Номи фирмави хам- чун воситаи фардикунонии иштирокчиёни муомилоти граж- дани дорои таркиби мураккаб дорад ва аз номи шахсони вокеи фарк дорад. Чуноне медонем, номи шахси вокеи аз ху- ди ном, номи падар ва насаб иборат аст (м. 20 КГ). Сохтори номи фирмави чунин аст: асоси номи фирмави (кисми асоси); изофаи номи фирмави (кисми иловаги). Таснифоти мазкур дар адабиёти хукуки маълум дониста мешавад, ки чойи бахс надорад. Танхо бояд онро дуруст дарк намуд. Зеро кисми асосии номи фирмави – худи номи махсус ба кисми иловаги дохил шуда, зохиран чунин менамояд, ки накши он дуюмин- дарача аст. Вале максад аз ин таснифот ахамияти аввалинда- рача ва ё дуюминдарачаи кисмхои номи фирмавиро нишон додан набуда, балки ишора ба он аст, ки кисми асоси асоси каблан муайяншудаи тамоми номхои фирмавиро ташкил менамояд (ин асоси боэътимоди, барои тамоми шахсони ху- куки вобаста ба шакли ташкилию хукук якранг ва ногузир буда, аз хаёлоти номгузор вобаста нест, онро конунгузор пе- шаки муайян кардааст).
Дар кисми асосии номи фирмави ишора ба шакли таш- килию хукуки шахси хукуки, навъ ва дигар тавсифоти он карда мешавад. Кобили зикр аст, ки ба маънои асли ин маълумот номи фирмавиро ташкил намедиханд (дар хар су- рат ин масъала бахснок буда, асосноккунии кисми иловаги- ро бошад, дар доираи талаботи конунгузор муайян кардан мумкин аст. иловагиро талаб мекунад). Дар акси хол дар конунгузории ЧТ зарурат ба алохида нишон додани маълу- мот дар бораи шакли ташкилию хукуки ва номи фирмави намемонд. Ва ё КГ дар хар маврид такрор намекард, ки номи фирмави бояд шакли ташкилию хукукии ин ё он шахси хукухоро дар бар гирад. Масалан, дар к. 2 м. 94 КГ омада- аст, ки номи фирмавии чамъияти дорои масъулияти махдуд бояд номи чамъият ва ибораи «дорои масъулияти махдуд»- ро дошта бошад. Дуруст муайян кардани масъалаи мазкур ахамияти калони амали дорад. Масалан, дар як махал ба хамон як фаъолият ду шахси хукуки бо номи «Саховат» фаъолият доранд, танхо якеаш чамъияти сахоми ва дигараш чамъияти дорои масъулияти махдуд аст. Вобаста ба он, ки макомоти хукуктатбиккунанда кадом мавкеъро ишгол меку- нанд, ду фикри мухолиф пайдо шуда метавонад: яке чунин амалро чоиз медонад, дигаре вайронкорй. Ба андешаи мо мавкеи якум дурусттар аст.
Кисми дуюми номи фирмави худи номи шахси хукукии тичоратиро дар бар гирифта, мумкин аст дар навбати худ аз ду кисм иборат гардад:
- кисми иловагии хатми. Доштани он барои тамоми шахсони хукуки хатми аст. Масалан, дар номи фирмавии ЧДММ «Корвон», калимаи «Корвон» кисми иловагии хатми мебошад. Махз хамин кисм асосан тафовутро таъмин меку- над, вагарна дар хамон махал ба хамон фаъолият мумкин аст даххо чамъиятхои дорои масъулияти махдуд фаъолият намоянд. Ба сифати чунин ном хама гуна ифодахои шарти, кисмхои хос, номхои чугрофи ва гайра баромад карда мета- вонанд;
- кисми иловагии гайрихатми. Ин кисм аз салохдиди ху- ди шахс вобаста буда, мумкин аст дар таркиби номи фир- мави нишон дода шавад, мумкин аст не. Масалан, ЧСК ком- бинати равганбарории «Дусти».
Бо максади таъмини боэътимод ва гумрох накардани истеъмолкунандагон, инчунин амалишавии назорати дуру- сти давлати зарур аст, ки номи фирмави ба як катор талабот чавобгуй бошад. Ин талаботро баъзан чун принсипхои номи фирмави ва ё аломатхои он низ барраси мекунанд.
Дар натичаи тахлили меъёрхои конунгузории амалку- нанда чунин талаботро нисбати номи фирмави нишон додан мумкин аст:
- номи фирмави бояд ишора ба шакли ташкилию хукуки дошта бошад;
- номи фирмави бояд вокеи бошад. Вокеи будани номи фирмави бояд махдуд шарх дода шавад. Масалан, ЧДММ «Ганч» ва ё ЧСК «Марворид» харгиз маънои онро надорад, ки ин шахси хукуки бо ганчу марворид сарукор дорад. Во- кеият бояд дар доираи талаботи конунгузори бошад, маса- лан, шакли ташкилию хукуки, навъи шахси хукуки – хусуси ё
- номи фирмави бояд нав бошад. Нав будани номи фир- мави маънои хатман асли ва нотакрор будани номро надо- рад. Сухан дар бораи кобилияти тафовутгузории шахсони хукуки ва гумрох накардани шахсони сеюм меравад. Муво- фики м. 34 Конуни «Дар бораи бакайдгирии давлатии шах- сони хукуки ва сохибкорони инфироди» макомоти анчомди- хандаи бакайдгирии давлати хукук дорад, агар бо худи хамон ном дар худуди ЧТ шахси хукукии дигар ба кайд ги- рифта шуда бошад, бакайдгирии давлатиро рад намояд. Татбики амалии он дар шароити набудани имконияти ташхиси хуччатхои таъсисии шахси хукуки, набудани Фехристи ягонаи шахсони хукуки ва манбаи ягонаи иттило- оти дар худуди Точикистон (дар дигар давлатхо он тараф истад) душвор ва имконнопазир аст;
- истифодаи номи фирмави бемухлат мебошад. Ханго- ми таъсиси шахси хукуки катъи номи он кайду шарт карда намешавад. Устувории номи фирмави боиси устувории иштироки он дар фаъолияти сохибкори, ноил шудан ба максадхои худ буда, бо ин васила устувори ва инкишофи му- носибатхои молумулки таъмин карда мешавад. Дар сурати тагйир ёфтани шакли ташкилию хукуки ва номи фирмави ба Фехристи ягонаи давлати низ бояд тагйироти дахлдор ворид карда шаванд (м. 26 Конуни ЧТ «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди»).
Табиати устувори ва бемухлат будани номи фирмави маънои онро надорад, ки он абади аст. Бо бархамхурдани шахси хукуки ва ё дар баъзе шаклхои азнавташкилёбии шах- си хукуки хукук ба он катъ мегардад;
- номи фирмави бояд бо забони давлати бошад (ба ис- тиснои номхои фирмавие, ки то 1 июли с.2009 ба кайд ги- рифта шуда буданд);
- ба номи шахси хукуки дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расми (номи давлат), ба унсурхои аснод ё маводи рекламавии шахси хукуки дохил кардани чунин ном ё унсурхои рамзи давлати мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумати ЧТ ичозат дода мешавад;
- номи арбобони давлати, чамъиятию сиёси, мухофизо- ни Ватан, ходимони илм, маориф ва фарханг хангоми дар ха- ёт буданашон ба корхонахо, ташкилоту муассисахо дода намешавад. Сухан дар иртибот бо посдории онхо меравад, бинобар ин, аз чониби худи онхо ва ё бо розигии онхо чунин номгузори дар сохторхои гайридавлати чоиз аст;
- номи фирмави наметавонад хилофи манфиатхои ом- мави ва принсипхои инсондустию ахлок (маънавиёт) бошад (м. 3 ва 10 КГ);
- талаботи чудогона нисбат ба шахсони хукукии ало- хида: номи корхонахои вохиди давлати ва дар холатхои пеш- бининамудаи конун ташкилоти дигари тичорати бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси хукукиро дошта бошад; номи (номи расми) субъекти фаъолияти сугуртави – шахси хукуки бояд калимахоеро, ки намуди фаъолияти амалишавандаро дарч менамоянд: «сугурта», «азнавсугуртакуни», «брокери сугуртави» ё иборахои аз чунин калимахо хосилшударо дош- та бошад; калимахои «ташкилоти карзи», «бонк», «ташкило- ти карзии гайрибонки» ё калимахои аз онхо ба вучуд омада дар хар шакле, ки набошад, наметавонад нисбат ба фаъоли- ят ё хизматрасони бе ичозатномаи БМТ истифода шаванд, ба истиснои чунин истифодабарие, ки мувофики конун ё шартномахои байналмилали мукаррар ё эътироф шуда бошад ё дар матне, ки калимаю иборахои номбаршуда исти- фода шудаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти бонкиро дар назар надорад; намояндаги калимахои «ташкилоти карзи» ё калимаи «бонк»-ро дар номи худ набояд истифода барад, ба гайр аз холатхое, ки калимахои «ташкилоти карзи» ё кали- маи «бонк» кисми чудонопазири номи ташкилоти карзи ё бонки хоричиеро ифода кунад, ки онхо ба у тааллук доранд ба шарте, ки дар чунин холатхо калимаи намояндаги илова карда шавад ва гайра.