Моддахои захролудсоз – бофтахои кимиёвие мебошанд, ки коди- ранд одамон ва хайвонотро дар майдонхои калон нобуд созанд, ба ин- шооти гуногун ворид шаванд, чойхо ва обанборхоро захролуд созанд. Ин моддахо дар ракетахо, бомбахои авиатсиони, гулула ва минахои туп- хона (артиллери), фугасхои кимиёви чойгир карда мешаванд. Моддахои захролуд мумкин аст шакли моеъ, газ (буг) ва аэрозолхо (дуд, туман) дошта бошанд. Онхо ба воситаи роххои нафас, узвхои хозима, меъда, пуст ва чашм ба бадани инсон дохил мешаванд. Аз руйи таъсир ба бада- ни инсон моддахои захролуд ба асаби – паралитики; пусти, бугикунанда, захрдор, табларза ва психохимияви чудо мешаванд. Моддахои захро- лудсози асаби – паралитики асабро аз кор мебароранд. Онхо ба воситаи роххои нафас дар холати ба моеъ ва буг монанд ба воситаи пуст, инчу- нин, ба воситаи хурок ва об ба аъзои бадани инсон дохил мешаванд. Ин моддахои захролудсоз аз хама хавфноканд. Барои несту нобуд сохтани инсон хачми хурди онхо кифоя аст. Аломатхои захролудшави: рафтани оби дахон, хурд шудани гавхараки чашм, нафастанги, дилбехузури, кай- куни, табларза ва шалшави мебошад. Ба сифати воситахои хифзи фарди
- никоби зидди газ (противогаз) ва сарулибоси мухофизаткунанда исти- фода мешаванд. Барои ба зарардида ёрии аввалин расонидан ба у пеш аз хама никоби зидди газ мепушонанд ва ба баданаш бо ёрии сузандо- ру (тюбик) ё ба воситаи нушонидани дору моддаи зидди захролудшави ворид менамоянд. Хангоми ба пусти бадан ё сарулибос афтодани мод- дахои захролудсози дорои таъсири асаби-паралитики, чойхои зарар- дида бо махлули махсуси зидди силохи кимиёви тоза карда мешаванд. Моддахои захролудсози ба пусти бадан таъсиррасонанда (инрит) бо таъсири бисёртарафаи нобудсозашон фарк мекунанд. Дар холати моеъ ва буги онхо пуст ва чашм, хангоми ба дарун нафас кашидани бугхо – роххои нафас ва шуш; хангоми бо хурок ва об ба узвхои дарун афтодан
- аъзои хозимаро аз кор мебароранд. Хусусиятхои фарккунандаи инрит
- мавчуд будани давраи таъсири нихони, ки танхо пас аз чор соат ва аз он зиёд пас аз захролудшави муайян мешавад. Аломатхои захролуд- шави- сурх шудани пуст ва пайдо шудани обилачахои хурд, ки пас аз 1-2 шабонаруз калон шуда, мекафанд ва ба захмхои дертабобат табдил меёбанд. Дар хамаи холатхои захролудшавии макон моддахои захро- лудсоз боиси захролудшавии бадани инсон мегарданд, ки дар ин холат харорати бадани инсон баланд шуда, бехол мегардад. Дар шароити ис- тифодаи моддахои захролудсози ба пуст таъсиррасонанда никоби зидди газ ва сарулибоси махсус пушонидан лозим аст. Хангоми ба пуст ё са- рулибос афтодан ин моддахо бо моеи дар халтаи шахсии зиддикимиёви буда бартараф карда мешаванд. Моддахои захролудсози бугикунанда (фосген) ба бадани инсон ба воситаи нафаскаши таъсир мерасонад. Ало- матхои захролудшави – мазаи ширинии нофорам дар дахон, сулфа, сар- чархзани ва бехоли. Ин холат баъди аз нуктаи захролудшуда баромадан мегузарад ва шахс худро хуб хис менамояд.
Аммо дар ин холат инсон дар бораи таъсири он, ки боиси об шуда- ни шуш мешавад, фикр намекунад. Пас аз ин нафаскаши душвор шуда, сулфаи тар, дарди сар, харорати баланд, нафастанги, дилзани пайдо ме- гардад. Хангоми захролуд шудан ба чабрдида никоби зидди газ мепу- шонанд, аз майдони захролудшуда мебароранд, гарм мепечонанд ва дар чойи нисбатан ором нигох медоранд. Ба чабрдида нафаси сунъи додан хеч мумкин нест. Моддахои захролудкунандаи дорои таъсири умумии захролудсоз (кислотаи синали хлорсиан) танхо хангоми ба дарун каши- дани нафас аз хавои бо бугхои онхо захролудшуда таъсир мерасонанд. Аломатхои захролудшави – мазаи охак дар дахон, хоридани гулу, чарх задани сар, бехоли, дилбехузури, табларза ва шалшави мебошад. Ба- рои аз онхо худро химоя намудан танхо аз никоби зидди газ истифода бурдан кифоя аст. Барои ба чабрдида ёри расондан ба бадани у ва ба зери шлем – маскаи никоби зидди газ ампулаи зидди захролудшави гу- заронидан лозим аст. Дар холатхои вазнин ба чабрдида нафаси сунъи медиханд, гарм мекунанд ва ба нуктаи тибби мефиристанд. Моддахои захролудсози дорои таъсири хориш (С8, адамсит ва г.) дард ва сузиши сахт дар дахону гулу ва чашмхо, ашкрезии сахт, сулфа, душвор шудани нафаскаширо ба вучуд меоранд. Моддахои захролудсози дорои таъсири психохимияви (ВХ- би-зед) ба системаи марказии асаб таъсири махсус расонда боиси вайроншавии асаб ё чисм мешаванд. Дар сурати таъсир кардани моддахои захролудсоз, ба узвхои зарардидаи бадан магзоба молида, чашму биниро бо оби тоза шуста, сару либосро хуб такида ё бо чутка тоза кардан лозим аст.