Главная / Чамъият / Ташхис барои ВНМО. Риоя намудани махфияти натичаи ташхис

Ташхис барои ВНМО. Риоя намудани махфияти натичаи ташхис

Мукаррар намудани ташхиси инфексияи ВНМО чараёни мураккаб ва масъулиятнок аст.

Соли 2008 бо карори Хукумати Чумхурии Точи- кистон «Тартиби азназаргузаронии тибби бо мак- сади ошкор сохтани сирояти ВНМО, бахисобгири, муоинаи тиббии сироятшави ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онхо», руйхати шахсони хатман ба таври махфи аз ташхиси тибби гузаранда барои муайян кардани инфексияи ВНМО аз руйи нишондихан- дахои эпидемиологи тасдик шудааст.

Ташхисро (бе нишон додани ному насаб ва рой- гон) метавон дар марказхои ВНМО гузашт.

Ташхиси инфексияи ВНМО танхо дар асоси тах- лили лаборатории хун ва мавчудияти зиддулбадан (антител) ба ВНМО гузаронида мешавад. Тестгуза- рони барои ВНМО то гузаронидани тахлил ва баъд аз гирифтани натичахо анчом дода мешавад. Му- рочиат кардан барои аз тест гузаштан ва натичахои он иттилооти махфи буда, пинхон нигох дошта ме- шавад.

Рохбарон ва дигар кормандони муассисахои сохаи маориф, кормандони тиб, ки ба онхо бо саба- бу вазъиятхои гуногун дар бораи ВНМО-и хонан- да ва ё хешовандони наздики у (волидон, хохарон, бародарон) маълумот медиханд, вазифадоранд, ки махфияти онро нигох доранд. Дар акси хол, онхо мутобики конунхои амалкунанда ба чавобгарии ин- тизоми, маъмури ва ё чинояти кашида мешаванд.

Хангоми ба интернат ва ё хонаи кудакон супурда- ни кудак ва навраси ВНМО-дошта, ки бе сарпараст мондаанд, оид ба сирояти у ба рохбар (ё намояндаи конунии кудак) ва корманди тиббии муассисаи ном- баршуда иттилоот дода мешавад. Рохбарон барои ба кормандони дигари муассисаи таълими расони- дан ё нарасонидани иттилооти мазкур карор кабул мекунанд.

Бо дарназардошти тавсияи табиби муолича- кунанда дар муассисахои таълими масъалаи дар бахшхои варзиши ва дарсхои тарбияи чисмони иштирок кардани хонандагони бо ВНМО зиндаги- кунанда ба таври фарди хал карда мешавад.

Агар саломатии кудак имконият надихад, ки вай бо варзиш машгул шавад ё дар дарсхои тарби- яи чисмони иштирок кунад, пас бо тавсияи табиби мактаби у муваккатан аз машгулияти варзиши озод карда мешавад. Агар дар ин маврид нишондоди махсуси тибби вучуд надошта бошад, пас муасси- саи таълими хукук надорад, ки дастрасии хонандаи бо ВНМО зиндагикунандаро барои иштирок дар машгулиятхои гуногуни варзиши ва махфилхо мах- дуд кунад.

Ба таври фарзи ин метавонад дар холате руй дихад, ки агар хуни хонандаи ВНМО-и мусбатдошта ба захми каси дигар афтад. Дар холати сар задани хунрави дастпушаки резини пушида, хунравиро боздошт, баъд аз он захмро бо антисептик коркард намуда, бо пластир ва ё латтабандак бастан лозим аст. Сониян, агар ба тахта, мебел, тачхизоти вар- зиши ва воситахои дигар хун чакида бошад, тавсия дода мешавад, ки он бо дастпоккунаки когази ва ё латтакухна тоза карда, бо махлули безараргардо- нанда (дезинфексиони) коркард шавад.

Латтаи хунолударо ба халтаи полиэтилени ги- рифта ба партовчой партофта, либоси хунолудаи хонандаро ба халта андохта, махкам баста ба хона бурда медиханд. Пас аз расонидани ёрии аввал ва тоза кардани чою хона дастхоро бо собун шустан лозим аст.

Тадбирхои хаматарафаи эхтиёти инхоро дар бар мегирад:

  • хатман риоя кардани низоми санитарию гиги- ени ва низоми зиддиэпидеми, аз чумла дастраси ба оби тоза ва воситахои химояи фарди;
  • дар муассисахои таълими ба вучуд овардани шароити хуби бехатарии тарбиягирандагон, хонан- дагон ва кормандон;

– пешгирии латхури ва холатхои садамави;

  • истифодаи бехатару дуруст нигох доштани воситахои халандаву буранда;
  • назорати холати пусти бадани кормандон ва хонандагон. Ба кор рох додани кормандону хонан- дагони захмдошта (буридаги, харошидаги, канда- ги ва гайра) танхо баъд аз коркарди пусти бадан бо воситахои дизенфексиякунанда ва гузоштани банд, пластир ва гайра;
  • риоя намудани тадбирхои эхтиётии хаматара- фа ва истифодаи воситахои бехатарии фарди (даст- пушакхои резини, руйпушакхо, айнак ва г.) дар хо- лати расонидани ёрии аввали тибби барои комилан рох надодан ба имкониятхои алока бо хуни дигар ва дигар махлулхои биологии бо хун омехта;
  • дар холати набудани дастпушак хангоми расо- нидани ёрии аввал ба латхури, аз маводди пешидаст- буда (халтахои полиэтилени, матои обнагузаронан- да…) истифода бурдан;
  • коркард ва таъмин кардани муассиса бо «тар- тиби хабаррасони» дар холати ба вучуд омадани латхури ва холати садамави;
  • ташкил ва таъмин кардани истифодаи усулхои бехатари партовхо, воситахои химояи фардии исти- фодашуда, ашёи гуногуни бо хуну дигар махлулхои биологи олудашуда (сузандорухо, сузанхои дар ма- сохати муассисаи таълими ёфташуда);
  • таъмин намудани коркарди мукаммали (бо истифодаи воситахои дизенфексиякунандаи тавсия- шуда) воситахои бо хун олудашуда, тачхизот, мебел, либос ва гайра.

Оё аз намуди зохирии инсон дар у мавчуд будани ВНМО-ро муайян кардан мумкин аст? Мутаассифо- на, аз руйи намуди зохирии инсон ВНМО-ро муай- ян кардан имконнопазир аст. Хамчун коида, инсони мубталои ВНМО то дер вакт ягон аломати бемориро хис намекунад. Вай тарзи зиндагии одатиашро идо- ма медихад – мехонад, кор мекунад, вазифаи хар- рузаашро ичро мекунад ва бо хамин худро комилан солим хис мекунад.

Вале аз давраи ба организм дохил шудани ВНМО инсон бемор будани худро надониста, метавонад онро ба одамони дигар гузаронад. Ошкор кардани ВНМО танхо баъд аз тесткунонии ВНМО имконпа- зир аст. Донистани ВНМО имкон медихад, ки инсон сари вакт муоличаро огоз намояд ва барои ба ода- мони дигар нагузаштани вирус тадбирхои зарури андешад.

Бо максади пешгири аз хама гуна беморихои си- рояти чавононро лозим аст, ки пеш аз хама, тарзи хаёти солимро пеша карда, бештар ба варзиш шугл варзанд. Чихати инкишофи хамачонибаи чисмонии кудакон ва хифзи саломатии онхо волидон ва па- расторону васиён ва ё шахсони онхоро ивазкунанда вазифадоранд, ки ба онхо шароити мусоид фарохам оваранд ва худ намунаи тарзи хаёти солим бошанд.

Саволхо

1.Кадом беморихоро беморихои чинси мено- манд?

2.Оё беморихои венерики табобат доранд?

З.Окибати табобат накардани беморихои вене- рики ба чи оварда мерасонад?

  1. ВНМО чист?
  2. Гирифтор шудани инсон ба бемории ВНМО бо кадом роххо имконпазир аст?

6.Оё дар натичаи истифодаи асбоби рузгор ВНМО аз шахси бемор ба одами солим гузашта ме- тавонад?

Инчунин кобед

meroj

Меърочи Паёмбар Мухаммад- сафари як шаба аз Масчиду-л-харом ба Масчиду-л-аксо

МУКАДДИМАИ ХИЧРАТ ба Ясриб (Мадина). Пас аз ходисоти Тойиф, Мухаммад интизори мавсими хачро мекашид, то …