Биологияи хозиразамон решаи хеле амик дорад, таваччух ба ин фан дар Миср ва Юнони кадим ба хазорсолаи пеш аз милод рост меояд.
Аввалин олиме, ки мактаби нахустини илмии тиббиро таш- кил карда буд, пизишки Юнони кадим Гиппократ ( кариб 460-370 сол пеш то эраи мо) буд. У мегуфт, ки хама гуна беморй омили та- бии дорад ва агар мо сохтор ва фаъолияти хаётгузаронии одамро омузем бемориро мефахмем.
Мутафаккири бузурги Дунёи кадим Арасту (384-322 то эраи мо) яке аз асосгузорони биология хамчун илм, аввалин шуда та- моми донишхои биологии хамон замонро чамъбаст намуд ва бе- шубха уро асосгузори илми биология шуморидан мумкин аст. Ара- сту систематикаи хайвонотро кор карда баромад ва дар он чойи одамро муайян карда, ба он номи «хайвони чамъиятии сохиби аклу хирад» дод. Бисёр асархои илмии у ба пайдоиши хаёт бах- шида шуда буданд. Теофраст (372-287 то эраи мо) рустанихоро омухт ва зиёда аз 500 намуди рустанихоро муайян кардааст. Доир ба сохтор ва рушди онхо маълумоти зиёд дода, бисёр истилоххои ботаникиро чори кардааст. Теофрастро асосгузори илми бота- ника мешуморанд. Олим ва табиби Рими кадим Клавдий Гален 130-200 сол пеш то эраи мо) сохти ширхурхоро омухта, асоси ана- томияи инсонро гузошт ва дар давоми 15 аср асархои ин олим манбаи асосии донишхои анатоми буданд.
Дар асрхои миёна дар тамоми сохахои илми Аврупо дав- раи карахти хукмфармо буд. Дар хамин давра дар мамлакатхои Осиёи Пеш ва Миёна олимони бузург аз кабили Абуали ибни Сино (Авитсенна) (асри 11) ва Абурайхони Беруни (973-1048) зин- даги ва эчод мекарданд. Онхо анъанахои мутафаккирони дунёи кадимро давом доданд. Аз хамон давра дар номгузории анатоми- яи муосир бисёр истилохоти араби боки мондааст.
Огози мархалаи болорави дар Аврупо боиси давраи нави инкишоф дар биология гардид. Таваччух ба биология махсусан дар мархалаи кашфиётхои географи дар асри 15 хеле зиёд шуд. Заминхои нав кушода мешуд, муносибатхои тичорати байни дав- латхо ахборро дар бораи олами рустани ва хайвонот зиёд мекард. Ботаникхо ва зоологхо бисёр намудхои нави рустани ва хайвоно- ти дар илм маълумнабударо муайян мекарданд.
Яке аз олимони машхур Леонардо да Винчи (1452-1519) бисёр намудхои рустаниро муайян кард, сохтори чисми одам, фаъ- олияти дил ва вазифаи биноиро омухт. Пас аз он ки калисо ка- рори манъи кушодани часади инсонро бекор кард, бо шарофати корхои Андреас Везалия (1514-1564) дар асараш “Дар бораи сох- тори часади инсон” доир ба анатомияи одам муваффакиятхои бе- назир ба даст оварда шуд. Кашфи системаи гардиши хун дар асри 17 аз тарафи табиб ва биологи англис Уилям Гарвей (1578-1657) комёбии бенихоят калони сохаи илми биология буд. Мархалаи нав дар инкишофи биология кашфи микроскоп дар охири асри 16 буд. Аллакай дар нимаи асри 17 хучайра кашф карда шуд, баъд- тар олами организмхои ба чашм нонамоён – содатаринхо ва бак- терияхо муайян карда шуданд, сохтори нутфа ва инкишофи ха- шарот омухта шуд. Дар асри 18 табиатшиноси швед Карл Линней (1707-1778) системаи таснифи табиати зиндаро пешниход карда, номдихии дуномаро барои номгузории намудхо чорй кард. Карл Эрнест Бэр (Карл Максимович Бэр) (1792-1876) профессори ака- демияи тиббй-чаррохии Петербург инкишофи дохилибатниро омухта, муайян кард, ки чанини хамаи хайвонхо дар давраи авва- ли инкишоф бо хам монанд мебошанд ва бо хамин конуни монан- дии чанинхо дар илм ба вучуд омад ва ин олим дар таърихи илм хамчун асосгузори илми чаниншиносй эътироф шудааст.
Аввалин биологе, ки кушиши сохтани назарияи эволютсияи олами зиндаро карда буд, олими фаронсавй Ж.Б Ламарк (17741829) буд. Палеонтологияро, ки организмхои мурдарафтаро меомузад, зоологи фаронсавй Жорж Кюве (1769-1832) ба вучуд овард. Накши калон дар фахмиши ягонагии олами зинда назари- яи хучайравии зоолог Теодор Шванн (1818-1882) ва ботаник Ма- тиас Якоб Шлейден (1804-1881) бозид.
Комёбии калонтарини илми асри 19 таълимоти эволютсионии Чарлз Дарвин (1809-1882) буда, дар ташаккулёбии фахмишхои нави илми дар сохаи эволютсияи олами зинда ахамияти халку- нанда дошт. Дарвин дар асоси мушохидахои зиёд соли 1859 асари асосии худ “Пайдоиши намудхо бо рохи интихоби табии” аз чоп баровард. У дар ин асар самтхои асосии эволютсия, механизми пешбарандаи эволютсия ва роххои табдилёбии организмхоро ни- шон дод.
Асосгузори генетика, илм доир ба ирсият ва тагйирпазири- Грегор Иоганн Мендел (1822-1884) шуд. Корхои Мендел ба дарачае аз замони у пеш буданд, ки хамзамонхояш уро фахмида на- тавонистанд ва бори дигар баъди 35 сол (1900) аз нав ин илм кашф шуд. Яке аз асосгузорони микробиологияи муосир олими олмони Роберт Кох (1843-1910) Луи Пастер (1822-1895) ва Иля Илич Меч- ников (1845-1916) илми иммунология ба вучуд омад? Инкишофи физиология ба номи олимони бузурги рус И.М. Сеченов (1829- 1905), ки асоси фаъолияти олии асабро омухт ва И.П Павлов (18491936) таълимотро оид ба рефлексхои шарти ба вучуд овард, сахт алокаманд аст. Асри бист асри пурчушу хуруши илми биология буд. Назарияи мутатсионии Гуго-де Фриз (1848-1935) назарияи ир- сияти хромосомии Томас Хант Морган (1866-1943), таълимот доир ба омилхои эволютсия И.И Шмалгаузен (1884-1963) таълимот доир ба биосфера В.И Вернадский (1863-1945), кашфи антибио- тикхо Александр Флеминго (1881-1955) муайян кардани сохтори КДН Чеймс Уотсон (1928) ва Френсис Крик (1916-2004) Мухам- мадкул Нарзикулов (1914-1986), Ислом Абдусаломов (1929-2017), П.Н Овчинников (1903-1979), Носиров Ю.С. (1932-2007) ва бисёр дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки ба воситаи мехнати со- диконаи худ мактабхои бузурги илмиро ба вучуд оварданд ва дар инкишофи биологияи муосир накши босазо гузоштанд.
Вазифахои илми биология ба хонанда омузонидани мохияти хаёт, пайдоиши он, гуногуншаклии табиати зинда, ахамияти био- логия дар хаёти инсон ва дигар сохахои хочагии халк, окилона истифода бурдани сарватхои зиндаи табии ва мухофизати онхо, окибатхои манфии риоя накардани конунхои биологи, баланд бардоштани хосили зироатхои гуногуни хочагии кишоварзи ва чорводори, тоза нигох доштани мухити зист ва бисёр муаммохои дигар мебошад.
Саволхо барои санчиш:
- Кадом олим ва мутафаккир нахустин бор мактаби илмии тиббиро ташкил карда буд?
- Асосгузори илми биология кадом олим аст?
- Кадом олимон ва мутафаккирони Осиёи Пеш ва Марказиро медо- нед?
- Давраи болорави дар Аврупо аз кадом аср огоз шуд?
- Системаи гардиши хунро кадом олим кашф кард?
- Асари “Системаи табиат” ба кадом олим тааллук дорад?
- Асосгузори илми генетика кадом олим аст?
- Кадом олимони маъруфи илми биологияро медонед?