Хиндустон мамлакати кишоварзи мебошад. Дар ин соха такрибан 70 дарсади ахоли шугл дорад. Он аз 1/3 хиссаи даромади миллии мамлакатро медихад. Солхои охир барои инкишоф додани кишоварзи давлат дар мамлакат ислохот гузаронид, ки онро «инкилоби сабз» меноманд.
Мувофики максад ваталаботи ислохотдар мамлакат заминдории помешикиро махдуд намуда, ба дехконони безамин ва камзамин замин дода, хдракати ба кооперативхо муттахид шудани дехкононро дастгирй намуд. Мувофики барномаи «Тараккиёти обшинй» давлат ба кооперативхо ёрдами молиявию техникй мерасонад. Дар як вакт зимни тачрибаи пешкадами корхонахои давлатй дар байни аъзоёни кооператив усулхои самарабахши агротехники (коркарди хок)-ро пахн менамояд. Барои харидани тухмии хушсифат, нурихои минералй ва техникаю тачхизотхои сохаи кишоварзй давлат карз медихад. Дар шароити иклими муссонй барои ба даст овардани хосили устувор давлат ба васеъ намудани масохати замини обёришаванда диккати чиддй медихад. Дар мамлакат иншоотхои калони гидротехники сохта шудаанд. Дар натича масохати заминхои обёришаванда ба 84 млн гектар расонида шуд. Хдмаи ин чорабинихо дар шароити махдуд будани имконияти васеъ намудани замини кишт бо усули интенсивй тараккй додани кишоварзй равона карда шудааст.
Дар таркиби сохавии кишоварзии ХинДустон зироат- чигй мавкеи асосиро ишгол менамояд. Вай такрибан аз 4/5 хиссаи махсулоти кишоварзиро медихад. Хиндустон аз чихати чамъоварии чой, арахис (чормагзи заминй), рапс, чут ва найшакар дар чахон чойи дуюмро ишгол менамояд. Дар истехсоли чахонии тамоку чойи сеюмро ишгол менамояд. Аз чихати чамъоварии пахта ва гандум бошад, дар микёси чахон чойи чахорумро мегирад. Хиндустон ба микдори зиёд каучук ва кахва низ истехсол менамояд. Аз зироатхои галладонагй бештар шолй, гандум, чав, арзан, чуворй кишт карда мешавад. Захирахои солонаи гандум кариб 50 млн тоннаро ташкил менамояд. Хиндустон яке аз содиркунандаи калони галла мебошад. Хдр сол бештар аз 450 хазор тоннаи онро ба хорича мебаранд. Ба катори галладонагихо зироатхои лубиёгй хам кишт менамоянд. Баробари афзудани чамъоварии галладона ва дигар навъхои озукаворй аз хорича овардани хурокворй нисбатан кам шуд. Барои он ки солхои охир 85 дарсади замини киштро барои парвариши хурокворй истифода мебаранд.