Главная / Маданият ва санъат / УСЛУБИ РУЗНОМАНИГОРИ (ПУБЛИСИСТИ)

УСЛУБИ РУЗНОМАНИГОРИ (ПУБЛИСИСТИ)

| М а т н:

Карордод миёни шаш Хизби сиёсии Точикистон дар мавриди тарзи рафтор дар раванди маъракаи интихоботи пар- лумони аз тарафи рохбарони ин ахзоб ба имзо расид ва он чо ин санадро сарнавиштсоз ва таърихи арзёби карданд.

eaaffc8c2a7601e48e87a47488e3d2c9

Хусусиятхои умумии услуби рузноманигори:

Хадафи нигоранда: аз руйдодхои рузмарраи хаёти сиёсии дохили кишвар иттилоъ додан, гояеро талкин на- мудан, таъсир расонидан ба афкори омма ва онро ба амале хидоят кардан;

Дар бораи як ходисаи таърихи вокеъбинона хабар додан;

Омезиши унсурхои услубхои дигар бо услуби рузноманигори (дар матни боло истилохоти коргузории расми: карорДоД, санаД; тарзи пассиви ифода: аз тарафи… ба имзо расид (на рахбарон ба имзо расонданд).

Хусусиятхои лугави:

Истифодаи истилохоти сиёсию ичтимои: хизби сиёси, ахзоб, интихоботи парлумони;

Таркибу иборахои устувор ё рехта: хизби сиёси, маъракаи интихобот, ба имзо расид, арзёби карданд;

Тавсифоти тоза: сарнавиштсоз ва маъмул: таърихи;

Тахаввулоти лугави: партия – хизб, парламенти – парлумони.

Хусусиятхои грамматики:

Бартарии хиссахои номии нутк (хусусан исмхо) бар феъл: аз 19 калимаи мустакилмаънои матни боло исм – 9, сифат – 3, феъл – 2, чонишин – 2, шумора – 1;

Истифодаи бештари пешояндхои таркиби ва номи: дар мавриди, аз тарафи, миёни;

Бартарии чумлахои хабари бар амри, хитоби, саволи. Дар он матн матлаб бо як чумлаи мураккаби пайвасти пайвандакдори хабари ифода ёфтааст;

Чумла бо ибораи исмии карордод дар мавриди тарзи рафтор дар раванди маъракаи интихоботи парлумони тафсил ёфтааст, ки он 10 калимаро дар бар мегирад;

Тахаввулот дар унсурхои шаклию воситахои грамма- тики: хизбхоахзоб, ба чойи пешоянди таркибии маъ- мули дар бораи кор фармудани пешоянди таркибии камистеъмоли дар мавриди.

Тарзи баёни фикр: якранг, камтаъсир. Чумлаи мураккаби хеле тафсилёфта ба осон фахмидани матлаб халал мерасонад.

Азбаски маводи расонахо баъзан ба тарзи таъчили ба чоп омода карда мешавад, гох-гох галатхои имлои, аломати кито- бат, истеъмоли калима, чумлабанди руй медиханд. Аз чумла, дар ибораи шаш Хизби сиёси калимаи хизб чузъи исми хоси таркиби нест, бинобар ин бояд бо харфи хурд навишта шавад (шаш хизби сиёси); ишорачонишини ончо чудо навишта меша- вад: он чо.

Матни зеринро бо матни боло мукоиса намуда муайян кунед, ки байни онхо аз лихози мавзуъ, мундарича, жанр, хусуси- ятхои услубии лугавию грамматики чи умумияту тафовут вучуд дорад. Матнро дар равияи боло хатти тахлил кунед.

Аз чихати захираи оби нушоки Русия дар дунё дар чойи дуюм, Точикистон дар чойи сеюм аст. Тасаввур намоед ду давлатро, ки дар яке бештар аз 140 миллион ахоли ва кишвари

хурдакаки кухистонро, ки дар он хамаги бештар аз 7 миллион ахоли (камтар аз сокинони шахри Маскав) зиндаги мекунад. Чи тазоди ачибест, ки дар чунин кишвари доротарини(3) оби нушоки, мардум ба оби тоза эхтиёч доранд? Оё айб дар худи мо нест, ки аз бепарвои ва беэътиноии худ ба кадри ин бебахо- тарин(3) неъмати табиат намерасем?

Бетарафиро Дейл Карнеги(1) бархак разолати рух номи- да буд, зеро муносибати беэътиноёна(2) ба сарватхои табиии кишвари худ метавонад дар интихо ба фочиае оварда расонад, ки набераву аберагони мо аз хама чиз махрум монанд.

Аз азал точикон обро муъчизаи табиат мехисобиданду мукаддас медоштанд. Касе чуръат намекард, бо оби равони нушоки дасту руй шуяд. Обро ба куза гирифта, дуртар аз чую хавзхо мебурданд, то катрае аз оби ифлос ба наздикии чуйбор нарезад.(4) Манзараи имрузаи мо чи гуна аст? Оби покизаи каналу чуйборхо, ки чун дар рагхои хунгузари чисми зиндаи шахр солхои сол чори буд, имруз барои махаллахои серахолии шахр ва гирду атрофи он партовгох(2) шудааст. Аммо хар чиз ва хар амал интихо дорад. Агар мо ба Замин – модари мукад- дас чунин бешафкат бошем, дар он хеч гуна сарват ва неъмат боки нахохад монд. Хатто хаёт хам.

г?! 1) Дар матн чи хусусияти услуби рузноманигори (дар хадафи нигоранда, интихоби калимаю истилохот, колабхои нахви, воситахои муассири ифодаи фикр) мушохида мешавад?

Сархатхоро (абзатсхоро) чи бо хам алокаманд ва чи аз хам чудо мекунад?

Ифодахои разолати рух, рагхои хунгузари чисми зиндаи шахр, Замин – моДари мукаДДас чи гуна вохиди забонанд?

Чумлахои саволи чи вазифаи услубиро адо мекунанд?

Дар бораи хамин мавзуъ шумо чи андеша доред? Дар хачми ду сахифаи дафтар иншои мухтасар нависед.

Маънои вожаи публика шунаванда ё бинанда буда, публисистика (публицистика) адабиёти илмии сиёсию ичтимои доир ба масъалахои доги руз аст. Услуби баёни рузноманигори ё публисисти ба тарзи хатти ва шифохи чараён мегирад. Хабару маколахои гуногун дар нашрияхо, дастурхои таргибот (инчунин матнхои каблан тахияшудаи суханронии гуяндагони радиою телевизион) ба тарики навиштор, вале суханони ташвикгарон дар чамъомаду хамоишхо, мусохибахои мухбирони радиою телевизион бо шахсони гуногун ба тарзи шифохи вокеъ мегардад.

Максади публисистика аз руйдодхои дохилию хоричи зуд вокиф намудани хонандагон, шунавандагону бинандагони радиою телевизион, таргиби гояхои пешкадами замона, вокеъбинона бахо додан ба ходисаву вокеахои рузмарраи ичтимоию сиёси, иктисодию фарханги, бедор намудани хисси тараххум ба падидахои матлуб ё хисси нафрат ба вокеахои номатлуб, ба тадбирчуйи ва амал водор намудани чомеа аст. Хамин хадаф ду вазифаи асосии услуби рузноманигориро мукаррар менамояд: хабар додан ва таъсир расондан.

Дар адои вазифаи аввал истифодаи калимаю истилохоти сиёсию ичтимои, таркибу ифодахои маъмул (стандарти), якрангии ифодаи фикр, фаровонии факту ракамхо мушохида мешавад.

Агар дар маводи хабари аз кор фармудани воситахои муассири лугави, фразеологи, калимасози, ибораву чум- лабанди худдори карда шавад, дар очерк, лавха, памфлет, фелетон доираи истеъмоли сарватхои лугавии забон хеле васеъ гардида, баробари калимахои умумиистеъмол ва муътадилмаъно чунин унсурхои лугави хам кор фармуда мешаванд, ки обуранги услубию хисси ва хусусияти ифоданоки доранд. Аз ин лихоз маводи хабарии расонахо ба услубхои расмию илми каробат пайдо кунад, забони жанрхои мазкури журналистика ба услуби бадеи шабохат зохир менамояд.

Дар услуби баёни публисисти лугатхои сиёсию ичтимои, калимаю истилохоти хоси одобу ахлоки чомеа, сохахои мухталифи иктисодиёт, маориф, илму фарханг ба тарзи фаро- вон кор фармуда мешаванд. Унсурхои лугавию фразеологи вобаста ба талаботи жанрхои публисистика интихоб ва истеъ- мол мегарданд. Аз таркиби лугавии маводи нашрия, радио ва телевизион аён мегардад, ки он ба кадом мавзуи хаёти чомеа бахшида шудааст.

М а т н:

Фасли ачиби сол – тирамохи заррин фаро расида. Хушбах- тона, табиат хануз нозу нуз намекунад. Хуршед нарму гарм нур мепошад ва баргхои тиллоранги дарахтон зери пойи ода- мон парида, колин гашта нашъаи тамошоро фузунтар меку- над. Парчами истиклол болои Касри президенти чилвагар аст. Одамон хиромон ба майдон, ба суйи мачмааи Исмоили Со- мони равонанд.

Абармарди миллат ба мардум бо дидаи хирад менигарад. Зарринточи точикон, ки дар баландии баландихо устувор аст, аз нури торахои офтоб дурахши тозае пайдо карда дида меба- рад, дил мерабояд…

Бале, Ватан боз либоси идона дар бар кардааст. Вай дар ин рузхо бо ифтихори хосае чашни Конститутсияи навини моро мутантан хотирнишон мекунад, ки дар хаёти сиёсии кишвар вокеаи мухим ва фаромушношуданист. Оре, китоби бахти мо, Сарконуни мо, ки дар огоз ба бахсу талошхо дучор гашта буд, баъди мулохизахои окилона ва одилона аз чониби мардуми мамлакат бо раъйпурсии умумихалки якдилона пазируфта шуд.

Хар нуктаи ин маромномаи мо ифодагари орзуву омоли халк аст ва моро ба суйи пирузихои нав хидоят мекунад. Дар он калимаи «истиклол» бо хуруфи заррин ва хоно сабт гарди- да, мухимтарин хадафи чомеаи мо – бунёди давлати сохиб- истиклоли демократи, хукукбунёд ва дуняви ифода ёфтааст…

Биёед, азизон, ин кутбнамои хешро руйи каф нихода, ди- даи пурмехр ба Нишони зарринточи точикон духта, бо ово- зи баланд Суруди миллиро суруда, зери Парчами истиклол хамрохи фарзандони фарзонаи миллатамон бо дили пур, сари баланд, лабони пурханда ба суйи идгох бишитобем.

Хусусияти лугави:

Истилохоти сиёси, ичтимои ва фарханги: истиклол, Кас ри президенти, мачмаа, конститутсия, хаёти сиёси, раъйпурсии умумихалки, давлати демократи, хукукбунёд ва дуняви, Нишон, Парчам, Суруди милли.

Калимахои адабии китоби: хуршед, дурахш, рабудан, чилвагар будан, абармард, навин, мутантан, пазируф- та шудан, маромнома, ифодагар, пирузихо, пурмехр, зарринточ.

Калимахои иктибоси: нашъа, мачмаа, мутантан, прези ден ти, конститутсия.

Калимаю ифодахои рехтаи мардуми: нозу нуз кардан, либоси идона, талош, дили пур, сари баланд.

Вохидхои фразеологи: дидаро бурдан, дилро рабудан, дида духтан.

Иборахои рехтаи хоси услубхои расми ва рузномани- гори: раъйпурсии умумихалки, бо хуруфи заррин сабт шудан, давлати демократи, хукукбунёд ва дуняви, Су- руди милли.

Ифодахои мачози: тирамохи заррин, табиат нозу нуз намекунад, баргхои тиллоранг, баргхо колин гашта, Парчами истиклол, дидаи хирад, нури торхои офтоб, Ватан либоси идона дар бар кардааст, китоби бахт, дидаи пурмехр.

Тавсифот: заррин, тиллоранг, абармарди миллат, заррин точ, пурмехр, фарзона.

Имконоти услубии хусусиятхои маъноии калима:

Муродифот: заррин // тиллоранг, хуршед // офтоб, нур // дурахш, конститутсия // сарконун (китоби бахт // ма- ромнома // кутбнамо), орзую омол.

Калимахои наздикталаффуз: нозу нуз, гарму нарм, оки- лона ва одилона, фарзанди фарзона.

Калимасози: зарр-ин, тилло-ранг, чавлон-гар, абар- мард, зарр-ин-точ, нав-ин, фаромуш-но-шуд-ан-и, сар-конун, раъй-пурс-и, умум-и-халк-и, як-дил-она, окил-она, одил-она, ид- гох.

Унсурхои нахви:

Вохидхои истиснои: фасли ачиби сол – тирамохи зар- рин; ба майДон – ба суйи мачмаа; китоби бахти мо – Сарконуни мо; мухимтарин хадафи чомеаи мо – бунё- Ди Давлати сохибистиклоли Демократи, хукукбунёД ва дун яви.

Тарзи пассиви ифода: аз тарафи… пазируфта шуД.

Бартари доштани чумлахои содда бар чумлахои мурак- каб (8 -5).

Бештар бо чумлахои дутаркибаи тафсили ифода ёфтани фикр.

Аз ду зиёда чузъхоро (чумлахои содаро) дар бар наги- рифтани чумлахои мураккаб.

Бартари доштани чумлахои хабари бар амри, саволи ва хитоби.

Бо хиссачахои тасдики огоз ёфтани сархат ё чумла бо максади таъкид.

Калимаю иборахои зеринро аз руйи мавзуъ ва мундаричаи матнхое, ки аз онхо гирифта шудаанд (чунончи, калимаю истилохоти сиёсию ичтимои, варзиш, наклиёт ва гайра), чудо кунед. Бо калимаю истилохоти чудогона мутобики таносуби маъноиашон иборахо со- зед.

Карор, эъломия, сузишвори, кубок, ичлосия, мусофир, микроавтобус, аълохазрат, варзиш, коршиносон, истгох, бокс, ронандахо, президент, созмони байналхалки, наклиёт, пробле- маи глобали, баскетбол, бензин, хати сайр, рохкиро, сарвари давлат, паёми шодбош, дастаи мунтахаб, тенниси руйи миз, корхонаи вохиди давлати, раванди интегратсиони, терроризм, тахкими сулх, довар, кочоки маводи мухаддир, холати нобо- зи, экстремизми мочарочуёна, пулчин, газ, зарбаи чаримави, корхонаи автомобилсози.

Дар забони расонахои хабари дар натичаи бисёр такрор шуда- ни як микдор сифатхои маънавии шахс, аломатхои ашё, амалу холат ба тавсифоти доими табдил меёбанд: дехкони асил, пух- такор, чашмикордон, мехнаткарин, хокпош…; …чашнро бо тух- фахои арзанда (дастовезхои мехнати) пешвоз гирифтан; …яго- накуниро саривакт ва бо сифати баланд анчом додан ва гайра. Дар чумлахои зерин ба чойи сенукта калимахои маъмули забо- ни матбуотро нависед.

Дар натичаи мехнати … марди дехкон хосили… руёни- да шуд; Мехнатдустони хочаги шудгори тирамохиро … ва . анчом дода, барои ба даст овардани хосили. заминаи. гузоштанд; Онхо дар оростани хирмани. тиллои сафед сах- ми. гузоштанд; Заркорон . мехнат карда, хосили. ашон- ро . ва . чамъовари намуда, ба кавли худ . вафо карданд. Механик-ронандагони. . мехнат карда, ичрои накшаро . таъмин намуданд.

! Дар услуби баёни рузноманигори як микдор таркибу иборахои феъли, аз кабили ташриф овардан, созмон додан, ифтитох ёфтан, интикол ёфтан, талош варзидан, изхори нигарони кардан, ба тасвиб расонидан, тачдиди назар кардан, ба имзо расидан, ба вукуъ пайвастан, талафоти чони ДоДан, арзи вучуД намуДан, мавриДи… карор ДоДан, ба хукми…

ДаромаДан, шароити… фарохам оварДан, Дастраси… карор додан, ба чизе тахким бахшидан, ба чизе мувочех шудан, .ро арзёби кардан, .ро созмон додан ва гайра чун таркибхои рехта бисёр кор фармуда мешаванд. Як кисми чунин таркибу иборахо феълхои маъруфи хаммаъно доранд: кушиш ба харч ДоДан – кушиш карДан, рахбариро ба амал бароварДан – рахбари карДан, ичрои (накшаро) таъмин намуДан – (накшаро) ичро кардан.

Мачмуаи ашъори Муътабари Рашти бо номи «Хуни шабнам» дар дастрасии дустдорони каломи мавзун карор гирифт; Чи накшаи нав шуморо фарогир аст?

Чунин таркибхои рехта, аз як тараф, кори рузноманигорро осон мекунанд, зеро бунёди чумла (таркиби хабар) тайёр аст, факат далелхоро чо ба чо гузоштан кофист, вале, аз тарафи дигар, ифодаи фикр колаби ва як дарача сунъи мебарояд. Бинобар ин хамеша як колабро корбаст накарда, аз роххои гуногуни баёни матлаб фоида бурдан бехтар аст: пиёда карДани максаД – амали карДани максаД, чони хуДро аз Даст ДоД – халок шуД ё ба халокат расиД ва гайра.

Бо вохидхои фразеологии зерин чумлахо созед:

Аз ухдаи коре баромадан (набаромадан), араки чабин рех- тан, камари химмат бастан, ба марра расидан, сахми худро гузоштан, ахамияти калон доштан, нуктаи назар, рол (накш) бозидан, садамаи наклиёт, маводи мухаддир, паси сар кардан, боздид ба амал овардан, чашми корро донистан (надонистан), чомаи амал пушидан, ба ахди худ вафо кардан.

Порчаеро аз маколаи Саидризо Ализода, ки дар яке аз нашрия- хои нахустини точики – мачаллаи «Оина» (соли 1913) чоп шуда буд, мутолиа кунед ва бигуед, ки дар он мавкеъ ва рухияи ни- горанда то чи андоза равшан ва барчаста ифода гардидааст ва ба «ман»-и рузноманигори имруза чи умумият дорад; дар матн чи гуна калимаю истилохоти сиёси, ичтимои ва фарханги дучор омаданд, ки тагйири маъно кардаанд ё аз истеъмол та- моман баромадаанд. Назари худро доир ба андешахои як аср мукаддам баёнкардаи муаллифи макола мухтасар нависед.

Солхо аст, ки мусулмонони соири мамлакат дарачаи лу- зум ва ахамияти макотиби чадидаро дониста, фоида ва ман- фиатхои онро фахмида, дар хар шахру карияхо доир намуда, руз ба руз ба такмили онхо мекушанд, аммо мо, мусулмонони Туркистон, на ин ки мадорис ва макотиби чадида таъсис мена- моем, балки онхоро хануз бидъат ва харом мешуморем. Наме- донам, мо, мусулмонони Туркистонро, чи шуда(4). Бо вучуди ин ки дар хар соат ва дакика натичахои баду хамми ин беил- ми ва ошно ба муктазои замона набудани худро мебинем ва

мефахмем, боз мутанбех ва хушёр намегардем(4). Эй барода- рони туркистони! Эй хамватанони азиз! Гафлат то кай? Чахо- лат то чанд? Шуморо ба хакки исломият, ки дуруст мулохиза намоед: замоне ки Самарканд ва атрофаш зиёда бар 150 000 нуфузро дорост, аз мусулмонон чанд нафар точир ва савдогар, чи кадар магозачи(2) ва кантур дорад? Кучо монда дуктур(1), муаллим, мухандис(5), мунши(5) ва гайра, ки барои маишати мо монанди обу нон лозим аст? Бале! Гадо, дарвеш, каландар, бузбала, чавон, дузд… хазорон-хазорон мавчуданд!

Кандур – кантора, корхонаи шахси

Мухандис – инженер

Мунши – котиб, коргузор Бузбала – бекорагард, муштзур

Чавон – бадахлок

?! 1) Дар мукоисаи ин матн бо матни боло дар забони адабии имру- за чи тахаввулоти лугави, маънои ва грамматики ба миён омада- аст?

Кадом мушкилоти чомеаи онруза нигорандаро ба шур овар- дааст?

Муаллифи макола барои муассир ифода кардани фикр аз ка- дом имконоти услубии лугавию нахвии забон фоида бурдааст?

Феъли мулохиза намудан аз муродифхои дигараш (фикр, ан- деша ва тааммул кардан) бо кадом тобиши маъно фарк меку- над?

Аз маводи рузномахо матнеро дар мавзуи мактабу маориф интихоб намуда, ба дафтаратон нависед ва онро бо матни боло мукоиса кунед ва муайян намоед, ки дар забони матбуоти имру- за чи дигаргуни ба вучуд омадааст.

Матни зерин аз матнхои боло чи фарк дорад? Нигоранда тан- бурро чи тарз тавсиф мекунад? Магар он бо тафсири маънои калимаи танбур дар комусу лугатномахо якгуна аст? Шархи як-ду лугатро ба дафтар навишта, хатти эзох дихед, ки тафову- ти ин матн аз шархи лугатномахо дар чист.

Навои танбур… Танбур дар дасти мутриби чирадаст наво намекунад, менолад, фарёд мезанад. У гуё оламу одамро фа- ромуш карда, дар мадори наво, дар фазои садо парвоз дорад. Танбур меноладу хикоят мекунад аз гузаштагон, аз рузгорони талху ширини ниёгон.

Танбури гуё на ба торхои танбур, балки ба торхои дили худ нохун мезанад. Руху равон ба наво меояд, тамоми хастии инсон ба торхо хамнаво мегардад. Рухнавоз аст навои танбур, дилнавоз аст садои танбур.

Чи танбур? Нахле чун бори у, Рагу решаи бехуди тори у. Нихон андалебе ба хар тори у, Зи мизроб гул карда минкори у.

Чи сехре дорад садои танбур? Ачиб он аст, ки тамоми «Шашмаком» дар пардахои танбур чо гирифта. Хама макому охангхо ба василаи овози танбур арзи вучуд намуда, бо сози он огозу анчом меёбанд.

Хасани Кавкаби дар «Рисолаи мусики» мегуяд:

«Танбур созест кадим. Танбура дар забони пахлави аз чузъхои тан – Дил ва бура – харошиДан сохта шуда, яъне Дил- харош».

Оре, бо чунин садо, бо чунин наво бояд танбурро сози дил- харош номид (Ш.Х.).

Калимахои танбур, танбури, соз, оханг, наво, мизроб, парДа, мутриб, чираДаст, маком, шашмаком, мушкилот бо хамдигар чи робитаи маънои доранд ва дар сохтори матн чи вазифаро адо кардаанд?

Калимахои танбур, наво, садо, овоз ва гайра аз чи сабаб бисёр такрор шудаанд?

Ифодахои «ба торхои танбур нохун задан» ва «ба торхои дил нохун задан» чи гуна муносибати маънои доранд?

Чаро дар дохили чумла чойи баъзе аъзохо тагйир ёфтааст?

! Аз матни боло аён аст, ки дар ин равияи услуби публисисти воситахои муассири лугави, фразеологи ва нахви, санъатхои маънави ва лафзии сухан, аз кабили тавсиф (чирадаст, дилнавоз, рухнавоз), мачоз, ташбех (Танбури гуё ба торхои дили худ нохун мезад), муболига, тачнис, такрор, саволи риторики (Чи танбур? Чи сехре дорад садои танбур?), нидои риторики, тагйир додани чойи мукаррарии аъзохои чумла (инверсия: Танбур… хикоят мекунаД аз гузаштагон), истифодаи калимаву таркибхои хамкофия (оламу одам, дар мадори наво, дар фазои садо, рухнавоз. дилнавоз), ибораву чумлахои хамвазну хамсохт (параллелизм: Рухнавоз аст навои танбур, дилнавоз аст садои танбур), тасдик ё инкор (Оре,… танбурро бояд сози дилхарош номид) ва гайра ба кор бурда мешаванд.

Рузноманигорон кушиш мекунанд, ки хатто дар хабару маколахо хам суханони тоза ва колабхои гуногуни нахвиро ба кор бурда, ба тарзи баёни якрангу дилгиркунанда як навъ тозаги бахшанд. Чунончи, ба чойи калимаи дехкон заркор ё марди дехкон, ба чойи калимаи тухфа дастовезхои мехнати, ба чойи хабар додан мужда расонидан, ба чойи кушиш кардан талош варзидан, ба чойи ронандаи мошини пахтачин капитани киштии кабуд ва гайра кор мефармоянд. Вале чунин калимаю иборахои «баохар» хам дар натичаи аз хад зиёд такрор кардан таровати худро аз даст дода, ба таъбирхои мукаррарии рузномаги табдил меёбанд, чунон ки тиллои сафед хам як вактхо ифодаи тару тоза ба шумор мерафт, холо муродифи одии калимаи пахта гардидааст.

Услуби баёни рузноманигори аслан такаллуф ва суханпардозиро намепарварад, зеро суханороии безарурат дар жанрхои хабари ба осон ва равшан дарк намудани асли максад халал мерасонад: Онхо (дехконон) бо дашт панча ба панча дарафканда нусрат аз пайи нусрат ба даст меоваранд. Маънои феъли дарафкандан андохтан, рехтан, берун кардан, афшондан, пошидан буда, бо калимаи панча хеч гуна муносибати маънои надорад. Таъбири нусрат аз пайи нусрат ба даст овардан хам ифодаи табии нест, чунки одатан галаба аз пайи галаба ба даст овардан мегуянд.

Матни зерин аз лихози мавзуъ, мухтаво ва тарзи баён ба кадом жанри рузноманигори тааллук дорад? Шояд баъди мутолиаи он шуморо хам водор кунад, ки калам ба даст гирифта, дар бораи хофизе, ки шефтаи сурудхояш хастед, чизе бинависед.

Суруди вопасини Борбади сони

Мохи апрели соли 1990 дар чумхури 1400-солагии хунёга- ри мумтоз – Борбади Марвазиро чашн мегирифтанд. Ахмад Бобокулов бемор буд. Сурудхониро барояш катъиян манъ кар- данд, зеро чанде пештар сактаи дилро аз сар гузаронида буд. Бо вучуди ин мехост, ки як навбат суруд хонад. Се нафар: Ах- мад Бобокулов, Асадулло Атовуллоев ва Бурхон Мамадкулов дар сахна “Таронаи баёт”-ро суруданд. Хангоми сурудхони уро ду нафар дар байн дошта меистоданд. Он вакт у базур аз чой мечунбид. Харчанд хеле мушкил ва хавфнок буд, бо но- таи аз хама баланд месаройид. Садои шурангези у гуё аз каъ- ри дилаш бармехост. Гумон мекардед, тамоми неруи рухониву чисмониашро барои суруди вопасинаш бедарег сарф мекард…

Баъди ду хафта аз хуручи сактаи калб ин Борбади сони дар синни 59-солаги аз олами равшан абади чашм пушид.

Хабархои мухтасари рузномавиро мутолиа кунед, унсурхои лугавию грамматикии хоси услуби баёни рузноманигориро (дар хабар) муайян кунед. Хиссахои номи ва феълиро ба дафтар на- висед ва шарх дихед, ки кадоми онхо дар хабар бартари дорад.

Купрукхои Панчакент баркарор шуданд

Ба муносибати Иди саиди Фитр сокинони дехоти Ёри ва Косатароши нохияи Панчакент сазовори тухфаи муносиб гар- диданд. Купрукхои дехаи Вешист ва Косатарош, ки бар асари офати табии аз байн рафта буданд, бо маблаггузории Вазора- ти наклиёти Чумхурии Точикистон (1 млн. 78 хазору 228 со- мони) баркарор шуданд.

Корхои сохтмониро дар купруки Вешист кормандони Му- ассисаи давлатии нигохдории роххои автомобилгарди шахри Панчакент ба ичро расониданд. Бозсозии купруки дехаи Косатарош мушкилоти зиёда аз 40 хазор шахрванди дехоти Косатарош, Шинг, Могиён ва Фаробро осон намуд.

Неругохи хурд мушкилро осон кард

Дар дехаи Шулдури дехоти Ясмани нохияи Рашт бо ик- доми сохибкорони махалли Давлат Аслонов, Рачаб Ахмадов, Султон Бобиев ва бо дастгирии сокинони деха ба маблаги 25 хазор сомони неругохи хурди барки оби сохта, ба истифода дода шуд. Иктидори неругохи номбурда 37 квт\соат буда, 40 оиларо бо барк пурра таъмин менамояд. Бо шарофати ин ик- доми хайр ин оилахо имконият пайдо намуданд, ки тамоми фасли сол аз кувваи барки худи истифода баранд.

Бо дилу дидаи бедор

Бо ибтикори(5) Хукумати шахри Хучанд, ширкати телеви- зиони чамъиятии СМ-1 ва хафтавори «Сугд» бахшида ба шастсолагии(6) мавлуди(5) шоири зиндаёд Лоик Шерали дар кахвахонаи «Ширинсарой»(5) махфиле бо унвони «Бо дилу дидаи бедор…» баргузор шуд.

Барандаи(5) махфил Саидумрон Саидзода нахуст риштаи суханро ба шогирди сохибчашн, шоираи номвар Фарзона дод. Нотик устоди шеъри навинро(5) бо суханони самимона ёдовар шуд.

Олимон: Усмончон Гаффоров, Атахон Сайфуллоев, адибон: Додочон Рачаби, Нурмухаммад Ниёзи ва дигарон сохибчашнро ба неки(6) ёд карданд ва аз рузгори у вокеоти(3) нодире хикоят намуданд. Озарахш бар матни шеъри Лоик су- руде хонда хотири хозиринро(3) болида дошт.

Махфил рухи шоири тавоноро бо суханхои пур аз мехру мухаббат шод гардонд.

9       1) Дар ин хабархо оё се нуктаи мухими ин жанр – кай, дар кучо,

чи вокеа руй дод, зикр ёфтааст?

Дар хабар кадом далелхо возех ва дакик баён шудаанд?

Сарлавхахо мухтавои асосии хабархоро дар бар мегиранд ва то чи андоза чолибанд?

Матнхо хусусияти хикоят, тасвир ё мухокима доранд?

Сархатхо ва дар дохили онхо чумлахо ба василаи кадом ун- сурхои лугави ва грамматики бо хамдигар алокаманд шудаанд?

Кадом калима ё истилоххо ба назаратон тару тоза намуданд? Онхо бо чи максад сохта ва истифода шудаанд?

Дар маколахои боло кадом калимаю истилохот мундаричаи асосии хабарро инъикос мекунанд? Онхоро ба дафтар нависед ва бо хам мукоиса намуда, мукаррар кунед, ки дар хабархо беш- тар калимаю истилоххои кадом сохаи хаёти иктисоди ё фархан- ги ба кор бурда шудаанд?

Калимахои сохта ва мураккабро ба ду сутун навишта, дар кав- сайн бо харф ишора кунед, ки онхо ба кадом хиссаи нутк таал- лук доранд.

Ягон мавзуи фархангии вокеиро интихоб намуда, хабар нави- сед ва ба он сарлавхаи созгор ва чолиб фикр кунед.
Очерк жанри маъмули рузноманигори буда, чунин асари хурди бадеист, ки дар он, одатан, вокеаи ичтимои инъикос меёбад. Фарки он аз дигар асархои бадеи, аз чумла аз хикоя ё новелла, ин аст, ки ходиса ё вокеахои зиндаги, макону замон ва кахрамонони он шахсони вокеианд. Хусусияти мухимтарини очерк дар асоси санад ва далелхои шайъ инъикос намудани хакикати хаёти ичтимоии чомеа ба шумор меравад.
тарбияви, обзори байналхалки, мухбирнома, репортаж, фелетон, памфлет, мусохиба, лавха, очерк, шархи варзиш аз чумлаи жанрхои публисистика ба шумор мераванд.

Очерк сафари ё ёддошти, чехранигори (портрети) ва проб- лемави мешавад. Дар очерки сафари нигоранда хангоми сафар хар манзара, мухити зисти мардум, ки дидаасту ба назари у аз ягон чихат чолиб ва ахамиятнок намудааст, ба калам медихад. Дар очерки портрети симои зохирию ботинии шахс, назари вай ба кору зиндаги, муносибати у ба дигарон тасвир меёбад.
Дар очерки проблемави рузноманигор ягон масъалаи доги рузро, ки чомеа ба барраси ва халли он ниёз дорад, мавриди тахлилу натичагири карор медихад.

Очеркхо аз лихози хачм хурд ва калон мешаванд. Очерк- хои адабию таърихии С. Айни «Кахрамони халки точик Темурмалик», «Исёни Муканнаъ» ва гайра калонхачм буда, очеркхои нависандагон Ф. Мухаммадиев, М. Начмиддинов, Б.Муртазоев ва дигарон хачман хурданд.

Хонандаи чавон, кишвари мо як гушаи зебоманзари руйи За- мин аст. Худ боре ба кухсори он барои саёхат рафтаи, куллахои осмонбусро дидаи, нахрхои шухи кухи, сохилхои сабзу хур- рами онро тамошо кардаи. Хеч набошад, хусну зебоии хушра- бои манзарахои фасли бахори табиати кухистони точикро дар асархои С.Айни хондаи. Ту хам калам ба даст бигир ва аз он огоз бикун, ки кай, хамрохи ки, ба кадом муносибат, ба кучо са- фар кардаи ва дар он чо чи манзарахоро дидаи, бо чи касон вохурдаи ва аз он сафар чи таассуроти нек ё бад бардоштаи.

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-1-4

СИЁСАТИ АГРАРИ ДАР ЧУМХУРИ

Дехконони чумхури ба кашфиёти илми, техника ва техноло- гияи пешкадам такя намуда, дар сохаи интенсивонии …