Главная / Илм / ТАВСИФИ УМУМИИ ПАТЕНТ ХАМЧУН ХУЧЧАТИ МУХОФИЗАТИ

ТАВСИФИ УМУМИИ ПАТЕНТ ХАМЧУН ХУЧЧАТИ МУХОФИЗАТИ

Истилохи патент, хамчун хуччати мухофизатии объект- хои моликияти саноати, ки бо санадхои хукукии байналмил- лалй пешбини гардида, аз чониби конунгузории кишвархои зиёд эътироф гардидааст, дар даврони сохибистиклолии ЧТ ахамияти конунии мухим ва ягона хуччати мухофизатии мо- ликияти саноатиро сохиб гардид. Харчанд, ки конунгузории даврони шурави низ патенткунонии ихтироотро ичозат ме- дод, вале аз он сабаб, ки муаллифон сохибии мутлаки худро барои ба даст овардани фоида истифода карда наметавони- станд, навоварихои техникии зиёд хислати хизмати дошта, конун патенткунонии онхоро ичозат намедод, инчунин ху- куку имтиёзхои бештарро махз шаходатномаи муаллифи таъмин менамуд, муаллифон ба шаходатномаи муаллифи ма- рок зохир намуда, патент намегирифтанд.

Шакли патентии мухофизати объектхои моликияти са- ноати ба муаллиф сохибии мутлакро нисбати навоварии тех- никии офаридааш дар худуди мухлати конуни, инчунин им- конияти бахрабардории моддиро кафолат медихад. Мувофи- ки м. 4-уми конуни ЧТ дар бораи ихтироъ, хукук 6а ихтироъ бо патент ва ё нахустпатент барои ихтироъ тасдик карда ме- шавад, ки аввалият, муаллифи ва хукуки истисноии истифо- дабарии ихтироъро тасдик мекунад.

Хукуки истисноии дорандаи патент хислати мутлак, ис- тиснои ва мухлатнокро дошта, бо каламрави давлате, ки идораи патентии он хуччати мазкурро додааст, махдуд ме- гардад. Хислати мутлак доштани хукуки дорандаи патент, хамаи аъзоёни чамъиятро барои худдори аз истифодаи беа- соси объекти моликияти саноати ухдадор менамояд. Хисла- ти истиснои, додани ду патентро ба як объекти моликияти саноати манъ менамояд. Мухлатнокии хукукхои дорандаи патент, амали хукуки истисноии бо патент тасдикшударо бо вакти муайян махдуд менамояд. Мувофики конунгузории ЧТ амали патент аз санаи аввалият огоз гардида, нисбати ихти- роъ 20 сол ва намунаи саноати 10 сол мукаррар гардидааст. Патент, хамчун хуччати мухофизати дар каламрави кишва- ре, ки аз чониби макоми ваколатдори он дода шудааст, амал менамояд. Дар холати зарурияти хифзи ихтироъ дар кала- мрави кишвархои дигар, бо риояи расмиёти дар онхо амал- кунанда, бояд патент гирифта шавад.

Ба дорандаи патент хукуки истисноии тибки салохдиди худ истифода намудани объекти моликияти саноати тааллук дорад. Истифодабарии объекти моликияти саноати маънои ба муомилоти хочаги баровардани онхоро тавассути тайёр намудан, истехсол намудан, татбик намудан, нигох доштан, фурухтан ва гайраро дорад. Амалхои номбаршуда, хамаи имкониятхои ба муомилот баровардан набуда, амалхои ди- гари конуниро низ фаро гирифта метавонад.

Мувофики м. 26 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ, хукуки истисноии истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент хифзшаванда, аз чумла, хукуки сохтан, татбик намудан, во- рид кардан, фурухтан, бо рохи дигар ба гардиши хочагидори даровардан ва ё бо ин максад нигох доштани махсулоте, ки ихтирои бо патент ё бо нхустпатент хифзшавандаро дар бар мегирад, хукуки татбик намудани тарзи бо патент ва ё бо на- хустпатент хифзшаванда, инчунин хукуки манъи истифода шудани ихтирои номбаршуда аз чониби шахсони дигар, гайр аз холатхое, ки ингуна истифодабари мувофики хамин конун вайрон намудани хукуки истисноии дорандаи патент махсуб намегардад, ба дорандаи патент тааллук дорад.

Ба гардиши хочагидори ворид намудан ё бо ин максад нигох доштани махсулоте, ки бо истифодаи бевоситаи тарзи патентнокшудаи хосил кардани махсулот истехсол шудааст, низ истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент хифзша- ванда хисоб мегардад.

Муносибатхои тарафхоро оид ба истифодаи ихтирое, ки хуччати мухофизати ба якчанд шахс тааллук дорад, созиш- номаи байни онхо муайян мекунад. Хангоми набудани чу- нин созишнома, хар як дорандаи хуччати мухофизати ихти- рои хифзшавандаро мувофики салохдиди худ истифода бур- да метавонад, вале бе розигии дорандагони дигари патенти мазкур хукуки ба шахси дигар додани ичозатнома ва ё вогу- зор кардани хукуки истисноиро (гузашт кардани патентро) надорад.

Дорандаи патент ба чуз аз хукуки истифодаи объекти моликияти саноати, хукуки ихтиёрдории онро низ дорад. Ихтиёрдори тавассути ба шахси дигар додани ичозатномаи истифодабари, ё ин ки гузашти хукукхои патенти амали кар- да мешавад.

Ба шахсони дигар додани ичозатномаи истифодаи объ- екти моликияти саноати, тавассути бастани шартномаи ичо- затдихи (литсензиони) ба амал бароварда мешавад. Мувофи- ки м. 27 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ, хар кадом шахсе, ки дорандаи патент нест, ба истифодаи ихтирои бо хуччати му- хофизати хифзшуда танхо бо ичозати дорандаи патент, дар асоси шартнома оид ба додани ичозатнома (литсензия) хукук дорад. Мувофики чунин шартнома дорандаи патент (ичо- затномадех) ухдадор мешавад, ки хукукро барои истифодаи ихтирои хифзшуда дар хачми бо шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (ичозатномагир), ки у ухдадории ичро намуда- ни хамаи амалхои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, дихад. Шартномаи ичозатномадихи истиснои ва гайриистиснои буда метавонад.

Дар холати пешниходи ичозатномаи истиснои хукуки истисноии истифодаи ихтироъ дар худуди бо шартнома зикршуда ба ичозатномагир мегузарад. Хукуки истифодаи кисми ихтироъ, ки ба ичозатномагир дода нашудааст, дар ихтиёри ичозатномадех мемонад. Ичозатномадех дар холати ичозатномаи гайриистиснои ба ичозатномагир хукуки исти- фодаи ихтироъро дода истода, хамаи хукукхоеро, ки хуччати мухофизати тасдик мекунад, аз чумла, хукуки ба шахсони сеюм додани ичозатномахоро нигох медорад.

Мукаррароти конуни ЧТ дар бораи ихтироъ оид ба шартномаи ичозатномадихи махдуд буда, аз ин ру ахамияти мукаррароти умумии конунгузории граждани дар барасми- ятдарории он мухим аст.

Мухлати амали шартнома аз мухлати амали патент беш- тар буда наметавонад. Мукофотпулии дорандаи патентро тарафхои шартнома бо салохдиди худ мукаррар менамоянд. Дар амалия, мукофотпулии дорандаи патент бо рохи муайян намудани пардохти якдафъаина, ё ин ки фоиз аз фоида му- каррар карда мешавад. Конунгузории амалкунандаи ЧТ намудхои махсуси ичо- затномахои кушода ва мачбуриро низ пешбини менамояд. Дорандаи патент метавонад ба Идораи патентии ЧТ дар бо- раи ба хар кадом шахс дода шудани хукук барои истифодаи ихтироъ (ичозатномаи кушода) дархост дихад. Дар ин холат андозаи боч барои нигох доштани эътибори хуччати мухо- физати аз соли баъди нашри маълумот оид ба мавчудияти чунин дархост 50 фоиз кам карда мешавад. Дар холати боз- хонди ичозатномаи кушода аз тарафи дорандаи патент боч барои нигох доштани эътибори хуччати мухофизати дар да- воми вакти амали ичозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин боч ба андозаи пуррааш пардохта мешавад. Шахсе, ки хохиши гирифтани ичозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент дар бораи пардохтхо шартнома бандад. Бахсхои марбут ба бастани чунин шартнома дар суд барраси мешаванд.

Мувофики м. 28 конуни дар бораи ихтироъ дорандаи па- тент вазифадор аст, ки ихтироъро истифода барад. Хангоми дар давоми 5 соли баъди рузи нашри маълумот оид ба до- дани хуччати мухофизати аз тарафи дорандаи патент исти- фода нашудан ва ё ба дарачаи зарури истифода нашудани ихтироъ, шахси хохиши истифодаи ихтироъро дошта ва ба ин омодабуда, дар холати бо шартхои мувофик ба амалияи мукарраргардида аз имзои шартнома оид ба додани ичозат- нома саркаши намудани дорандаи патент, метавонад ба суд бо аризаи даъвоги дар бораи ба вай додани ичозатномаи мачбури барои истифодаи ихтирои мазкур мурочиат намояд. Агар дорандаи хуччати мухофизати исбот накунад, ки исти- фода набурдан ва ё ба дарачаи зарури истифода набурдани ихтироъ сабабхои узрнок дорад, суд дар бораи додани ичо- затномаи мачбури карор мебарорад. Хангоми кабули карор дар бораи додани ичозатномаи мачбури суд бояд худудхои истифодаи ихтироеро, ки хуччати мухофизатии он ба шахси дигар тааллук дорад, дар хачме, ки барои истифодаи ихти- рои патентнокшудаи шахси дигар (талабкунандаи ичозатномаи мачбури) зарур аст, инчунин андоза, мухлат ва тартиби пардохтхоро муайян намояд. Ичозатномаи мачбури ичозатномаи гайриистиснои бу- да, ба шахси дигар гузашт кардани он мумкин нест.

Бахсхое, ки дар натичаи чуннн истифодабарии ихтироъ ба миён меоянд, ба тарики суди хал карда мешаванд. Ичо- затномаи мачбури бояд хатман дар Идораи патентии ЧТ ба кайд гирифта шавад ва бидуни бакайдгири беэътибор донис- та мешавад.

Дорандаи патент хукук дорад хукуки истисноияшро ба хар кадом шахси вокеи ё хукуки вогузор кунад (гузашт кар- дани патент). Дар фаркият аз додани ичозатномаи истифо- даи объекти моликияти саноати, гузашт кардани патент маънои дар хачми пурра гузаштани хукукхои патентиро до- рад. Шартнома дар бораи вогузор кардани хукуки истиснои бояд дар Идораи патентии ЧТ ба кайд гирифта шавад ва бе чунин бакайдгири беэътибор дониста мешавад.

Конуни ЧТ дар бораи намунахои саноати амалхои зе- ринро вайронкунии хукуки истиснои ба намунаи саноати хи- соб наменамояд: дар сохтор ва ё хангоми истифодаи восита- хои наклиёти (руизамини, хавои ва оби) мамлакатхои дигар татбик намудани василахое, ки намунахои саноатии патент- нокшударо дар бар мегиранд, ба шарте ки воситахои накли- ёти номбаршуда муваккатан ва ё тасодуфан дар каламрави ЧТ бошанд ва барои эхтиёчоти наклиёт истифода бурда ша- ванд. Ин гуна амалхо дар он сурат вайронкунии хукуки ис- тисноии дорандаи патент хисоб намешаванд, ки агар восита- хои наклиёт ба шахсони вокеи ва хукукии мамлакатхое, ки ба дорандагони воситахои наклиёти ЧТ хамин гуна хукук- хоро медиханд, тааллук дошта бошанд; гузаронидани тадки- коту тачрибаи илми аз болои воситахое, ки намунахои сано- атии патентнокшударо дар бар мегиранд; хангоми руй дода- ни ходисахои фавкулодда (офатхои табии, фалокатхо, сада- махои калон) истифода намудани воситахое, ки намунахои саноатии бо патент хифзшавандаро дар бар мегиранд, бо пардохтани чуброни андозаашмувофик ба дорандаи патент; на барои ба даст овардани фоида истифода намудани воси- тахои намунахои саноатиро дарбаргиранда татбик намудан, барои фуруш пешниход намудан, фурухтан, ворид кардан ва бо хамин максадхо нигох доштани махсулоте, ки намунахои саноатии бо патент хифзшударо дар бар мегирад, агар ин махсулот бо рохи конуни ба гардиши хочаги дароварда шуда бошад (м. 25 конуни ЧТ дар боран намунахои сано- ати).

Ин холатхоро махдудияти хукукхои истиснои низ мено- манд. Амалхои мазкур набояд истифодаи муътадили патен- тро беасос халалдор сохта, манфиатхои конунии дорандаи патентро поймол кунанд (м. 30 конуни ЧТ дар бораи ихти- роъ).

Инчунин холатхои зерин низ вайронкунии хукукхои до- рандаи патент хисоб намеёбанд. Хар кадом шахси вокеи ва хукукие, ки то санаи аввалияти ихтироъ новобаста ба муал- лифи он дар каламрави ЧТ айнан хамон ихтироъро офарида, истифода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёрихои зарури дида бошад, хукуки минбаъд бе васеъ кардани хачми истехсолот ройгон истифода бурдани ихтироъро нигох ме- дорад (хукуки истифодаи пешин). Хукуки истифодаи пешин мумкин аст ба шахси вокеи ва ё хукуки танхо якчоя бо истех- солоте, ки дар он истифодаи ихтирои хаммонанд чой дошт ва ё тайёрихои зарури барои он дида шудаанд, дода шавад. Хукуки истифодаи пешин хислати бемузд дорад.

Амали патент бо мухлатхои конуни махдуд гардида, аз ин лихоз, фарорасии мухлат тарзи мукаррарии кать гардида- ни хукукхои патенти хисоб меёбад. Аммо конуни ЧТ дар бо- раи ихтироъ дигар асосхои катьи хукукхои патентиро низ пешбини намудааст. Мувофики м. 33 конуни номбурда ама- ли хуччати мухофизати дар холатхои зерин пеш аз мухлат катъ карда мешавад: дар асоси аризаи ба Идораи патентии ЧТ додаи дорандаи патент; хангоми дар муддати мукаррар- шуда напардохтани бочи нигахдории эътибори хуччати му- хофизати; хангоми хуччати мухофизатиро пурра бсэътибор донистан. Беэътибор донистани патент бо асосхои зерин имконпа- зир аст: ошкор кардани номувофикатии ихтироъ ба шартхои патентпазирии дар м. 6 хамин Конун мукарраргардида; дар формулаи ихтироъ мавчуд будани аломатхое, ки дар

Хуччати мухофизати дар тамоми муддати амалаш аз чониби хар кадом шахс метавонад мавриди бахс карор дода ва ё пурра ё кисман беэътибор дониста шавад Эътирози зид- ди додани хуччати мухофизати тибки асосхои зикршуда ба Шурои шикоятии Идораи патентии ЧТ дода мешавад ва бо- яд дар давоми 6 мохи баъди санаи ворид гардидани он бар- раси шавад. Дар ин сурат дорандаи патент бояд бо эътироз шинос карда шавад. Дар холати норози будан бо карори Шурои шикояти оид ба эътирозе, ки дар асоси он хуччати мухофизати мавриди бахс карор дода мешавад, хар кадом аз тарафхо метавонад дар муддати 6 мохи баъди санаи кабул карда шудани карор ба суд мурочиат намояд.

Амали хуччати мухофизати, ки бинобар дар муддати му- карраршуда напардохтани бочи нигахдории эътибори хуч- чати мухофизати катъ гардидааст, аз руи дархости дорандаи патент дар давоми 3 соли баъди санаи ба охир расидани мух- лати пардохти бочи нигахдории эътибори хуччати мухофи- зати дар сурати мавчуд будани сабабхо узрнок ва пешниход кардани хуччат дар бораи пардохта шудани бочи баркарор- кунии амали патент мумкин аст, баркарор карда шавад.

Инчунин кобед

firma

Фирма чист? – шакл, намуд ва барои чи лозим?

Дар адабиёти муосири иктисоди хамчун зинаи ибтидоии илми «Назарияи иктисод», вохиду раванди алохида, объекти мустакил …