Главная / Илм / ТАВСИФИ ГУРУХХОИ ПОЁНИ ЧОМЕА

ТАВСИФИ ГУРУХХОИ ПОЁНИ ЧОМЕА

Бисёр хикоёту киссахои «Тутинома» ба кору зиндагии мар- думи одй, ахли хунар бахшида шудаанд. Зиёи Нахшабй, ки худ аз байни хамин мардум баромадааст ва хунари волои нигорандаги дорад, рафтору кирдор ва гуфтори ин табакаи чамъиятиро хеле хуб медонад ва дар асараш симои онхоро вокеи ба калам додааст. Дар хикоёту киссахои у наччору заргар, меъмору бинокор, дар- зию кишоварз, дехкону богбон, мутрибу шоир, кулолу ранграз, сайёху сайёд, сипохию тирандоз ва амсоли онхо амал намуда, на- висанда бо камоли эхтиром дар бораи онон сухан меронад. Мах- сусан, ба косибони чирадаст, бофандагон, заргарон муносибати хайрхохона дорад ва таъкид менамояд, ки ахли хунар мардуми хушбахтанд.

Нахшаби дар хикоёти шабхои 27, 28, 34, 44, 48-ум хунарманди, мехнатдусти, халолкори ва истеъдоди ахли хунарро хеле табии инъикос намудааст.

Дар бисёр хикояхо рузгори нохуш, хаёти талху ногувори мар- думи овора, чилои ватаншуда ба калам дода шудааст. Чунин хикояхоро дар шабхои 3, 27 ва 47 пайдо карда метавонем. Мазму- ни чунин хикоёт аз он иборат аст, ки чунин ашхоси аз ватан дур дар ин чо хам рузгори бад доранд. Ба кадри онон ахли чоху сар- ват намерасанд. Онхо барои пайдо кардани кути лоямут шабу руз мехнат мекунанд, аммо онхоро озор медиханд. Аз гуфтори нависанда мусаллам мегардад, ки зимни баёни ин холатхои ногу- вор дилаш ба дард меояд ва бо як хиссиёти гайриоди хаёти талхи ононро баён менамояд. Охир, худи Зиёи Нахшаби хам ба хамин табака дохил мешуд ва у низ аз ватан беватан шуда, мисли садхо оворагон ранчу озор мекашид. Аз ин нигох тасвири нависанда хакикати вокеист ва чунин хикояхо хакикати вокеии зиндагии ин гуруххои чамъиятии онрузаро вокеъбинона инъикос мекунанд.

Зиёи Нахшаби дар баробари нишон додани хар гуна зул- му золими, ифшои хаёти кашшоконаи мардуми оди шохону хокимонро аз окибати ногувори амалашон огох мекунад ва онон- ро аз мукофоти амал метарсонад ва таъкид менамояд, ки золимон бечазо намемонанд:

Нахшаби, нест бе чазо амале,

ЧанД боши ту дар ризои баДи?!

Хар ки бад мекунад, хамеёбад

Хам ба дунёи дун чазои бади.

Хулоса, Зиёи Нахшаби хамчун як нависандаи хакгуй бар зид- ди золимон баромада, мазлумонро ба хар роху восита химоя кардааст. Махз асари «Тутинома» ва худи уро хамин чанбахои гуманисти, инсонпарвари, некандешию хайрхохи нисбати бе- чорагон, мазлумон ва оммахои мехнаткаш дар байни халк макбулу машхур гардонд. Ба хотири хамин гояхои оли таъсири «Тутинома» дар асрхои пасин зиёд шуд ва дар пайравии он даххо «Тутиномахо» иншо шуданд ва «Тутинома»-и Зиёи Нахшаби ба бисёр забонхои дунё тарчума ва нашр гардид.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …