Дар асоси Конуни ЧТ «Дар бораи хифзи хукукии топо- логияхои микросхемахои интеграли» аз 22 декабри с. 2006, № 218 топологияхои микросхемахои интеграли – чойгирша- вии фазоиву геометрии мачмуи унсурхои микросхемаи инте- грали ва алокаи байни онхо мебошад, ки дар хомили модди кайд гардидааст.
Конунгузории ЧТ дар бораи хифзи хукукии топология- хои микросхемахои интеграли ба Конститутсияи ЧТ асос ёф- та, аз КГ, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки, инчунин санадхои меъёрии хукукии байналмилалие, ки ЧТ эътироф намудааст, иборат мебошад.
Татбики вазифахои бо конун пешбинишуда дар сохаи хифзи хукукии топологияхои микросхемахои интеграли ба ухдаи Идораи патентии ЧТ вогузор шудааст.
Хифзи хукукие, ки тавассути конун дода мешавад, танхо ба топологияи асли татбик мегардад. Топологияи асли – то- пологияест, ки дар натичаи фаъолияти эчодкоронаи муал- лиф офарида шудааст ва то санаи офаридашуданаш ба муа- ллиф ва (ё) мутахассисони сохаи тахияи топологияхо но- маълум мебошад. Топология то он лахзаи асли хисоб меша- вад, ки далели акси ин холат исбот нашуда бошад. Ба топо- логия иборат аз унсурхое, ки ба мутахассисони сохаи тахияи топологияхо то санаи офаридани ин топология маълуманд, хифзи хукуки танхо дар он сурат дода мешавад, ки хамаи ин унсурхо дар мачмуъ талаботи аслиятро конеъ гардонанд. Гояхо, усулхо, системахо, технологияхо ва маълумоти рамзкардашудае, ки метавонанд дар топология истифода шаванд, объектхои хифзи хукукии бо конун додашаванда намебошанд.
Хифзи хукукии топология дар дар асоси ба кайдгирии давлатии он дар Идораи патентии ЧТ, бо тартиби дар конун пешбинишуда таъмин карда мешавад, ё дар асоси истифо- дабарии он ба вучуд меояд. Топологияро ба номи шахси вокей ё хукукй ба кайд гирифтан мумкин аст. Хукук ба то- пология бо конун хифз ва бо шаходатнома тасдик карда ме- шавад. Шаходатномаи муаллифи, аввалияти топологияро ва хукук истиноии истифодаи онро тасдик менамояд. Хачми хифзи хукукие, ки ба топология дода мешавад, бо мачмуи чузъро ва алокахои онро, ки дар маводи гузошташаванда инъикос гардидаанд, муайян карда мешавад.
Ба сифати муаллифи топология шахси вокеие эътироф карда мешавад, ки дар натичаи фаъолияти зехнии эчодкоро- наи у топология офарида шудааст. Агар топология дар натичаи фаъолияти зехнии эчодкоронаи якчанд шахсони вокеи офарида шуда бошад, хар яке аз онро муаллифи топо- логия хисобида мешаванд. Шахсоне, ки дар офаридани то- пология хисаи шахсии эчоди нагузоштаанд ва ба муаллиф (муаллифон) танхо кумаки техники, ташкили ва ё модди ра- сонидаанд, ё ин ки танхо барои ба расмият даровардани хукук ба истифодабарии топология мусоидат намудаанд, чун муаллифи топология эътироф намешаванд.
Хукуки муаллифи ба топологияи хифзшаванда хукуки шахсии мусодиранопазир буда, бемухлат хифз карда меша- вад. Хукуки истисноии истифодабарии топология ба му- аллифи ин топология ё сохибхукуки дигар тааллук дорад. Сохибхукук – муаллифи топология, вориси у, инчунин хар як шахси вокеи ё хукукие, ки хукуки истисноии истифода бур- дани топологияро дар асоси конун ё шартнома сохиб шу- дааст. Хукуки истиснои ба муаллифи топология ва сохибху- куки дигар имконият медихад, ки ин топологияро мувофики салохдиди худ, аз чумла ба воситаи истехсол ва пахнкунии микросхемаи интегралие, ки чунин топологияро дар бар мегирад, истифода баранд. Аз чониби шахсони дигар исти- фода бурдани топология, ки хукуки истисной ба онхо ба му- аллиф ё сохибхукуки дигар тааллук дорад, танхо бо розигии онхо рох дода мешавад. Бе ичозати муаллиф ё сохибхукуки дигар анчом додани амалхои зерин чун вайронкунии хукуки истиснои ба истифодабарии топология дониста мешавад: нусхабардории пурраи топология ё ягон кисми он бо рохи во- рид намудани ин топология ба микросхемаи интеграли ё бо рохи дигар, ба истиснои нусхабардории он схемаи топология, ки аслй намебошад; истифодабарй, воридкуни, ба фуруш пешниходкунй, фуруш ва шаклхои дигари ба муомилоти граждани даровардани топология ё микросхемаи интегралие, ки ин топологияро дар бар мегирад.
Амалхои зерин вайронкунии хукуки истисноии исти- фодабарии топология эътироф намешаванд: амали истифо- дабарии топология, ки аз чониби шахси сеюм бо максадхои шахсй, бе гирифтани даромад ё танхо бо максади баходихи, тахлил, тадкикот ё омузиш анчом дода шудааст; хама гуна амали истифода бурдани топологияи аслие, ки аз чониби шахси сеюм ба таври мустакил офарида шудааст ва ба топо- логияи хифзшаванда хаммонанд аст; истифода бурдани мик- росхемаи интегралие, ки дар он топологияи бо шаходатнома хифзшаванда истифода шудааст, агар ин микросхемаи интег- рали ба муомилоти граждани ба таври конуни ворид гар- дида бошад; истифода бурдани микросхемами интеграли ва махсулоти ин гуна микросхемахоро дар баргиранда, ки ба таври конуни ба даст омадаанд, агар шахси истифодабаран- даи онхо намедонист ва набояд медонист, ки ин микросхема- хо ё махсулоти чунин микросхемахоро дар баргиранда бо вайронкунии хукуки истисноии истифодабарии топология сохта ва пахн карда шудаанд. Агар пас аз гирифтани огохи- номаи дахлдори сохибхукуки топология, он шахс истифо- дабарии микросхема ё махсулотро давом дихад, у ухдадор аст, ки чубронпулии мувофикро барои хар як микросхемаи интеграли ва ё хар як махсулоти чунин микросхемаро дар баргиранда пардохт намояд.
Хукуки истисноии истифодабарии топология аз чониби муаллиф ё сохибхукуки дигар метавонад пурра ва ё кисман ба шахсони дигари вокеи ё хукуки дар асоси шартнома вогу- зор карда шавад. Шартномаи вогузоркунии пурраи хукуки истисноии истифодабарии топология (шартнома оид ба гу- зашти хукук ба топология) ва шартнома дар бораи кисман вогузор кардани хукуки истисноии истифодабарии тополо- гия дар Идораи патентии ЧТ ба кайд гирифта шуда, бе чу- нин бакайдгири беэътибор дониста мешаванд.
Хукуки истисноии истифодабарии топология бо тарти- би мукаррарнамудаи конунгузори ба мерос мемонад ё ба во- риси дигари хукуки мегузарад. Хукуки истисноии истифо- дабарии топологияе, ки муаллиф онро чун ичрои вазифаи хизматиаш ё бо супориши корфармо офаридааст, ба кор- фармо тааллук дорад, агар шартномаи байни у ва муаллиф холати дигарро пешбини накарда бошад. Тартиби пардохт ва андозаи чубронпулиро ба муаллиф барои офаридан, ихтироъ ва истифодабарии топология шартномаи байни му- аллиф ва корфармо мукаррар менамояд. Хукуки истисноии истифодабарии топологияе, ки онро муаллиф мувофики шартнома бо фармоишгаре офаридааст, ки корфармои муа- ллиф намебошад, ба фармоишгар тааллук дорад, агар шарт- нома холати дигарро пешбини накарда бошад. Хукуки ис- тисноии истифодабарии топология дар муддати 10 сол амал мекунад. Огози мухлати амали хукуки истисноии истифодаб- арии топология аз ду санаи зерин, вобаста ба он, ки кадоме аз онхо пештар фаро мерасад, муайян карда мешавад: аз руи са- наи истифодабарии нахустини топология, ки ба сифати он са- наи аввалини дар хуччатхо сабтшудаи муомилоти граждани ворид гардидани топология ё микросхемаи ин топологияро дар баргиранда дониста мешавад; аз руи санаи бакайдгирии топология дар Идораи патентии ЧТ.
Дар сурати пайдо шудани топологияи аслии хаммонанд, ки онро муаллифи дигар мустакилона офаридааст, мухлати умумии хукуки истисноии истифодабарии топология аз 10 сол зиёд буда наметавонад.
Ариза дар бораи бакайдгирии топология ба Идораи па- тентии ЧТ аз чониби муаллиф, шахси вокеи ё хукукие, ки корфармои муаллиф мебошад (дар сурати мавчудияти шартхои дар к. 1 м. 11 конуни мазкур зикргардида), шахси вокеи ё хукукие, ки муаллиф ё корфармо ба онхо дар асоси шартнома хукуки пешниход намудани аризаро додаанд, шахсе, ки аз руи асосхои дигари конуни намояндаи муаллиф мебошад ё ин хукукро у аз руи мерос сохиб шудааст (мин- баъд – аризадиханда), пешниход карда мешавад. Пешниходи ариза ба Идораи патентии ЧТ, корбари бо он метавонад аз чониби аризадиханда мустакилона ё ба воситаи намояндаи у анчом дода шаванд. Пешниходи ариза бояд дар мухлати на бештар аз 2 соли баъд аз санаи бориаввал истифода бурдани топология, агар истифодабари чой дошта бошад, сурат ги- рад. Ариза бояд ба як топология нисбат дошта бошад ва ме- тавонад вариантхои онро дар бар гирад. Ариза бояд маводи зеринро дар бар гирад: ариза дар бораи додани шаходатнома бо муайян кардани шахсе (шахсоне), ки ба номи у (онхо) шаходатнома дода мешавад, инчунин номи муаллиф, агар у аз зикр гардиданаш ба сифати муаллиф саркаши накарда бошад, макони чойгиршави (макони зист), санаи бори аввал истифо- да бурдани топология, агар он чой дошта бошад; маводи ба амонат гузошташаванда; реферат.
Талаботро нисбат ба тартибдихии ариза Идораи патен- тии ЧТ мукаррар менамояд. Ба ариза бояд хуччатхои зерин замима карда шаванд: хуччати тасдиккунандаи пардохти хатми ба андозаи мукарраргардида ё озод будан аз пардохти хатми ё мавчуд будани асосхо барои кам кардани андозаи он; ваколатнома (агар ариза ба воситаи намоянда пешниход шавад).
Дар рафти гузаронидани санчиши ариза, мавчуд будани хуччатхои зарури ва риояи талаботи асоси нисбат ба онхо тафтиш карда мешавад. Санчишро Идораи патентии ЧТ дар давоми 2 мохи пас аз санаи воридшавии ариза мегузаронад. Санчиши ариза аз назари ичрои шартхои дар к. 2 м. 4 конун дар бораи топологияхои микросхемахои интеграли гузаро- нида намешавад, агар хуччатхое, ки ба таркиби ариза дохил мешаванд, бо вайронкунии талаботи нисбат ба онхо му- карраргардида тартиб дода шуда бошанд. Дар ин маврид ба аризадиханда дархост фиристода мешавад, то дар муддати 2 мохи пас аз санаи гирифтани дархост, хуччатхои ислохшуда ё нарасидаро пешниход намояд. Агар аризадиханда дар мухлати зикргардида маводи талабшуда ё дархостро оид ба дароз кардани мухлати мукарраргардида пешниход накунад, ариза бозхондашуда дониста шуда, аризадиханда дар ин ху- сус хабардор карда мешавад.
Дар сурати норозй будан бо карори санчиш ариза- диханда хукук дорад дар муддати 3 мохи пас аз санаи ги- рифтани чунин карор ба Шурои шикояти эътирозномаи асоснокшударо пешниход намояд. Шурои шикояти бояд эътирозномаро дар давоми 4 мохи пас аз санаи воридшавии он барраси намояд. Карори Шурои шикоятиро ариза- диханда метавонад дар давоми 6 мохи пас аз гирифтани он, мавриди бахси суди карор дихад. Агар дар натичаи санчиш мукаррар карда шавад, ки хуччатхои ариза дуруст тартиб дода шудаанд, Идораи патентии ЧТ дар бораи додани шаходатнома карор мебарорад ва маълумотро оид ба топо- логия ба Фехристи давлатии топологияхои микросхемаи ин- теграли ворид менамояд. Коидахои пешбурди Фехрист ва таркиби маълумоти ба он воридшавандаро Идораи патентии ЧТ мукаррар менамояд. Додани шаходатномаи топология аз чониби Идораи патентии ЧТ пас аз ба Фехрист ворид кар- дани маълумот доир ба топология, дар муддати 1 мохи баъд аз гирифтани хуччат оид ба ворид кардани пардохти хатмии мукарраргардида анчом дода мешавад. Дар сурати мавчуд будани якчанд шахсе, ки ба унвонашон шаходатнома дар- хост шудааст, ба онхо як шаходатнома дода мешавад. Маълумоте, ки ба бакайдгирии топология нисбат дорад ва ба Фехрист мувофики м. 14 конуни кайдшуда ворид карда шудааст, аз чониби Идораи патентии ЧТ дар давоми 6 мохи пас аз дар Фехрист кайд гардидани топология, дар хабарно- маи расми интишор карда мешавад. Тамоми тагйироти мин- баъдаи маълумоти марбут ба бакайдгирии топология низ интишор карда мешавад. Таркиби маълумоте, ки дар хабар- номаи расми нашр мегардад, аз чониби Идораи патентии ЧТ мукаррар карда мешавад.
Такрор истехсолкуни, истифодабари, ворид намудан, ба фуруш пешниход кардан, фурухтан ва намудхои дигари ба муомилоти граждани ворид намудани топология ё микро- схемае, ки чунин топологияро дар бар мегирад, истифодаб- арии топология дониста мешавад. Шартхои истифодабарии топологияе, ки хукук ба он ба якчанд шахс тааллук дорад, бо шартномаи байни онхо мукаррар карда мешаванд. Бо мак- сади огохй додан оид ба хукукхои худ, муаллифи топология ё вориси хукукии у метавонад дар топологияи хифзшаванда ва махсулоти чунин топологияро дарбаргиранда аломати «Т» (харфи калони «Т»), санаи огози амали хукуки истисной истифодабарии топология ва маълумотеро, ки мушаххасгар- донии сохибхукукро таъмин менамояд, чой дихад.