Главная / Илм / Тарз ва усулхои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

Тарз ва усулхои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрчанба (истехсолй, ичтимой, тичоратй, бурунмарзй) буда, тахти услубхои бозор ва конунхои объективии иктисоди, дар бахш ва хавзахои гуногуни иктисод карор дошта, идора ва танзим карда мешавад.

Фаъолияти хочагидории фирма дар асоси услуби тархрези (банакшагирй), муайян намудани раванди коркарду тахия, тарзу услуби амалиёти хозираю оянда, хачму меъёри кор, ноил гаштан ба максади наздик ва натичахои волотарини истехсоли, баланд бардоштани сифату самараноки ва ба даст овардани даромаду фоидаи баланд сурат мегирад.

d21f97d7

Асоси онро тархрезии фаъолияти дохилифирмави, барномасозии фаъолияти халкахои асосии истехсоли, тахия наму- дани накшахои чори, кутохмухлат, дарозмухлат ва дурнамою пешгуихои иктисоди ташкил менамояд.

Фаъолияти фирма дар шароити бозор дар асоси накшаи – сохибкорй (бизнес – план) ташкил карда мешавад. Он хамчун накшаи тараккиёти комплексии фирма, хуччати асосноккунии сармоягузорон, тахлили бозор, муайян намудани стратегияи маркетинг, ташаббус ва гайра ба рох монда мешавад.

Таъмини фаъолияти муозинии фирма дар шароити бозор, бевосита аз сатх ва дарачаи идоракунии он алокаманд мебошад.

Идораи корхона дар асоси усули идораи иктисоди, ки чорчубаи онро хавасмандй, шавку хавас, ангеза, чавобгарии субъект ва агентхо (намояндахо)-и иктисоди ташкил медихад, сурат мегирад.

Идораи корхона хамчун менечмент (маъмурият, мудирият) ташкил мегардад. Он бо максади:

  • окилона ташкил намудани фаъолияти истехсолй, тичоратй, даромаднокию самаранокии истехсолот;
  • таъмини мухити солим дар байни коргарону коллектив;
  • сари вакт ташкил намудани хизматрасони, навкунии раванди истехсолот, кор карда баромадани навъхои нави махсулот;
  • баланд бардоштани сифати махсулот, музди кор;
  • бехтар намудани шароити мехнат, манзилу истирохат;
  • таъмин кардани чараёни тархрези, такмили техникаю технология;
  • дуруст ба рох мондани таксими даромаду фоида ва гайра ташкил карда мешавад.

Тархрези ва идораи фирма бидуни дарку омузиш ва тадкикоти бозору бозоршиноси, яъне маркетинг имконнопазир мебошад.

Яке аз хислатхои хоси корхонахои муосир дар он аст, ки дар он шуъбаи маркетинг ташкил карда шуда, ба зиммаи он сарварии дигар шуъбахо (истехсоли, таъминот, молия, идора, технология) гузошта шудааст. Ба зиммаи он масоили гуногуни дохилифирмавй:

  1. тахкик ва тахлили бозори худи, дарёфти бозори нав, фуруши махсулот, назорат ба кобилияти харидории омма;
  2. муайян намудани вазъ ва холати муомилот, такозо ва арзаи молу махсулот, сиёсати нарху нархгузори, таъмини иттилоот оиди дигаргунсозихои таркибии иктисодию ичтимои;
  3. омухтани истеъмолкунанда, рафтор ва хулку атвори он дар бозор;
  4. тахлили шакл ва роххои бехтарини таъминоту фуруши махсулот;
  5. омухтани ракибон ва ракобатпазирии онхо, рохдои бехтарини чобачогузории фаъолияти истехсоли ва тичоратии корхона ва гайра вогузошта мешавад.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …