи коргари);
- Бозори молхои гайриманкул, ки аз бозори манзил ва бозори замин иборат аст.
- Бозори молия, ки аз бозорхои пулхои накдина, когазхои киматнок ва сармояи карзй иборат аст.
- Бозори иттилооти. Ба он пеш аз хама бозори махсули аклони (зехии, интеллектуали) дохил мешаванд.
Яке аз шартхои асосии амал караани низоми бозори мавчуд будани низоми бохам алокаманди идора, ташкилоту муассисахое мебошад, ки харакати мол, хизматрасони, пул, когазхои киматнок, кувваи коргариро таъмин карда метавонад. Онхо зерсохтори хочагии бозориро ташкил медиханд.
Зерсохтори бозор – ин мачмуи муассиса, фирма ва ташкилотхое мебошанд, ки бомуваффакият амал караани хамаи намуна, унсур ва субъектхои бозорро таъмин мекунанд. Сохторхои ташкилдихандаи зерсохтори бозор истехсоли ва махсулот ва хизматрасониро
дар як фазои бозори муттахид намуда, ба хамаи онхо имконият медихад, ки максадхои пешгузоштаашонро доранд.
Мафхуми «инфрастуктура» дар тахрири иктисоии бори нахуст дар аввали асри XX барои нишон додани объект ва иншоотхое, ки кобиаиятнокии куввахои мусаллахро таъмин карда мо истифода бурда шуд.
Вазифахои зерсохтори бозор аз инхо иборат мебошанд.
- осон гараонидани амалишавии манфиатхои иштирокчиёни бозор;
- баланд бардоштани дарачаи самаранокии фаъолияти субъектхои бозори дар асоси махсусгарионии унсурхои алохидаи иктисоди ва намудхои фаъолият;
- мусташаккилона ба расмият даровариани муносибатхои бозори;
- осон ва самаранок гаридини назорати хукуки ва иктисодии танзими давлати ва чамъиятии фаъолияти тичорати.
Чун коида, зерсохтори бозорро ба се намуд чудо мекунанд:
- Зерсохтори бозори мол. Ба он биржахои моли, кордонахои савдои яклухт, чакана, ауксион, ярмарка, фирмахои миёнарав дохил мешаванд.
- Зерсохтори бозори молия. Он биржахои асъор, бонкхои тичорати, ширкатхои сугуртави, муассисахои амонатгузори, фондхои нафака, ломбардхо ва гайраро дар бар мегирад.
- Зерсохтори бозори мехнат. Унсурони асосии он аз биржаи мехнат, идораи шуглварзи, азнавтайёркунии мутахассисон, ташкилоти бо мухочирати худудии кувваи коргари машгулбуда, иборатанд.
Гаир аз ин, ба зерсохтори бозор идораи реклама, идораи иттилоот, идораи консултативи (консалтинги), компанияхои аудитори ва дигардо дохил мешаванд.
Дар байни унсурони зерсохтори бозор мавкеи махсусро биржа ишгол мекунад. Биржа (аз лотини бидда, хамён) гуфта муассисаи хукуки шахси юридики доштаро меноманд, ки савдои озоди расмиро дар чои каблан муайян гардида, дар вакти аник ва бо коидахои мукарраршуда мегузаронад. Биржа шакли ташкилии савдои яклухти мол аз руи намуна, инчунин бозори хариду фуруши когазхои киматнок, тилло, асъор, кувваи коргари мебошад.
Савдои биржави – яке аз шаклхои бозори муташаккил мебошад, ки мувофики коидахои мукарраргардидаи дар ин ё он санадхои меъёри сабт гардида амал мекунад. Ба бозори муташаккил чунин хислатхо хос аст:
- мавчуд будани коидахои устувори савдо, рохбаркуни ва таъмини активхо;
- мавчуд будани ташкилоти рохбарикунандаи кори бозор;
- тамаркузи (консентратсияи) талабот ва таклифот дар вакт ва фазои муайян;
- аз тарафи давлат ва ташкилоти чамъияти танзим кардани кори бозор. Аслан биржахои моли, фонди, асъори ва мехнатиро аз хам фарк мекунанд.