Главная / Илм / Шуриши озодихохонаи солхои 1918-1920

Шуриши озодихохонаи солхои 1918-1920

Халк ва табакахои гуногу- ни ичтимоии мамлакат, аз он чумла арабхо, курдхо, буржуазияи калон, ахли илму фарханг, рухониён, коргарон, дехконон ва кучиён ба сиёса- ти аз тарафи Англия мустамликасозии Ирок бо нафрат менигаристанд. Англисхо ба корхои дохилии чамоахо ва уламои дини дахолат мекар- данд. Хатто мухторияти шахрхои мукаддаси шиахо – Начаф ва Карбало- ро бекор карданд, ки ин, бегуфтугу, кахру газаби пайравони ин мазхаби дини исломро ба вучуд овард.

Чунин вазъ ватандустони Ирокро мачбур месохт, ки бар зидди му- стамликадорон мубориза баранд. Онхо созмони ватанпарваронаи «По- сбони Истиклол»-ро таъсис доданд. Дар баробари ин созмон, инчунин созмони «Назри Ирок» хам тавлид ёфт, ки хадафи он хамкори бо Ан- глияро дошт.

Муборизаи миллию озодихохии халки Ирок асосан зери рохбарии шайххои кабилахо ва сарварони дини ислом сурат мегирифт. Дар солхои Чанги якуми чахони ин мубориза авч гирифта, ба шуриш хам табдил ёфта буд.

Яке аз шуришхои калонтарини зидди Англия бахори соли 1918 дар Начаф ва чандин шахрхои дигари Фуроти миёна ба амал омад. Моххои май-июни соли 1919 шуриши аз хама калонтарину дарозмуддат шуриши курдхо буд, ки рохбарии онро шайх Махмуд ба ухда дошт. Ин шуриш шиори ташкил кардани давлати сохибистиклоли Курдистонро ба миён гузошт.

Аввали соли 1920 маркази харакати миллию озодихохй ба вилоятхои арабнишини Ирок, кучид. Зимистон ва бахори соли 1920 кабилахои бадавихо кариб тамоми Байнаннахрайн – мобайни дарёхои Дачла ва Фуроти шимолтари Багдодро аз истилогарон озод ва лашкаркаши ба Мосулро огоз карданд. Рохбарони Назри Ирок бо максади ба гузашт рози кардани Англия дар конгресси Ирок, ки дар шахри Халаб баргу- зор гардид, 8 марти соли 1920 истиклоли Ирокро эълон карданд. Вале ин карордод танхо дар руйи когаз монд.

Конференсияи Сан-Ремо карор кабул кард, ки Ирок зерваколати Англия дониста шавад. Ба мукобили ин карор моххои май-июни соли 1920 дар Багдод ва бисёр шахрхои дигари Ирок намойишхои эътиро- зии оммави доир гардиданд. Иштирокчиёни онхо истиклоли давлатии Ирокро такозо намуданд. Дар мачлиси созмони «Посбони Истиклол» шайххои кабилахои Ироки маркази ва уламои шиъа дар бораи огози шуриши мусаллахона карор кабул карданд. Ин шуриш 30-юми июни соли 1920 аз намойиши кабилае дар Рамайса огоз ёфта, дере нагузашта ба чанги озодихохонаи умумихалкии Ирок мубаддал гардид. Дар тули хамаги як мох шуришчиён кисмати арабии Ирокро кариб пурра озод карданд. Танхо нуктахои такягохи вокеъ дар водии Дачла (байни Басра ва Багдод) аз англисхо озод нокар- да монданд. Мустамликадорони Ан- глия бар зидди размандагони Ирок артиши 150-хазорнафараи худро ра- вон карданд. Куввахои харбии Ан- глия дар миёнахои мохи ноябри соли 1920 нерухои асосии кабилахои Ирокро торумор намуданд. Лекин чирикхои Ирок боз чандин мохи ди- гар мубориза бар зидди англисхоро давом доданд.

Инчунин кобед

firma

Фирма чист? – шакл, намуд ва барои чи лозим?

Дар адабиёти муосири иктисоди хамчун зинаи ибтидоии илми «Назарияи иктисод», вохиду раванди алохида, объекти мустакил …