УСЛУБИ БАДЕИ

Матни услуби бадеиро бегалат кироат кунед ва бигуед, ки дар интихоб ва мавкеи истеъмоли калима, унсурхои калимаю шакл- сози, колабхои чумлабанди ва ороиши сухан кадом хусусиятхои он услуб мушохида мешаванд.

tag_t1441611853rfe4f30

Ин андешахо ва мулохизахо хирмани сабр ва шикебоии Бибиоишаро ба бод медод(4). Баъд аз соате, ки Одина аз хона дур шуд, Бибиоиша хост ба хой-хой гириста нола ва фарёд ба- роварад, лекин, аз он чое ки ин гуна фарёди бемахал сабаби фош гардидани рози Одина ва боиси гирифториаш мешуд, ночор охи сарде аз дили пурдард кашида, лаб фуру баст(4). Аммо чунон лаб фуру бастане, ки дарунаш аз оташи чудои(1) ва фирок чун кураи ангиштгарон(2) аланга мезад. Оре(3), аз ду чашми хунбораш(2) сиришк равон шуда, кушиш мекард, ки ин оташро ба кадре фуру нишонад(1) (С.А.).

  • Кадом пайвандаки хилофи вазифаи чумлабандиро ва кадоме вазифаи матнсозиро ба чо овардааст?
  • Пайвандаки аз он чое ки дар забони адабии имрузаи точики ба кор бурда мешавад?

г!’ Матн ба шохаи насри услуби адабиёти бадеи тааллук L • j дорад. Нависанда дар он холати рухии кахрамони асар- ро тасвир намудааст, бинобар ин баёни фикр дар чорчубаи за- бони меъёри сурат мегирад. Муаллиф баробари калимахои умумиистеъмоли соат, дил, лаб, чашм, бемахал, пурдард, да- рун, ночор, дур шуд, гириста ва гайра калимахои адабии кито- бии роз, гирифтори, сиришк, хунбор, фуру нишондан, кали- маю истилохоти касби, ки доираи истеъмолашон хеле махдуд аст: кура, ангиштгар, вохиди фразеологии гуфтугуйии хой- хой гиристан, ох кашидан ва адабии китобии лаб фуру бастанро ба кор бурдааст. Муродифхои лугавии гиристан, нола ва фарёд кардан бо тобишхои маъно аз хамдигар фарк мекунанд. С.Айни онхоро дар як чо оварда, мафхуми холатро пурра ифода кардааст. Муродифхои чудои ва фирок низ бо то- биши нозуки маъно аз хамдигар фарк мекунанд, бинобар ин дар матн пайихам омада, маъноро пурратар мекунанд. Муродифхои сабаб // боис бо максади гурез аз такрори кали- ма кор фармуда шудаанд.

Дар ин матн бо максади муассир тасвир намудани хола- ти рухии кахрамони асар аз мачоз: охи сард, оташи чудои ва фирок, сиришк… кушиш мекарД, ки оташро фуру нишонаД, киноя: чашми хунбор, ташбех: монанди кураи ангиштгарон, сачъ: охи сард аз дили пурдард кашида истифода шудааст.

Нависанда холати рухии Бибиоишаро бо чумлахои му- раккаб батафсил баён мекунад. Бо пайвандаки аз он чое ки ба сарчумла алокаманд намудани чумлаи пайрави сабаб низ унсури грамматикии забони адабии китобист, ки дар забони имруза доираи истеъмоли он махдуд гардидааст. Чумлаеро бо сухане ба поён расонида, чумлаи дигарро бо айни хамон суханон огоз намудан яке аз он воситахои муассири нахви – такрори силсилабанд (аннодоплозис) ба шумор меравад: … лаб фуру баст, аммо чунон лаб фуру бастане… Бо хиссачаи оре таквият бахшидан ба тасдики фикри каблан ифодаёфта низ баёни матлаб ва тасвири холатро таъсирбахш мегардо- над: Оре, аз ду чашми хунбораш…

  1. Матни зеринро бо матни боло мукоиса кунед ва хатти шарх дихед, ки Ахмади Дониш либос, асбоби зебу ороиш ва хусну ча- моли занро чи тарз тасвир кардааст. Дар матн матлаб ба тарики хикоят, тасвир ва ё мухокима ифода ёфтааст?

Аз он чо ки либоси занони он диёр то камар танг аст ва аз камар то доман фарох, то ба хадде ки, агар аз дари хона дарун шаванд, доман аз дахлез берун бувад(4,7). Ва аз тахти камар- банди(2) худ аз риштаи харир миёнбанде(2) дигар доранд… Ва бар гуш овезаи(2) алмос ва дурр(1) ва булур ва тиллои тулони. Ва сафхаи баногуш, ки аз гояти сафо раг ва харакати хун аз тахти чилои он дида мешавад, чун шуои овеза бад-он(1) зам гардад, шамъе дар мукобили оина аст(4). Бад-он зебу зин- нат(1) чун бархезанд(2), акл аз кохи димог ба парвоз ояд ва чун бинишинанд, чон дар хучраи дил хомуш гардад(4).

Л у г а т:

Тулони – дароз.

Сафо – равшани.

Сафха – сахифа, руйи вараки китоб, дафтар; руйи (сатхи) хар чиз. Дар ин чо ба маънои руйи пусти сафед ва шаффофи зери баногуши зани сохибчамол омадааст.

  • Чаро чанд чумлаи матн бо пайвандаки ва огоз ёфтааст?
  • I 2) Дар ифодахои акл аз кохи димог ба парвоз ояд, чон дар хучраи дил хомуш гардад кадоме аз калимахо ба маънои асли ва кадоме ба маънои мачози омадааст?
  • Пайвандакхои аз он чо ки ва то ба хадде ки кадом хели чум- лахои пайравро бо сарчумла алокаманд кардаанд?
  1. Шеърро фасех кироат намуда, мазмунашро накл кунед. Сипас шарх дихед, ки байни ин ду тарзи ифодаи як мазмун чи тафовут ба вучуд омад.

Дилбари мохпайкари худро

Дидам андар(3) чаман, ки гул мечид(4).

Хори гул дасти он парируро

Карда мачруху у механдид(4).

Гуфтамаш(4): «Ханда чист?» Гуфто: «Гул Бехтар аз худ наметавонад дид» (Адиб Фарохи).

  • Кадом калимахо хоси забони назм (поэтизм) аст?
  • Вожаи Дилбар дар ин чо бо калимаи гул чи гуна муносибати маънои пайдо кардааст?
  • Тавсифи парируро шоир бо чи максад кор фармудааст?
  • Пайвандаки пайвасти пайихами чи тобиши маъно зохир кардааст?
  • Мазмуни чумлаи «Гул бехтар аз худ наметавонад дид»-ро ба тарзи дигар ифода кунед.
  1. Мазмуни чумлаи зерин чист? Бо суханони худ ба дафтар нави- сед ва шарх дихед, ки хамон мазмунро адиб бо кадом унсурхои муассири забон ва санъатхои сухан ифода кардааст? Чунин сабки нигориш хоси назм, насри ривояти ё насри бадеии муо- сир аст?

Он лолаузор беихтиёр чун абри бахор сиришки хунини мо- нанди дурри шохвор бар сафхаи рухсор фуру рехт.

  • Маънои калимаи лолаузор ва иборахои сиришки хунин, Дурри шохвор, сафхаи рухсор чист?
  • Ибораи абри бахор бо сиришк, дурр бо рухсор чи таносуби маънои дорад?
  • Бо чунин санъати лафзи тасвир ёфтани холати шахсро кадом навъи наср меноманд?
  1. Матнхои зерин ба кадом услуби баён тааллук доранд ва дар онхо чи гуна унсурхои лугавию маънои ва грамматикии хоси ха- мон услуб мушохида мешаванд?
  2. Харчанд дар хона пинхон мемонам, охир мебояд, ки як руз ба ёру диёр хайрбод гуфта, аз висоли Гулбиби дил канда ба вилоятхои гурбат биравам, лекин барои ман чон кандан на- зар ба дил кандан аз Гулбиби осонтар аст (С.А.);
  3. Чун хуршед сипари заррин барафрошт ва чахон равшан гашт, Сухроб зирех бар тан пушида, аспи кухпайкарашро са- вор шуд,… теги хинди бар миён баст ва бар фарози тале баро- мада, ба лашкаргохи Ковус назар андохт (Достонхои “Шохно- ма”);
  4. Бод гулбез шуду бар сари гул жола чакид, Об дар чую зи перохани чу сабза дамид. Гул зи рух пардаю наргис ба чаман чашм кушод, Сарву шамшод каду мурги чаман нола кашид. Хуррам он дил, ки бахорон пайи тартиби димог Бонги мурги чаману буйи гули тоза шамид (Камол).

?! 1) Таъбирхои дил кандан ва чон кандан чи гуна вохиди забо- нанд? Нависанда онхоро бо кадом максад ба тарзи киёс кор фар- мудааст?

  • Калимаи гурбат ба кадом маъни омадааст ва аз лафзи гуфту- гуйии гурбат накун чи тафовути маънои дорад?
  • Дар матни 2 калимахои сипар, зирех, теги хинди, лашкаргох чи хусусияти услуби ва бо номхои Сухроб ва Ковус чи нисбат доранд?
  • “…хуршед сипари заррин барафрошт” чи маъно дорад ва чаро адиб чунин гуфтааст?
  • Дар матни 3 амали феълхои чакид, дамид, кушод, кашид ва шамид ба чихо нисбат дода шудааст?
  • “пирохани чу” чист?
  • Бонги мурги чаман аз нолаи он чи тафовути тобиши маъно дорад?

Акнун пушаймони суд надошт ва афсусу дарег фоида на- мебахшид, чунки тир аз камон бар хато часта ва мурги мат- лаб аз дом раста буд (С.А.).

  • Калимахои суД ва фоиДа чи гуна вожаанд, пушаймони суД на- Дошт ва афсусу Дарег фоиДа намебахшиД ба хамдигар чи муно- сибати маънои доранд ва нависанда онхоро бо кадом максад ба кор бурдааст?
  • Тир аз камон часта ва мурги матлаб аз дом раста кадом вохиди забонанд ва бо хамдигар чи муносибати маънои доранд?
  • Калимаи наздикталаффузи растан аз рустан чи тафовути маънои дорад?
  • Дар матнхои зерин нависандагон аз кадом имконоти муассири лугавию маъноии ифодаи фикр истифода кардаанд?

Тобут монанди шутури пурбор бисёр ба охистаги рох мерафт. Оре, ин тобут пурбор буд, лекин бораш на он боре буд, ки бо кувваи шутур, асп ва инсон накл ёбад, балки ин бор бори андух ва алам, гам, хасрат, хичрон ва хирмон буд, ки кухпайкарони дунёро камар мешикаст (С.А.).

  • Феъли накл ёбаД ба кадом маъни омадааст ва бо истилохи за- боншиносии нутки айнан ва мазмунан наклшуДа чи алока до- рад?
  • Калимахои бор, пурбор бо чи максад такроран кор фармуда шудаанд?
  • Хиссачаи оре чи вазифаи услубиро адо кардааст?

Нихоят горатгарон аз назди мо дур шуданд. Бори мо хеле сабук шуда монд. Бори сабуки ашёро ба хар ва бори гарони гамро ба дил нихода равон шудем (С.У.).

  • Дар ин чумла калимаи бор ба маънои асли омадааст ё мачози?
  • Калимаи хар аз маркаб, нихоДан аз гузоштан ва монДан чи тафовути маънои ё услуби дорад?
  • Дар иборахои бори сабуки ашё ва бори гарони гам сифатхои сабук ва гарон чи гуна муносибати маънои доранд ва бо кадом хусусияти услуби аз хамдигар фарк мекунанд?
  • Сифати гарони матни боло аз лихози маъно аз сифати гарони таркиби арзону гарон чи тафовут дорад?

! Услуби бадеи яке аз услубхои кадимаи забон буда, ба василаи он осори бобаракати назму насри хазорсола ва муосир сабт гардидааст. Дар он аз тамоми сарватхои забон ва имконоти услубии онхо мукаммал фоида бурда мешавад. Дар асари бадеи вобаста ба замони вокеаву ходисахо (гузашта ё имруза) унсурхои лугавию фразеологи, колабхои ифодаи фикр интихоб мегарданд. Чунончи, достони «Одина» ба хаёти гузашта, вале «Палатаи кунчаки» ба зиндагии имрузаи одамони гуногункасбу кор бахшида шудааст. Дар асари С. Айни як микдор калимахои кухнашуда, вале дар асари Ф. Мухаммадиев калимаю истилохоти сохахои гуногуни зинда- гии имрузаи мо ба кор бурда шудаанд.

  1. Матнро хонед ва бигуед, ки дар муколама кадом калимахо исти- фода шудаанд, ки дар забони имруза истеъмол намешаванд ва онхоро нависанда бо кадом максад кор фармудааст.

Муллохокирох сухани муйсафедро бурида:

  • ФоиДа нагуй, танзил бигуп… ФоиДа, яъне рибо аст, рибо дар шариат, бешак, харом аст, бинобар ин хар гох суд- хурони такводори Бухорои Шариф барои «хочатбарории мар- дум» фоида хурдани шаванд, номашро «танзил» меноманд.
  • Худат, – гуфт мупсафед, – судхури кардани шави, «тан- зил» гуфта хурдан гир. Арбоб мисли мардуми Бухоро такво- дор нашудааст ва аз фоида гуфта хурдан хам руп намегардо- над (С.А.).
  • Дар матн фикр чи тарз (хикоят, тасвир, мухокима) ифода ёф- тааст?
  • Калимаи Шариф чаро ба шахри Бухоро нисбат дода шудааст?
  • Чаро муаллиф ибораи хочатбарории мардумро ба нохунак ги- рифтааст?
  • Таъбири аз чизе руй гардондан чи гуна вохиди забон аст?
  • Бапни ифодахои фоида хурдан ва судхури кардан чи муноси- бати маънои вучуд дорад?
  1. Матнро се нафар (муаллиф, Камар, Иброхимчон) кироат кунанд. Сипас аз синф пурсида шавад, ки дар ин муколима чи гуна кали- маю истилоххо кор фармуда шудаанд, ки хаёти имрузаамонро инъикос мекунанд.

Боре Камар уро хамрохаш ба чарогохи(2) дурдасте(2) бурд. Он вактхо Иброхимчон муаллими(2) мекард, аммо дав- раи таътили тобистона(2) буд.

  • Хавои тоза мехури(4). Ба ман ассистент мешави, яъне ки ёрдамчи(2). Ба як йигит чил хунар кам.
  • Университета тамом карда, ба ту ассистент мешавам?
  • Оббо, дигар тамомкунандахои(3) университет ман авлиё намегуянд-ку!
  • Авлиё нагуянд хам, аз нав шогирд намешаванд(4).
  • Ба танбал кор фармо, панд бишнав(4). Ман гами ин но- шукра мехураму вай ба ман маъруза мехонад. Хой калла, гуф- там-ку: хавои тоза мехури. Ширу каймоки гусфанд, нони ба- мазаи чупони(4). Эхтимол, гушти барра хам шавад.

Хулоса, Камар уро рози кард (Ф.М.).

  • Дар матн кадом унсурхои забони гуфтугу истифода шудаанд?
  • Кадом калимахои иктибоси (бегона) холо бо калимахои худи иваз шудаанд?
  • Дар чумлаи «Ман гами ин ношукра мехураму вай ба ман маъ- руза мехонад» пайвандаки чи гуна тобиши маънои зохир на- муда, бо кадом пайвандакхо хамвазифа шудааст?
  • Феъли маъруза мехонад чи гуна обуранги услуби пайдо кар- дааст?
  • Калимаи калла аз сар чи фарк дорад ва дар матн чи тобиши маъно пайдо кардааст?
  1. Матни зеринро ба дафтар навишта, шарх дихед, ки сухани тас- вирии муаллиф ва гуфтугуйи кахрамонхои асар бо ёрии чи гуна чумлахо ифода ёфтааст.

Офтоб нишасту Камар корашро катъ намуд(4).

  • Тамом шуд(4)?
  • Не холо(4).
  • Боз чи монд? Ду кассета(1) навор(3) гирифти-ку!
  • Хар кассетаи пур ба экран баромадан намегирад. Аз сад-саду панчох метр навор(3) гохо факат чорякаш(3) ба кор мераваду бас. Дигараш – ба хокруба(2).
  • Пули давлата барбод медихам, гуй(4)?
  • Хайрият ту бухгалтер(1) набудаи. Холо сабр кун, – бо нарми гуфт Камар, – ба ту нишон медихам, ки пули давлат ба чи сарф шудааст(4).

Рузи дигар аз сахар боз даводав сар шуд (Ф.М.).

I Дар услуби бадеи хама гуна унсурхои лугави: кали- махои умумиистеъмол ва обуранги услубию хисси дош- та, таъбиру вожахои малех (орифона) ва кабех (омиёна), ун- сурхои лугавии адабию гайриадаби (лахчаги, кухнашуда, бегона), вохидхои фразеологи, ифодахои мачози, ташбехоти мардуми, суханони кинояву муболигаомез, таъбирхои пан- домуз ва гайра ба кор бурда мешаванд.

Дар ин услуб, хусусан дар забони назм, аз имконоти услу- бии маънохои аслию мачози, сермаънои, калимахои хамгуна (омоним), наздикталаффуз (пароним ва паронимазия), зидмаъ- но (антоним), бахусус муродифхои лугави, фразеологи ба тав- ри васеъ истифода мешаванд. Адибон ба фасохату салосати сухан (равшании маъно ва суфтаву равони) на танхо дар назм, балки дар насри бадеи хам эътибор медиханд.

Бо ёрии санъатхои гуногуни лафзию маънави образнок ва пушида баён кардани матлаб дар назму насри суннатии форсу точик хеле ривоч ёфта буд.

  1. Дар матни зерини «Анвори Сухайли» тасвири бадеии манзараи табиат ба василаи кадом санъатхои сухан сурат гирифтааст?

Бозандаро он манзили хуш ва сохати дилкаш(2) писанд афтод ва, чун охири руз буд, хамон чо бори сафар бикушод(4). Хануз аз ранчи рох барнаёсуда(3) ва даме ба рохату осоиш назада ки, ба як ногох(2) фарроши сабуксайри(2) бод соябо-
ни(2) абр дар фазои хаво барафрохт ва чахони орамидаро(3) ба хуруши раъди дилошуб(2) ва нихеби барки синасуз(2) намудо- ри(2) гавгои киёмат сохт(4,7). Ба оташи соика аз як чониби чи- гари лолаи догдор(2) месухт ва пайкони жола аз тарафи дигар дидаи наргиси бедор бар хадафи замин медухт.

Л у г а т:

Сохат – сахн, руйи дашт.

Нихеб – хайбат, тарсу бим.

Соика – барк.

Пайкон – нуги тези найза.

  • Таъбирхои даме назада, пайкони жола дидаи наргис бар ха- дафи замин медухт ба чи маъно омадаанд?
  • Иборахои фарроши сабуксайри бод, соябони абр, раъди дило- шуб, барки синасуз, гавгои киёмат, чигари лолаи догдор, пайко- ни жола, дидаи наргиси бедор чи гуна вохиди забонанд ва дар тасвири бадеи чи ахамият доранд?

г! ’

I фразеологи васеъ истифода мебаранд:

Арбоб дар ботин ба сабаби андешахое, ки дар боло навишта шуд, багоят дар тарс ва харос афтид; Лекин аз ин мулохизахо, ки ба дилаш мегузашт, чизеро ба Арбоб изхор накард; Гайр аз шаввос задани борон садое ба ин хомуши халал намерасонд; Бибиоиша то як хафта, бе он ки овозе баланд кунад, чун муйи оташдида ба худ мепечид (С.А.).

Дар ин чумлахо калимахои ботин ва дил, андеша ва му- лохиза, садо ва овоз муродифанд. Чуфти аввал хамдигарро иваз мекунанд, вале калимахои андеша ва мулохиза, садо ва овоз якдигарро иваз карда наметавонанд, зеро ин муродифхо бо тобишхои нозуки маъно фарк мекунанд: андеша тобиши маънои тарс ва мулохиза тобиши маънои масъалаеро харчо- ниба санчидан дорад; калимаи овоз хоси чонзод аст, садо аз бархурдани чисмхо хосил мешавад.

Муродифхои лугави, фразеологи, калимасози, шаклсози (сарфи), ибораю чумлахо (нахви) бо максади худдори аз так- рори бемавкеъ ба кор бурда мешаванд:

Ахмади Калла дар гузари Чаъфархоча як хавли дошт, ки дар он чозинДаги мекарД ва дар мадрасаи Мири Араб як хучра хам дошт, ки дар вай домодаш истикомат мекарД; Харчанд ман аз Бухоро рафта, тахсил карданам умеди худро канда бо- шам хам, дар он миён вокеае руй дод, ки барои Бухоро рафта, хонданам имкон пайдо шуд (С.А.); Аммо ман аз ранчу офати пири бохабарам аз заъфу офати у хабар дорам (Кобуснома); Моро низ лозим аст, ки машгули кор бошем; Муносиб он аст, ки мо низ ба кор машгул бошем (Восифи).

Дар мисолхои боло феълхои зиндаги мекард // истикомат мекард, тахсил кардан // хондан, хабари номии бохабарам бо хабари феълии хабар дорам, таркибхои хабар: машгули кор бошем // ба кор машгул бошем муносибати хаммаънои дошта, махз барои гурез аз такрор ба кор бурда шудаанд.

  1. Вокеи ва тасаввуршаванда тасвир намудани ходисаву вокеахои зиндаги, манзарахои табиат яке аз хусусиятхои мухими услуби забони асари бадеи ба шумор меравад. Вариантхои гуногуни матнхои зеринро ба дафтар навишта, бо хам мукоиса намуда, хатти шарх дихед, ки муаллиф то чи андоза ба ин хадаф комёб гардидааст: хангоми тахрир кадом унсурхои лугавию грамма- тики тагйир ёфтаанд, чихо ихтисор, чихо илова гардидаанд.
  • Оби дидахо бемалол руйхои парчини холаро шустан ги- рифтанд;
  • Ашкон рухсори пур аз очингашро шуста, ба руйи сина- аш шорида мерафтанд;
  • Ашкхо рухсори пур аз ожангашро шуста, ба монанди донахои марворид ба руйи синааш шорида мерафтанд.
  • Хамон вучуде, ки чанд дакика аз ин пеш чавлон мезад, якбора аз асп ба пушт афтода рафт;
  • Хамон вучуде, ки чанд дакика аз ин пеш чанги чавлон- гохро мебаровард, якбора аз асп ба пушт афтода рафт;
  • Хамон вучуде, ки чанд дакика пеш аз ин чанги чавлон- гохро мебаровард, тайёр буд, ки тамоми лашкари душ- манро забун, дустро шод кунад, нохост монанди яхпо- рае, ки аз кух кучида, ба каър меравад, аз асп ба замин сарнагун афтод (Х.К.).
  1. Касидаи бахорияро кироат кунед ва маънои хар байтро гуед. Шарх дихед, ки Рудаки чи гуна калимахоро ба кор бурдааст: маънои кадом калимахоро медонед, шархи кадом лугатхо ба- роятон мушкил аст. Шоир аз кадом имконоти услубии вохидхои забон ва санъатхои сухан фоида бурда матлабро баён карда- аст?

Омад бахори хуррам бо рангу буйи тиб*,

Бо сад хазор нузхату* ороиши ачиб.

Шояд ки марди пир бад-ин гах шавад чавон, Гети ба дил ёфт шабоб* аз пайи машиб*.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард, Лашкар-ш абри тираву боди сабо накиб*…

Он абр бин, ки гиряд чун марди сугвор* В-он раъд бин, ки нолад чун ошики каиб*.

Хуршедро зи абр дамад руй гох-гох, Чун он хисорие*, ки гузар дорад аз ракиб.

Якчанд рузгор чахон дардманд буд,

Бех шуд, ёфт буйи суманро даво табиб.

Борони мушкбуй биборид нав ба нав

В-аз барф баркашид яке хуллаи хасиб*.

Кунче, ки барф пеш хамедошт, гул гирифт, Хар чуяке, ки хушк хамебуд, шуд ратиб*…

Лола миёни кишт бихандад хаме зи дур, Чун панчаи арус, ки ба хино шуда хазиб*.

Булбул хаме бихонад дар шохсори бед, Сор* аз дарахти сарв мар уро шуда мучиб…

Акнун хуред бодаву акнун зиед шод, К-акнун барад насиб хабиб аз бари хабиб…

Каиб – зору низор

Хисори – ба банд афтода Хуллаи хасиб – либоси рангин

Ратиб – шодоб

Хазиб – рангин

Сор – мурги хушовоз

?! 1) Чаро шоир дар байти аввал «Бахор бо сад хазор хусну зебои омад» гуфтааст? Магар зебу зинатро шумурдан мумкин аст?

  • Оё пай бурдед, ки шоир чаро дар як мисраъ ду калимаи ара- бии мушкилфахм – шабоб ва машибро кор фармудааст ва онхо бо хамдигар чи муносибати маънои доранд?
  • Магар иборахои бахори хуррам, марди пир, абри тира, боди сабо, панчаи арус, чуяки хушк, шохи гул ва ифодахои бахор омад, марди пир чавон шавад, дардманд буд, бех шуд, акнун бода хуред ва гайра барои хонандаи имруза бегонаанд?
  • Панча аз кадом чихат ба барк ва лола шабохат доштааст?
  • Дар мисраи «Лола миёни кишт бихандад хаме зи дур» кадом санъати сухан истифода шудааст?
  • Кадом калимахо хаммаъно ва мукобилмаъноанд ва онхо дар шеър чи вазифаи услубиро адо мекунанд?
  • Кадом калимахо бисёр такрор шудаанд ва сабаби он чист?

ГГ Он чанд калима, ки имруз эхтиёч ба шарху тафсир до- •J рад, ба кавле, шояд «кофия танг омада» шоир аз руйи зарурат онхоро (аз кабили машиб, каиб, хасиб, ратиб, хазиб) кор фармуда бошад. Инчунин шаклхои феълии хамедошт, хушк хамебуд, бихандад хаме сарфи назар карда шавад, дар ин тасвири рангини табиат, ки беш аз хазор сол кабл аз ин сурат гирифтааст, чизе нест, ки имруз ба мардуми мо номафхум бо- шад.

Боиси ифтихори хар фарзанди сарзамини Ачам аст, ки мисли Рудакиву Фирдавсию Синою Хофизу Камолу Саъ- дию Чомию Донишу Айни адибону олимон дорад. Мо, насли имруза, бояд ба кадри он мероси гаронбахои маънави бира- сем, ки ба василаи он забони ноби порси, дари, точикиро хам зинда нигох доштааст.

Азбаски дар шеър тахайюлоти рангини шоир кабои баде- ият дар бар намуда, матлаб пушида ифода меёбад, гохе пай бурдани асли максади шоир мушкил мегардад. Чунончи, дар ин байти Хофиз:

Гирех ба бод мазан, гарчи бар мурод вазад, Ки ин сухан ба масал мур бо Сулаймон гуфт.

Мундаричаи байтро суханони мур, ки ба Сулаймон гуфта- аст, пинхон медорад. Тафсилоти он чунин аст:

Чун бисоти Сулаймон ибни Довуд ба водии Намл (мурча- гон) расид, амири мурон фармон дод(4):

  • Эй мурон, дар масокини(3) худ дохил шавед, то шуморо Сулаймон ва лашкариёнаш дархам нашикананд, ки эшон на- донанд(4). (Аз ояи нуздахуми сураи «Нахл»).

Гуянд, чун бод ин сухан ба гуши Сулаймон расонид, бозистоду гуфт мар он муронро(4):

  • Шуморо аз мо чаро бим бувад, ки мо дар хавоем ва шумо дар замин(4)?

Амири мурон дар чавоб гуфт:

  • Оре, ту дар хавои, лекин мулки ин чахонро бако нест(4). Мо эмин наем, ки аз нафас то нафас мулки туро завол ояд ва бар замин афти ва мо куфта гардем(4).

Пас Сулаймон пурсид амири муронро:

  • Чи гуйи дар ин бод, ки дар фармони ман аст(4)?

Гуфт:

  • Бод аст, ки ба дасти ту бод аст(4).

Пас Сулаймон мурро гуфт:

  • Маро панде дех.

Гуфт:

  • Дони, ки чаро бодро дар фармони ту карданд(4)?

Гуфт:

  • Бигу.

Гуфт:

  • Барои он ки бидони, ки бинои дунё хама бар бод аст(4). Ва, онро ки бино бар бод бошад, пойдор набошад.

Сипас пурсид: – Эй Сулаймон, ин мулку точу тахту чох аз кучо ба ту расидааст?

Сулаймон гуфт:

  • Аз падарам.

Мур гуфт:

– Пас хамин насихат туро кофист, то бидони, ки аз ту хам ба дигаре расад ва онро бако нест(4).

Пас, мазмуни байти боло ин аст: Харчанд бод (неруи ноус- тувор) бар муроди ту бивазад, ба он эътимод накун, чунон ки асрори инро мур ба Сулаймон гуфта буд.

  • Дар матн мазмун чи тарика (хикоят, тасвир, мухокима) ифода ёфтааст?
  • Кадом калимахо такрор шуда дар сохтори матн сахм гузошта- анд?
  • Вожаи бод дар чумлаи «Бод аст, ки ба дасти ту бод аст» ба чи маъно омадааст?
  • Ифодаи гирех бар бод задан кадом вохиди забон аст ва чи маъно дорад?
  • Байтхои зеринро бодиккат хонед ва мазмуни онхоро хатти шарх дихед:
  1. Хар шаб нигаронам ба Яман, то ту барои, Зеро ки Сухайлию Сухайл аз Яман ояд.
  2. Назар чи гуна бидузам, ки бахри дидани дуст Зи хоки ман хама наргис дамад ба чойи гиёх.
  3. Умри ман кутох гашт аз ишки он зулфи дароз,

К-у гахе бо гул ба сайр асту гахе бо мул ба роз (Рудаки).

  1. Осоиши ду гети тафсири ин ду харф аст:

Бо дустон мурувват, бо душманон мадоро (Хофиз).

  1. Шархи мазмуни байтро аз тахлили зерин ёд гиред:

Биё, то гул барафшонему май дар согар андозем, Фалакро сакф бишкофему тархи нав дарандозем.

Шоир зохиран ба махбуба мурочиат карда, дар айёми бахор уро ба сахро даъват менамояд, то якчоя гул чинанду гул аф- шонанду май нушанд (май дар согар андозанд). Аммо шоир ба шахси муайян мурочиат накардааст. Аз ин хотир мумкин аст, ки сухани шоир ба чанд гурухи одамон (ошикон, дустон ва дигарон) дахл дошта бошад. Дар холати хушиву масти боми (сакфи) фалакро бишканему ба шакли дигаре бисозем. Хоча дакик нагуфтааст, ки тархи нави сакфи фалак чи сон бояд бошад. Аз тобиши сухани у пай бурдан мумкин аст, ки манзури шоир сохтани як олами пур аз шодиву фарах ва неки- ву некукорист.

Агар гам лашкар ангезад, ки хуни ошикон резад, Ману соки ба хам созему бунёдаш барандозем.

Дар ин байт гам ба сипахсолор ва ё шоханшохи госибу чал- лод монанд карда шудааст, ки лашкари фаровон дорад. Агар хамин гам барои рехтани хуни ошикон лашкар кашад, ман (яъне шоир) бо соки иттифок баста, ба у хучум меорему нобу- даш мекунем, бунёди гамро аз байн мебарем. Хамин маънии одиро шоир ба чи зебоиву хунарманди чомаи назм пушонида- аст! Шояд муъчизаи шоир низ дар хамин бошад?!

  • Ду байти минбаъдаи газалро ба адабиётшинос Мухаммад Ан- сор пайрави намуда (Шархи 42 газали Хофиз. – Душанбе, 1994. – с. 81-83) худ маънидод кунед.
  • Чаро шоир май дар (на ба) андозем гуфтааст; чаро бар-аф- шонем, бар-андозем, дар-андозем гуфтааст, на афшонем ва ан- дозем?
  • «фалакро сакф» ва «сакфи фалак» кадом вохиди забонанд ва бо хамдигар чи гуна муносибати маънои доранд?
  • Дар таркибхои лашкар ангехтан ва лашкар кашидан феълхои ангехтан ва кашидан чи муносибати маънои пайдо кардаанд?
  • Дар матни зерин аломатхои китобати баён, нохунак, нукта, се- нукта ва сехитоб чи маъною вазифа доранд? Кадом аломатхо илова бар вазифаи нахви сарбории услуби хам доранд ва он сарбории услуби чист?

Хини видоъ гуфти: «Хайр».

Худо гуфтам, ки «Хайр…» бошад, на «Хайр!!!» (Х.А.).

  • Газали Рудакиро, ки бо матлаи зерин огоз меёбад, аз чиха- ти мавзуъ, мундарича, гоя, бадеиёт ва хусусиятхои лугавию грамматики тахлил кунед:

Хар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд.

  • Ин мисраъхои шоир шуморо ба чи мулохиза водор месозанд? Андешахоятонро нависед, тахрир намуда, ду-се маротиба бо лахни шево кироат кунед, ки дар хотир нишинад. Сипас фур- сати муносибе ёфта, дар байни хамсабакон суханрони кунед:
  1. Сарманзили кудакии сахроии ман, Рохи ту, рахи бирешими лойии ман. Дар кундаи хар дарахти ту пинхон аст Як кузача кудакии тиллоии ман.
  2. Хамхандаи ман гули сияхгуши ту буд, Хамгиряи ман чашмаи хаспуши ту буд. Эй гумшуда кишлокаки тиллоии ман,

Доруи ман оби шураки чуши ту буд (Бозор Собир).

  • Байти зеринро точики аз Ватан дур афтода ба тарзи зайл таф- сир намудааст, ту ки дар Ватан хаёт ба сар мебари, чи тарз шарх хохи дод?

Беватан нест гарибе, ки кунад ёди ватан, Дар ватан будаи бе ёди ватан беватан аст.

Дар ёди ватан будан чи маъни дорад? Хамеша дар фикри ободии он будан, эхтиром гузоштан ба миллат, аз гузаштаи он ифтихор доштан, таърихи онро омухтану омузондан ва вориси хакикии он мерос будан, ба бунёди човидонии мил- лат – маънавиёт, худшиноси, эхёи суннату оинхои аждодон, ки дар таквияти неруи рухонии миллат накши бузург дорад, хиссагузор будан, эхтирому садокат ба замин, обу хоки диёр, зодгох, сарватхои моддию маънави ва амсоли инхост дур аз ватан дар ёди ватан будан. Инсоне, ки дар ботини хеш ин хис- латхоро парвариш медихад, бо ёди хамешагии ободии диёр ва рафохияти хаммиллатони хеш мезияд, харчанд дар ватанаш нест, гамхору вафодори миллат аст.

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-1-4

СИЁСАТИ АГРАРИ ДАР ЧУМХУРИ

Дехконони чумхури ба кашфиёти илми, техника ва техноло- гияи пешкадам такя намуда, дар сохаи интенсивонии …