Мафхум, мохият ва ахамияти тамгахои молй (хизматра- сонй). Тамгаи молй ва тамгаи хизматрасони[1] ба сифати во- ситаи фардикунонии мол, кор ва хизматрасони баромад ме- кунанд[2]. Дар шароити муосири иктисоди бозоргони тамгаи моли кисми чудонашаванда ва омили мухими ракобати со- лим дар муомилоти молумулки мебошад.
Таъиноти асосии тамгаи моли – ин фардикунонии объ- екти муайяни моли мебошад. Вале хамзамон дар муомилоти мураккаби муосир, ки дар баробари мол, кор ва хизматрасо- ни, моликияти зехни харчи бештар накш ва ахамияти бузург- тар касб карда истодааст, функсияхои дигари тамгаи моли зохир шудаанд.
Функсияи фардикунонии тамгаи моли дар кобилияти айниятдихии мол ва хизматрасони ифода меёбад, ки имкон медихад, ки дар байни молу хизматрасонии якхела, шинохта шавад. Барои ичрои ин функсия мустакилияти тамгаи моли аз худи моли ифодашаванда зарур аст. Масалан, тамгаи мо- лии «Канд»-ро нисбат ба канд истифода кардан мумкин нест (чуноне ки дар амалия мушохида мегардад), баръакс, тамгаи молии «Арр1е» (себ)-ро нисбат ба воситаи алока истифода кардан чоиз аст.
Якчанд сухан перомуни худи истилохи «тамга». Дар ко- нуни кабли (Конуни ЧТ «Дар бораи аломатхои молу хизмат- расони» аз 23 декабри с. 1992) ба чойи истилохи «тамга» ка- лимаи «аломат» истифода гардида буд. Вале бо кабул шуда- ни Конуни ЧТ «Дар бораи тамгахои моли ва тамгахои хиз- матрасони» аз 5 марти с. 2007 дар истилохоти хукукшиноси калимаи «тамга» ворид гардид. Аслан калимаи «тамга» ре- шаи вожагии турки дошта, маънои зерин дорад: мухр, ни- шонаи мухре, ки ба хайвонот ва тойхои хар гуна мол меза- нанд; нишон; аломат; нишонагузори (дар хайвон), мухр за– дан. Барои шархи холат бояд решахои таърихии пайдоиши ин падида муайян карда шавад. Баъзе муаллифон пайдоиши тамгаи молиро бо нишон (нишоне, ки сарбозони зирехпушро хангоми набард дар мусобикахо аз якдигар тафовут мегу- зошт) алокаманд медонанд.
Кисми дигар дар чунин акидаанд, ки тамгаи моли аз тамгагузорие пайдо шудааст, ки дар замони кадим барои тафовутгузории ашёи худ аз ашёи дигарон истифода мешуд (нишонагузори дар зарфхо, хайвонот ва гайра). Тадричан бо инкишоф ёфтани муомилот тамга дар накши тафовутгузо- рии молхои истехсолкардаи як шахс аз шахси дигар истифо- да гардид. Молхои истехсолкардаи хунармандони алохида эътибор пайдо карда, тавассути хамин нишонагузори муа- йян карда мешуданд. Вакте байни истехсолкунанда ва ис- теъмолкунанда зинаи мобайни (боркашон, точирон) пайдо шуданд, тамгаи моли ба маънои муосир ташаккул ёфта, накшаш бештар шуд. Хамин тавр, агар ба тамгаи моли хам- чун нишонаи фаркдунанда муносибат намоем, он хамон «аломат»-ест, ки дар конуни кабли истифода мешуд, агар хамчун тамгагузории фарккунанда муносибат намоем. Он тамгаи молиест, ки дар конуни амалкунанда истифода ме- шавад. Вале бояд зикр кард, ки истифодаи ин ё он истилох шарти буда, дар хар ду маврид имруз хамон як падидаи хукуки фахмида мешавад.
Гузашта аз он, бояд кайд намуд, ки падидаи фардикуно- нии мол, кор ва хизматрасони аслан аз истилохи англисии «1гас1стагк» (зегуке тагк) ба вучуд омада, аломати хизмат ва аломати тичоратиро ифода мекунад. Дар забони руси он на- чандон дакик «товарный знак» тарчума шудааст.
Дар баробари «тамгаи моли» дар тачрибаи байналми- лали як катор истилохоти дигар низ истифода мешаванд (ло- готип – англ. ^одо^уре, ки баромади юнони логос, аз калима- хои зерин таркиб ёфтааст: 1одоз – калима, вожа ва 1уроз – накш, асар, бренд (ЬгапсГ) ва гайра).
Сарфи назар аз номгузории гуногун мухим он аст, ки тахти истилохи мазкур хамон як маъно фахмида шавад.
Мафхуми расмии тамгаи молй дар Конуни ЧТ «Дар бо- раи тамгахои молй ва тамгахои хизматрасони» дода шуда- аст. Мувофики м. 1 Конуни мазкур тамгахои моли нишона- хое мебошанд, ки барои фардикунонии молхо, корхои ичро- шаванда ё хизматрасонхои шахсони вокеи ё шахсони хукуки истифода бурда мешаванд.
Дар мафхуми мазкур ду мукаррарот чой дода шудааст: 1) табиати тамгахои моли, яъне тамгахои моли ин нишона- хое мебошанд, ки нисбат ба молхо, корхо ва хизматрасонихо истифода мешаванд; 2) функсияи тамгахои моли, яъне тамга- хои моли барои фардикунонии (тафовутгузории) молхо, кор- хо ва хизматрасонихо истифода мешаванд. Чунин таърифи тамгахои моли бахс надорад.
Кобили зикр аст, ки конунгузории амалкунанда имкони- яти доштани тамгаи молиро на танхо нисбат ба сохибкорон, балки тамоми шахсони вокеи ва хукуки додааст. Аввалин маротиба дар сатхи КГ тамгаи моли дар КГ (с. 1999) танзим шуд. Дар КГ холати умуми – хукукии тамгахои моли ва муо- милоти он муайян гардид. (м. 144, 958, 1126, 1133 ва гайраи КГ).
Дар баробари ин, Конуни ЧТ «Дар бораи тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони» кабул шудааст, ки он му- носибатхоро вобаста ба хифзи хукуки ва истифодаи там- гахои моли танзим менамояд. Конуни мазкур аз 12 боб ва 42 модда иборат аст. Пахлухои алохидаи муносибатхои вобаста ба тамгахои моли дар Конуни ЧТ «Дар бораи дигар пар- дохтхои хатми ба бучет», Конуни ЧТ «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол», каро- ри Хукумати ЧТ «Дар бораи тасдик намудани меъёрхои хи- рочхо барои анчом додани амалхои аз чихати хукуки мухим ва пардохтхо барои додани ичозат оид ба истифодаи захи- рахои табии ё дигар захирахои мавчуда» аз 02.11.2007с, № 546, карори Хукумати ЧТ «Дар бораи тасдик намудани ан- дозахои пардохтхои корбари, ки аз чониби Идораи патентии
Хангоми вайрон шудани талаботи конунгузори вобаста ба истифода ва хифзи тамгахои моли дар баробари чавобга- рии хукукии граждани дар конунгузории маъмури ва чино- яти низ чавобгари пешбини шудааст.
Хамзамон дар КХМ хамоханги дар байни меъёрхо дида намешавад. Мувофики м. 377 КХМ (боби 22 – хукуквайрон- кунии маъмури дар сохаи моликияти зехни) барои истифо- даи гайриконунии тамгаи моли ва тамгаи хизматрасони (дар матни расми нишонаи моли бегона ва нишонаи хизматра- сони омадааст) чавобгарии маъмури пешбини шудааст. Дар м. 638 КХМ (боби 35 хукуквайронкунии маъмури дар сохаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия, аккредитат- сия, савдо ва хизматрасони) чавобгарии маъмури барои ис- тифодаи гайриконунии тамгаи моли (нишонаи мол -дар матни расми) хангоми набудани аломати чиноят пешбини шудааст. Амалан хар ду ин модда якдигарро такрор намуда, ниёз ба тахрир доранд. Гузашта аз он, дар к. 2 м. 377 КХМ барои истифодаи гайриконунии нишонгузории эхтиётии нишонаи мол, нишонаи хизматрасони ва махалли истехсоли мол, ки дар ЧТ ба кайд гирифта нашудаанд, чавобгари пеш- бини шудааст. Аввалан, истилох ниёз ба тахрир дошта, бояд «аломати огохкунанда» номида мешуд. Дуюм, чунин ало- матгузори бояд нисбат ба тамгаи моли, тамгаи хизматра- сони ва номи махалли истехсоли мол, ки дар Точикистон дар кайд нест, пешбини мешуд.
Мушкилоти шабехро дар к. 2 м. 275 КЧ ЧТ низ дида ме- тавонем. Дар он аломати огохкунанда «тамгагузории огохкунанда» номида шуда, чунин аломатгузори нисбат ба тамгаи хизматрасони пешбини нашудааст. Дар м. 275 КЧ ЧТ барои истифодаи гайриконунии тамгаи моли ва тамгаи хиз- матрасонии гайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабех, агар ин кирдорхо такроран пас аз додани чазои маъмури со- дир гардида ё ба микдори калон зарар расонида бошанд (зи- ёда аз хазор нишондиханда барои хисобхо), чавобгарии чинояти пешбини шудааст.
[1]Агар зарурати зикри хусусияти алохида пешнаояд, минбаъд ибораи там- гаи моли барои ифодаи хам тамгаи моли ва хам тамгаи хизматрасони ис- тифода бурда мешавад, зеро холати хукукии онхо дар конунгузории Точи- кистон якранг муайян шудааст. Дар баъзе давлатхо тамгахои хизматрасо- ни хифз намешаванд.
[2]Падидаи мазкур аз чониби мухаккики ватани махсус тадкик шудааст. Ниг.: Мирбабаева Р.В. Правовое регулирование приобретения, использо- вания и защиты права на товарный знак в Республике Таджикистан: авто- реф. дисс канд.юрид.наук.- Душанбе, 2012.