Шароитеро, ки дар он организмхои зинда мутобик гардидаанд, мухити зист меноманд. Мухити атроф гуногуншакл ва тагйирёбанда аст. На хама омилхои мухит ба организмхои зинда бо кувваи якхела таъсир мерасонанд. Яке аз онхо барои организм муфид ва дигаре, баръакс, зарарнок аст. Хамчунин омиле вучуд дорад, ки барои организми зинда ахамият ё зарар надорад. Омилхоеро, ки ба организм таъсир мерасонанд, омилхои экологи меноманд. Тахлили омилхои гуногуну сершумор имкон медихад, ки онхоро ба се гурух: абиоти, биоти ва антропогени чудо кунанд.
Омилхои абиотии мухит
Ба омилхои абиоти харорат, рушнои, низоми радиатсия, фишор, намнокии хаво, намакнокии обу хок, шамол, релйефи махал ва г., ки хоси табиати гайризиндаанд ва ба организми зинда таъсири бавосита ё бевосита мерасонанд, дохил мешаванд.
Харорат. Харорати бадани аксари организмхо ба харорати мухити атроф вобастаги дорад, аз ин чо суръати реаксияхои химияви, ки мубодилаи моддахоро таъмин мекунад, ба он алокаманд аст. Сохти муътадил ва фаъолияти сафедахо, ки мавчудияти худи хаёт ба он вобастаги дорад, дар худуди харорати аз 0 то 500С сурат мегирад. Худуди харорат, ки дар доираи он хаёт вучуд дорад, метавонад боз хам васеътар шавад. Дар пиряххои Арктика харорат то 880С паст мефурояд, дар чойи сояи биёбонхои беоб то +580С баланд мебарояд. Баъзе бактерия ва обсабзхо метавонанд дар чашмахои гарм, ки харораташон ба +80 то -880С мерасад, зиндаги ва афзоиш кунанд.
Хамин тавр, фосилаи тагйирёбии харорат дар мавзеъхои гуногуни Замин, ки хаёт вучуд дорад то 1760С мерасад. Хатто, дар як чойи зист фарки байни харорати хадди акалли зимистон ва хадди акалли тобистон метавонад ба 800С расад. Дар баъзе чойхо пастубаландшавии харорати шабонарузи хеле зиёд аст. Чунончи, дар биёбони Сахрои Кабир дар давоми шабонаруз харорат то ба 500С тагйир меёбад.
Ягон мавчудоти зинда дар холати фаъол токати тобоварии диапазони пурраи хароратро надорад. Аз ин ру, пахншавии хайвон ё рустани дар ин ё он махалли сукунат кабл аз хама ба мутобикати онхо ба иклими хамон махал вобаста аст.
Нисбат ба харорати мухити атроф организмхои зиндаро ба ДУ гурух чудо мекунанд: 1. пойкилотермхо (юн. poikilos – хархела, тагйирёбанда ва therme – гарми) – харорати бадани онхо ба мухити атроф вобастаги дорад; 2. хомоётермхо (юн. – homoios – монанд, хамин гуна ва therme – гарми) – харорати бадани худро новобаста ба пастубаландшавии харорати мухити атроф доими нигох медоранд.
Дар расми 9.9 ба тарзи накша (схема) роххои мубодилаи гарми дар байни организмхо ва мухити зист тасвир ёфтааст. Аз расм дида мешавад, ки организмхои пойкилотерми гармиро на танхо аз мухит мегиранд, балки онро баргашта хорич мекунанд. Аз хисоби раванди мубодилаи моддахо хайвоноти харорати баданашон тагйирёбанда метавонанд дар баъзе мавридхо харорати баданашонро танзим кунанд (хазандахо, занбур ва г.), вале чунин имконият хеле махдуд аст. Ба гайр аз ин, дар организмхои пойкилотерми сохтори муайяни реаксияхои физиологи мавчуд аст, ки имкон медихад аз якбора тагйирёбии харорати бадан начот ёбанд.
Рушнои. Нурпошии Офтоб нисбат ба табиати зинда ду функсияро (вазифаро) ичро мекунад. Аввалан, он манбаи гарми буда, фаъолияти организмхои зинда ба он вобастаги дорад. Сониян, рушнои хамчун ишораи (сигнали) муайянкунандаи фаъолият дар раванди хаёти организмхо ва чун рохнамо хангоми харакат дар фазо накши калон мебозад (расми 9.9).
Барои организмхои хайвоноту наботот дарозии мавчи нурхои таъсиррасон, шиддат ва давомоти таъсиррасони (дарозии давраи шабонарузии рушнои), ахамияти калон дорад. Нурхои намоён ё сафед кариб 45%-и микдори умумии нурхои гармидихандаро, ки ба сатхи Замин меафтанд, ташкил мекунанд. Нурхои ултрабунафш такрибан 10%-и хамаи шуоъхо (нурхо)-и гармидихандаро ташкил мекунанд. Нурхои барои инсон намоёнро хашарот бо узви босираашон эхсос менамоянд ва онро дар хавои абрнок барои муайян намудани махалли зист истифода мебаранд. Як кисми спектри нурхои ултрабунафш барои хайвонот ва дар фаъолияти муътадили хаёти инсон зарур аст. Зери таъсири он дар организм витамини «D» пайдо мешавад. Аз хама зиёд барои организм нури намоёни дарозии мавчаш 0,4 – 0,75 мкм ахамият дорад. Энергияи нури намоён барои гузаштани раванди фотосинтез дар хучайраи рустани истифода мешавад. Дар ин вакт барги рустани бештар нурхои норинчи – сурх (0,66 – 0,68 мкм) ва кабуду бунафш (0,4 – 0,5 мкм)-ро фуру мебарад. Барои синтези биологи (биосинтез) 0,1 – 1% энергияи ба замин фуромадаи Офтоб истифода мешавад.
Расми 9.9. Мувозинати раДиатсияи Офтоб Дар сатхи Замин Дар Давоми руз.
Нашъунамои рустани ба гуногунии равшани вобаста аст. Дар чойхои зист шиддати радиатсияи Офтоб, таркиби спектри он, да- вомоти равшани якхела нест. Дар рустанихо шиддати фотосинтез баробари зиёд шудани равшани то давраи муайян меафзояд ва ин холатро Дарацаи муътаДили равшани ё оптимуми экологи меноманд. Афзоиши минбаъдаи равшани суръати фотосинтезро паст карда, билахира, ба суст шудани сабзиши рустани оварда мерасонад.
Аз руйи талабот ба равшани рустанихоро ба се гурух – равшанидуст, соядуст ва соятобовар чудо мекунанд.
РавшаниДуст рустанихоеанд, ки дар чойхои кушоди серрушнои месабзанд (алафхои дашти ва маргзори, рустанихои кошташаванда чойхои кушод ва г. ).
Рушноии аз меъёр зиёд ё кам ба раванди фотосинтези онхо таъсири манфи мерасонад.
Соядуст рустанихоеанд, ки ба равшании баланд тоб намеоранд. Онхо дар табакаи поёни чангалхои серсоя, зери дарахтони фарку заранг, чормагз ва г. меруянд.
Соятобовар – рустанихое, ки хам дар соя ва хам дар рушнои месабзанд. Онхо дар махалли рушноиаш зиёд хуб нуму мекунанд. Нисбат ба дигар рустанихо ба таъсири шароити тагйирёбандаи равшани зуд мутобик мегарданд.
Дар танзими фаъолияти организмхои зинда таъсири фосилаи равшани (фотопериод) ахамияти калон дорад. Ивазшавии руз ва шаб ва тагйирёбии фосилаи равшании шабонарузиро организмхо чун сигнал барои танзими фаъолияти хаётии худ истифода мекунанд.
Масалан, фаъол шудан дар вактхои гуногуни шабонаруз ракобатро барои ёфтани туъма дар байни даррандахои руз ва шабгард суст мекунад. Дар минтакахои муътадили ду тарафи экватор сикли инкишофи хайвонот ва наботот ба як мавсими муайяни сол мувофик меояд. Тайёри ба зимистон на дар асоси тагйирёбии харорат, балки дар асоси кутохшавии дарозии руз огоз меёбад. Тагйирёбии фосилаи рушнои аз огози давраи равандхои физиологи дарак медихад. Бахорон баробари дарозшавии руз сабзиш ва гулшукуфии рустанихо, афзоиши парандахо ва ширмакхо сар мешавад. Кутохгардии руз дар тирамох огохиест барои хазон шудани барги рустанихо, захира гаштани чарб дар хайвонот, кучиш (мигратсия)-и парандахо, тайёри ба хоби зимистона. Тагйирёбии дарозии рузро узвхои биноии хайвонот ва пигментхои махсуси рустанихо эхсос мекунанд. Аксуламали организм ба тагйироти мавсимии руз фотопериоДизм номида мешавад. Он нишон медихад, ки организмхо кобилияти муайян кардани вактро доранд, яъне дар онхо гуё «соати биологи» мавчуд аст. Тамоми мавчудоти зинда (аз организмхои якхучайра то одам) до- рои чунин хусусият мебошанд.
Дар чойхое, ки тагйирёбии мавсимии иклим зохир нашудааст, бисёр намудхо аз кобилияти фотопериодизм махруманд. Масалан, давраи гулшукуфти бисёр дарахтони тропики дуру дароз давом мекунад, яъне дар дарахт дар як вакт хам гул ва хам мева вомехурад. Дар иклими муътадил намудхо дар як давраи кутох сикли хаётиашонро ба анчом расонда, давраи номусоиди солро дар холати ороми мегузаронанд.
Нурхои инфрасурх 45%-и микдори умумии неруи ба Замин расандаи Офтобро ташкил мекунанд. Нурхои инфрасурхро бофтахои рустани ва хайвонот, ашёи табиати гайризинда, аз чумла об, фуру мебаранд. Ин нурхо харорати бофтахои рустани ва хайвонотро баланд мекунанд.
Намй. Об яке аз омилхои асосии экологи барои организмхои зинда мебошад. Он кисми асосии таркиби протоплазмаи хучайра ва бофтахоро ташкил мекунад. Бо иштироки об дар организмхои зинда равандхои биохимияви, ассимилятсия, диссимилятсия ва мубодилаи газхо мегузаранд. Об ва моддахои таркиби он фишори осмосии хучайра, мубодилаи байни хучайрахоро таъмин мекунанд.
Дар организми наботот ва хайвонот дар давраи фаъолияти хаётии онхо микдори об зиёд аст.
Дар холати сустфаъолиятии организмхо ва дар давраи ороми микдори об кам шуда метавонад, лекин аз организм тамоман нобуд намешавад. Хатто дар ушнахо ва гулсангхои хушкида хам 5-7% об аз вазни умумии онхо боки мемонад. Дар дони рустанихои хушадор микдори об аз 12-14% кам намешавад. Аз ин лихоз, дар рустанихо ва хайвоноти чойхои хушк дар раванди эволютсия мутобикати мураккабе пайдо шудааст, ки мубодилаи обро идора мекунад.
Вобаста ба намии хок (ва микдори солонаи нами) таркиби на- мудии чамоаи наботот тагйир меёбад. Таксимоти номунтазами боришот дар фаслхои гуногуни сол омили мухими махдудкунандаи организмхо шуда метавонад. Дар ин холат рустани ва хайвонот беобии бардавомро аз сар мегузаронанд. Дар давраи кутохии бо об таъмин будани хок дар организми мавчудоти зинда моддахои гизои захира мешаванд. Чи кадаре ки намнокии хок зиёду бардавом бошад, моддахои гизои барои хайвонот ва сапрофагхо (аз юнони sapros – пусида ва phagos – истеъмолкунанда) хамон кадар меафзояд.
Дар табиат пасту баландии намнокии шабонарузии хаво вучуд дорад, ки фаъолияти организмхоро танзим мекунад. Нами хамчун омили экологи барои тагйир додани таъсири харорат зарур аст. Харорат ба организм хамон вакт таъсири назаррас дорад, ки агар нами зиёд ё кам бошад. Наботот ва хайвоноти дар минтакаи хушк сукунатдошта дар раванди интихоби табии ба шароити номусоиди иклим мутобик шудаанд. Чунин рустанихо дорои аломатхои махсуси мухофизати мебошанд, масалан, решаашон пуркувват аст, фишори баланди осмосии шираи хучайраи онхо обро дар бофтахо нигох медорад, лаълича (пахнак)-и барг хурд ё ба хор табдил ёфтааст ва г. (расми 9.10). Дар баъзеи рустанихо (сакса- вул), хатто лаъличаи барг нест шудааст ва вазифаи фотосинтез- ро навдахои сабз ичро мекунанд. Дар вакти набудани нами саб- зиши рустанихои биёбони катъ мешавад. Гули ханчари (кактус)
кобилияти дар бофтахо захира кардани микдори зиёди обро дорад ва онро сарфакорона истифода мекунад. Чунин мутобикатро дар намудхои зарбати биёбонхои Африко низ дидан мумкин аст. Дар хайвоноти биёбон хам баъзе мутобикат (адаптатсия)-и физиологи вучуд дорад. Чонварони хурд хояндахо, хазандахо, бандпоён ва г. обро аз таркиби хурок мегиранд. Чарб хам манбаи об шуда метавонад, ки дар баъзе хайвонот (кухони шутур) хеле бисёр захира мешавад.
Расми 9.10. Опунсия
Афканишоти ионП
Нурхои дорои энергияи баланд, ки кобилияти пайдо кардани чуфти мусбат ва манфии ионхоро доранд, нурхои ионДор (иони) номида мешаванд. Манбаи хосил шудани онхо моддахои радиоактивии таркиби чинсхои кухи мебошанд. Онхо аз кайхон низ ворид мешаванд.
Шиддати афканишоти иони дар мухити атроф дар асари истифодаи неруи атоми баланд шудааст. Санчиши аслихаи атоми, неругоххои атомии барки, партовхо, тадкикотхои тибби ва г. бо максади осоишта амали мегарданд.
Партовхои дар натичаи коркарди маъданхои радиоактив хосилшуда ба мухити атроф, хангоми аз як чой ба чойи дигар кашондан ё нигох доштан, меафтанд.
Аз се афканиши иони нурхои корпускуляри (алфа ва бетазаррахо) ва электромагнити (гамманурхо ва нурхои рентгени) ахамияти калони экологи доранд. Афканишоти корпускуляри аз селаи заррахои атоми ё субатоми, ки неруи худро ба ашёи бархурда медиханд, таркиб ёфтааст.
Нурафшонии алфа ядрои гелий буда, андозааш нисбат ба дигар заррахо бузургтар аст. Масофаи тайкардаи он дар хаво хамаги чанд сантиметрро ташкил мекунад. Нурафшонии бета электронхои босуръат мебошанд. Андозаи онхо хеле хурд буда, масофаи тайкарда дар хаво ба чанд метр ва дар бофтаи организми набототу хайвонот ба чанд сантиметр мерасад. Нурхои электромагнитии ионнок, баъзан, ба нури рушнои монанд меша- ванд, факат мавчхои онхо кутоханд. Онхо дар хаво ба моддахое ворид мешаванд, ки неруи худро дар муддати тулони хорич мекунанд. Масалан, гамма-нурхо бе мамониат ба бофтаи организми зинда ворид мешаванд. Биологхо моддахои радиоактиви нурхои алфа ва бетхоричкунандаро «нурхои дохили» меноманд, зеро онхо дорои неруи зиёд буда, бо рохе дохили организм мешаванд. Моддахои радиоактиви гамма-нурхоро хоричкунанда ба «афканишоти беруни» мансубанд, зеро нурхо хамон вакт метавонанд таъсир расонанд, ки агар манбаи онхо берун аз организм бошад.
Нурхои кайхони ва ионнок, ки моддахои радиоактивии дар хок ё оббуда хорич мекунанд, нурхои асил (фон) ном гирифтаанд. Хамаи организмхои набототу хайвонот ба хамин нурхо мутобик гардидаанд. Дар минтакахои гуногуни биосфера фони табии аз 3 то 4 маротиба тафовут дорад. Таъсири камтарини он дар назди сохили бахрхо, таъсири бештарин дар куллахои куххои баланд, мушохида мешавад. Шиддатнокии нурхои кайхони баробари афзудани баландии махал аз сатхи бахр меафзояд. Хоросангхо нис- бат ба чинсхои тахшин радионуклидхои бештар доранд.
Воя (доза)-и нурхоеро, ки организм дар як давраи кутох (со- ния ё соат) мегирад, вояи шадид (пурзур) мегуянд. Вояи доими низ вучуд дорад, ки организм метавонад дар давоми хаёт ба таъсири он тоб оварад. Хар афканишоти пуртаъсир метавонад суръати мутатсияи зарарнокро тезонад.
Дар рустанихои дарачаи оли мутаассиршави нисбат ба нурхои ионнок ба андозаи хастаи хучайра мутаносиби рост аст. Дар хайвоноти дарачаи оли чунин тобеияти сода ё бевосита дар байни мутаассиршави ва сохти хучайра дарёфт нашудааст. Барои онхо мутаассиршавии алохидаи узвхо вучуд дорад. Чунончи, ширхурхо ба вояи нисбатан паст хам мутаассиршавии баланд доранд.
Хангоми ба мухити атроф афтидан радионуклидхо зуд пахн ва омехта мешаванд. Моддахои радиоактив метавонанд дар об, хок, такшинхо ё дар хаво чамъ шаванд.
МоДДахои ифлоскунанДа. Ин моддахоро метавон ба ду гурух чудо намуд: пайвастагихои табии, ки махсули партовхои раванди технологи мебошанд ва пайвастагихои сунъи, ки дар табиат вонамехуранд.
Ба гурухи якум ангидриди сулфат (саноати мисгудозй), гази карбонат (истгохи аловии барки), оксиди нитроген, оксиди карбон, гидрогенсулфид, пайвастхои мис, рух, симоб, нурихои маъдани (асосан, нитратхо ва фосфатхо) мансубанд.
Ба гурухи дуюм моддахои сунъи – пестисиДхо (аз лотинии pestis – захр ва cido – куштан), ки ба мукобили зараррасонхои зироатхо истифода мекунанд; антибиотикхо, ки дар сохаи тиб ва байтори барои табобати беморихои сирояти истифода мебаранд, дохил мешаванд. Ба пестисидхо инсектисиДхо (аз лотини insecta – хашарот ва cido – куштан) – мавод барои нест кардани хашароти зараррасон ва гербисиДхо (аз лотини herba – алаф, рустани ва cido – куштан) – барои нест кардани алафхои бегона мансубанд.
Хамаи онхо захрнок буда, ба саломатии инсон зарар мера- сонанд. Таъсири онхо ба биогеосенозхо низ калон аст. Он боиси тагйирёбии хосиятхои хок (туршшави, ба холати халшаванда гузаштани элементхои захрнок, вайроншавии сохтор) ва об (афзоиши маъданноки, зиёдшавии микдори нитратхо ва фосфатхо) мегардад.
Чунин тагйирот ба омилхои интихоб мусоидат мекунанд. Дар натичаи таъсири онхо чамоахои нави наботот ва хайвонот пайдо мешаванд, ки аз чихати микдори намудхо хеле камшуморанд.
Таъсири шиддатноки омилхои мухит
Баъзе хосиятхои мухит дар давраи тулони доими ва бетагйир мемонанд (чунончи, кувваи чозиба, нурпошии Офтоб, шурии укёнусхо, таркиби хаво ва хосияти атмосфера). Бисёр омилхои экологи – харорат, нами, шамол (бод), микдори боришот, ракобати байни намудхо ва г. тагйирёбанда мебошанд.
Тагйирёбии омилхои мухит вобаста ба кувваи таъсирашон ба организмхо гуногунанд: 1. мунтазам – масалан, вобаста ба шабонаруз, фасли сол, ё низоми мадду чазр дар укёнусхо; 2. номунтазам – тагйироти шароити обу хаво дар солхои гуногун, фалокат (туфон, сел, фуруравии замин ва г.); 3. бо рустанихо пушида шудани обанборхо ва г.
Хар омили экологи худуди муайяни таъсироти мусбат ба организмро доранд. Натичаи таъсири омил кабл аз хама ба неруи зухуроти он вобаста аст. Таъсири аз меъёр кам ё зиёди омил ба фаъолияти фардхо таъсири манфи мерасонад. Кувваи таъсири мусоидро хаДДи оптимуми омили экологи мегуянд. Чи кадаре ки таъсири омил аз оптимум (яъне, паст ё баланд) гузарад, хадди тобоварии организм хамон кадар суст шуда, ба он хавфи нобудшави тахдид мекунад. Хадде, ки берун аз он нобудшавии организм огоз меёбад, хадди тобоварии поёни ё болои ном дорад.