Главная / Гуногун / Тарчумаи Куръон

Тарчумаи Куръон

Яке аз мунокишахои таърихк дар байни уламо ва мазохиби Ислом масъалаи тарчумаи Куръон буда. Дар «Донишномаи Куръон»-и Хуррамшох баёни муфассали ин бахсу мунокишахо дода шудааст, мо инчо аз сабаби махдудияти доираи хачми ин китоб аз тафсили баёни ин мавзуъ шона холк намуда, танцо ба он ишора мекунем, ки дар мавриди чоиз будан ё набудани тарчумаи Куръон байни мазцабцои ислом аз кадим ихтилофи ошкоро будааст.

Аз чахор мазцаби ацли тасаннун танцо мазхаби цанафия нисбат ба ин масъала таассуб надошта ва хатто хондани сураи «Фотиха»и Куръон ва нияти намозро ба форсииточикк мучоз донистааст, дигар се мазцаби бокимонда: моликия, шофеъия ва цанбалия нисбат ба тарчумаи Куръон ба забонцои дигар кароцат доштаанд. Дар байни пайравони муътазила ва ацли ташаюъ мухолифони тарчумаи Куръон андак буда, ичмоъи акида дар мавриди на танцо мучоз балки вучуби тарчумаи Куръон бештар аст.

Метавон гуфт, аввалин бор тарчумаи сурахои куръонк ба забони форск сурат гирифтааст. Дар асоси ривоятцои мутавотир, навиштааст Хурамшохи: «Ацли Форс номае ба Салмони Форс навиштанд, ки «Фотица»ро ба форск барои онон бинависад, ва навишт, онгоц онон он чиро ки навишта буд, дар намоз мехонданд, то забонашон нарм шавад. Ин амрро ба Паёмбар арз карданд. Цазрат инкор нафармуд»

Аммо дар мамлакатхои Аврупои Гарби то асри Х11, метавон гуфт, хеч гуна тасаввуроти чиддиву илмие дар бораи Куръон ва худи Ислом набуд. Якумин тарчумаи хеле нокиси Куръон ба забони лотини дар нимаи аввали асри Х11 дар Толедо ба фармоиши аббати машхури монастири Кмонийси (Франсия) аз тарафи Пётр Достопочтенний (ваф.1156) бо як катор донандагони забони араби /бо хамрохии тарчимаи холи пайгамбар “Сирати Ибни Хошим” ба вучуд омад. Дар соли 1543 ин тарчима, ки хол чун дастхат буд, дар Базел (Швейсария) аз тарафи Теодор Библиандар бо сарсухани Мартин Лютер ва Филип Меланхтан (теологи машхури лютерани) дар се чилд нашр шудааст. Дар асрхои ХУ11-Х1Х дар Гарб ба забонхои немиси-голанди, франсави, англиси, тарчимахои зиёди Куръон ба вучуд омадаанд[

Якумин тарчимаи Куръон ба забони руси аз тарафи профессори академияи динии Казон Г.С. Саблуков (с. 1808- 1880); Тарчимаи кисми кадими Куръон аз тарафи арабшинос А.Е. Крымский, тарчимаи навтарин ва нисбатан мукаммали руси аз тарафи И.Ю.Крачковский (1883-1951)ба вучуд оварда шуда, пас аз марги у нашр шудааст. Баъд аз пош хурдани Шурави боз се тарчумаи Куръон аз тарафи Прохорова, Османов Н. У. ва Кулиев, ба чоп расид.

Инчунин кобед

МОЛИКИЯ

Моликия ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732-795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд …