Тибки талаботи конуни мазкур фарзанди болигу кобили мехнат ухдадор аст, ки падару модари худро нигохубин ва таъмин намуда, онхоро аз чихати модди ва маънави даст- гири намояд (к. 1. моддаи 10). Тахти мафхуми фарзанди болигу кобили мехнат шахси вокеие фахмида мешавад, ки ба балогат, яъне ба синни 18-солаги расидааст. Чу- нин масъулият ба зиммаи фарзанд дар холате гузошта мешавад, ки фарзанд дар баробари болиг будан кобилияти мехнат низ дошта бошад.
Яъне фарзандони болиге, ки кобилияти кор кардан надоранд ва худ нафака ва ёрдампули мегиранд, аз ичрои ухдадорихо доир ба нигохубин ва таъмини падару модар аз чихати модди ва маънави озод мебошанд.
Эхтиёчоти падару модар нисбат ба кумак ва гамхори аз чониби фарзанди болигу кобили мехнат дар холате ба вучуд меояд, ки падару модар барои зиндагии арзанда бо саба- би нарасидани имкониятхои модди (нафака, кумакпули) танкиси мекашанд.
Дар зери мафхуми аз чихати модди дастгири намудан – бо маблаг, маводи гизои, воситахои санитарию гигиени, ли- бос, пойафзор ва дигар ашёи аввалия таъмин намудани па- дару модари дастнигар фахмида мешавад. Аз чихати модди дастгири намудан дастгирии маънавиро истисно намекунад, зеро аз ин амали фарзанд падару модар рухан шод мегар- данд. Дастгирии маънави дар гамхори ва дигар намуди ёрии маънави тачассум меёбад, ки аз он рухияи маънавии падару модар баланд бардошта мешавад.
Бояд зикр кард, ки фарзандони болиг хамчун анъанаи милли ухдадорихояшонро ихтиёран ичро менамоянд. Онхо барои чунин корро анчом додан метавонанд оид ба пардохт намудани алимент созишнома баста, дар асоси он ба падару модари ба кумак мухточи худ, ёрии модди расонанд (мод- даи 88-и Кодекси оила). Дар сурати набудани созишнома, тартиби судии руёнидани алимент мукаррар карда меша- вад. Андозаи алименти хар мох руёнидашаванда аз тарафи суд бо маблаги устувор муайян карда мешавад. Хамзамон бо ин, барои ичро накардани ухдадорихо оид ба нигохубин ва таъмини падару модар аз чониби фарзандони болиги ко- били мехнат ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд. Ча- вобгарии чинояти хангоми бадкасдона, яъне бидуни сабаб- хои узрнок бештар аз се мох саркаши намудани фарзандон аз ичрои халномаи суд доир ба пардохти маблаг чихати таъ- миноти падару модари гайри кобили мехнат ё эхтиёчманди ёрии модди татбик карда мешавад. Дар зери мафхуми сар- каши кардан аз пардохти маблаг барои нигохубини падару модар, дидаю дониста даст кашидан аз пардохти маблаги алимент, пинхон доштани музди мехнат ва чойи кор ва монанди инхо дар назар дошта мешавад. Хавфнок будани кирдори мазкур дар он ифода меёбад, ки дар натичаи ичро накардани ухдадорихо оид ба нигохубини падару модар ша- роити моддии онхо зери хатар гузошта мешавад, зеро во- баста ба синну сол ва гайри кобили мехнат буданашон па- дару модар имконияти мустакилона ба даст овардани чизу чораеро, ки барои зиндаги лозим аст, надоранд.