Шартномаи муаллифи ба мисли дигар шартномахои хукуки граждани фарогири унсурхои анъанавист. Бинобар ин, унсурхои шартномаи му- аллифиро тарафхо, мавзуъ, мухлат, худуд, нарх, шакл, мазмун ташкил медиханд.
Тарафхои шартномаи муаллифиро аз як тараф муаллиф ё вориси хукук (меросгир, корфармо) ва аз тарафи дигар ис- тифодабаранда ташкил медиханд. Иштироки муаллиф дар шартномаи муаллифи аз кобилияти амалкунии у вобаста аст. Муаллифони болиги кобилияти амалкунии пурра дошта ва муаллифони кобилияти амалкуниашон нопурра (аз 14 то 18 сола) шартномаи муаллифиро мустакилона баста метаво- нанд ё барои анчоми амали мазкур аз хизмати вакил исти- фода карда метавонанд. Аз номи муаллифони хурдсол, шартномахои муаллифиро намояндагони конунии онхо расми менамоянд. Шартномаи муаллифи барои истифодаи хукуки амволи ба асаре, ки дар хаммуаллифи офарида шуда- аст, бо хамаи муаллифон ё бо яке аз онхо, ки ваколати намо- яндагии дигаронро дорад, баста мешавад.
Пас аз марги муаллиф, шартномахои муаллифи бо ме- росгирони у бо назардошти кобилияти амалкунии онхо ба- ста мешаванд. Хангоми аз як нафар зиёд будани шумораи меросгирон, барои бастани шартномаи муаллифи розигии умумии онхо хатми буда, дар сурати ба вучуд омадани бахс, бо даъвои яке аз онхо, казия бо тартиби истехсолоти даъво- гии суди барраси карда мешавад.
Тарафи дигари шартномаи муаллифи истифодабарандаи хукуки амволи ба асар мебошад. Истифодабаранда шахсе мебошад, ки хукукхои амволи ба асарро бо максади тичора- ти ё гайритичорати ба даст меорад. Аз ин лихоз, ба сифати тарафи мазкур шахрвандон, сохибкорони инфироди, шахсо- ни хукуки новобаста аз максади фаъолият буда метавонанд. Дар амалия ба сифати истифодабаранда бештар ташкилот- хои махсусгардонидашуда, ки хадафи асосии онхоро ба амал бароварда фаъолияти нашриёти, намоиши ё дигар намуди фаъолияти ба ин монанди иктисодиёти иттилоот ташкил медихад, баромад менамоянд. Агар максади ба даст оварда- ни хукуки амволи ба асари эчоди, конеъ намудани талаботи Истифодабаранда хукукхои амволии тибки шартномаи муаллифи бадастовардаашро танхо дар холати бевосита бо шартнома мукаррар гардидан, ба шахсони сеюм тахвил дода метавонад (к. 9 м. 26 конуни хукуки муаллиф).
Мавзуи шартномаи муаллифиро хукукхои амволи ба асар ташкил менамоянд. Дар адабиётхои хукуки баъзан мав- зуи шартномаи муаллифиро бо объекти он омехта менамо- янд.[1] Объекти шартномаи муаллифи на хукукхои амволи ба асар, балки худи асар мебошад. Вале баъзан асарро хамчун мавзуи шартнома барраси менамоянд. Чунин гуногунанде- ши сабаби худро дорад. Зеро дар шартномаи муаллифи на танхо намуд ва хислати хукукхои амволии тахвилшаванда, инчунин масъалаи асаре, ки хукук ба он алокаманд аст, бар- раси мегардад. Хукукхои амволи ба асар, чи тавре ки дар боло кайд намудем, дар асоси ичозати комил ё гайрикомил ба истифодабаранда тахвил дода мешаванд.
Конуни хукуки муаллиф вобаста ба мавзуи шартномаи муаллифи якчанд коидахои махсусро пешбини менамояд. Аз чумла, хукуке, ки тибки шартномаи муаллифи тахвил дода мешавад, гайрикомил ба хисоб меравад, агар дар шартнома мустакиман чизи дигаре пешбини нашуда бошад (к. 6 м. 25 конуни зикршуда). Хукукхои истифодаи асаре, ки то рузи баста шудани шартнома номаълум аст, мавзуи шартномаи муаллифи шуда наметавонад. Хамаи хукукхои дигар ба ис- тифодаи асар, ки тахвили онхо бевосита дар шартномаи му- аллифи зикр нагардидааст, тахвилнаёфта хисоб мешаванд. Хукукхои истифода аз асархое, ки муаллиф дар оянда мео- фарад, мавзуи шартномаи муаллифи шуда наметавонад (к. 4- 5, 11 конуни зикршуда).
Мухлат дар шартномаи муаллифи ахамият дорад. Пеш аз хама, дар шартномаи муаллифи мухлати амали он аха- миятнок аст. Тарафхои шартномаи муаллифи дар муайян намудани мухлати амали шартномаи муаллифи, ё худ мухлате, ки хукуки амволи ба истифодаи асар тахвил дода мешавад, озоданд. Ба чунин маъни, мухлати шартномаи муаллифи ба- робари тамоми мухлати хифзи хукукхои амволи ба истифо- даи асар, бо мухлати амали нисбатан кутохи мушаххас мах- дуд ё бидуни ишора ба мухлати амал мукаррар гардида ме- тавонад. Хангоми дар шартномаи муаллифи мукаррар нагардидани мухлати тахвили хукук шартномаи мазкур бе- мухлат хисобида шуда, вале метавонад пас аз 5 соли санаи ба имзо расидани он аз тарафи муаллиф бекор карда шавад, агар истифодабаранда 6 мох пешаки дар ин бора ба таври хатти огох шуда бошад (к. 2 м. 26 конуни зикршуда).
Дар шартномаи муаллифи, инчунин мухлати ичрои ух- дадорихои тарафхо муайян мегардад. Масалан, тарафхои шартномаи муаллифии фармоиши, мухлати офаридан ва ба истифодабаранда супоридани асари фармоши додашударо, мухлати аз чониби истифодабаранда барраси гардидани аса- ри пешниходшударо мукаррар карда метавонанд. Шартно- маи муаллифи, мухлати огози истифодаи хукукхои амволи ба асарро пешбини карда метавонад, агар чунин шарт дар байни тарафхо мувофика шуда бошад. Дар шартномаи муа- ллифи тарафхо мухлатхои дигари ба он алокамандро пешбини карда метавонанд.
Хукуки тибки шартномаи муаллифи тахвилдодашуда дар каламрави ЧТ амал мекунад, агар дар шартнома шарти истифодаи он дар худуди дигари муайян танзим нашуда бошад. Тарафхои шартномаи муаллифи метавонанд, ки худуди амали шартномаи муаллифиро нисбат ба каламрави ЧТ махдудтар ё васетар муайян намоянд.
Нархи шартномаи муаллифи, хакки калами муаллифро, ки истифодабаранда бояд барои истифодаи хукуки амволии тахвилёфта пардохт намояд, дар назар дорад.Тарафхои шартномаи муаллифи нархи онро озодона ва бо салохияти худ муайян менамоянд. Конуни муаллифии бо максади хи- мояи манфиатхои муаллифон ва дигар ворисони хукук ба Хукумати ЧТ салохияти мукаррар намудани хадди акали хакки калами муаллифро медихад.Хукумати ЧТ дар робита ба салохияти конуни мазкур, якчанд карорхоро кабул наму- дааст, ки дар мавзуи сарчашмахои хукуки моликияти зехни ишора намудем. Вале хадди акали хакки калам, ки Хукумати ЧТ мукаррар намудааст, барои бо салохияти тарафхои шартнома мукаррар гардидани андозаи аз он камтар монеъ буда наметавонад.
Хамин тарик, конуни хукуки муаллиф омилхои мукар- рар намудани андозаи хакки каламро танзим накарда, танхо ба чанд тартиби намунавии муайян намудани он ишора ме- намояд. Мувофики к. 6 м. 26-уми конун, хакки калам дар шартномаи муаллифи ба таври фоизи муайян аз даромади тарзи истифодаи асар ва ё агар амали сохтани он бо сабаби хислати асар ва ё хусусиятхои истифодаи он имконнопазир бошад, ба таври маблаги устувор ё бо ягон тарзи дигар, вале на камтар аз андозаи хадди акали хакки калами муаллиф мукаррар карда мешавад. Аз мазмуни мукаррароти мазкур бармеояд, ки конун мукаррар намудани хакки каламро дар шакли фоиз аз даромад бартариятнок хисобида, тарзхои ди- гарро иловаги пешбини менамояд. Бояд тазаккур дод, ки дилхох тарзхои мукаррар намудани хакки каламро вобаста аз холати кор, ба манфиати муаллиф ё истифодабаранда нигаронида истифода намудан мумкин аст. Бо максади хиф- зи манфиатхои муаллиф, конуни муаллифии ЧТ коидаи зе- ринро пешбини менамояд: агар дар шартномаи муаллифии рочеъ ба табъу нашр ва ё тарзи дигари тачдиди он хакки калам бо маблаги устувор муайян гардида бошад, пас дар шартнома бояд хакки аксари адади нашри нусхахои асар мукаррар карда шаванд (к. 8 м. 26 конуни зикршуда).
Шартномаи муаллифи тибки м. 27-уми конуни зикршуда бояд дар шакли хатти баста шавад. Бинобар пешбини нагар- дидани талаботи махсус, шакли хаттии шартномаи муалли- фи одди хисобида шуда, бо риояи коидахои умумии дар м. 185-186, 466 КГ пешбинигардида ба расмият дароварда ме- шаванд. Риоя накардани ин коидахо боиси татбики окибат- хои мукаррарнамудаи м. 187 КГ мегарданд. Ба тарики истис- но, моддаи зикргардидаи конуни муаллифии барои шартно- маи муаллифии истифодаи асар дар нашриётхои даври им- конияти шакли шифохии барасмиятдарориро мукаррар ме- намояд. Дар чунин маврид, аз баста шудани шартнома, огох- нома дар бораи кабули дастнавис ба нашр ё худ вокеияти нашри асар шаходат медиханд. Дар робита ба шакли шарт- номаи муаллифии истифодаи асар дар нашриёти даври, бар- хе аз мухакикон мавчудияти мактуби ичозатии муаллифро зарур мешуморанд.
Хангоми фуруш ва пешниходи ичозати истифодаи бар- номахо барои МЭХ ба истифодабарандагони оммави, тар- тиби махсуси бастани шартнома пешбини мегардад. Шарт- нома дар сурате ба таври хатти басташуда хисоб меёбад, ки агар шартхои он (шартхои истифодаи барнома барои МЭХ) ба таври лозими дар нусхахои барнома барои он пурра ифо- да ёфта бошанд.
Мазмуни шартномаи муаллифиро хукук ва ухдадорихои тарафхои он ташкил медиханд, ки бо назардошти мукарра- роти конуни хукуки муаллиф бо салохдиди тарафхо муайян карда мешаванд.
Мазмуни ба худ хос доштани шартномахои алохидаи муаллифи, имконияти муайян намудани хукуку ухдадорихои универсалии ба хамаи шартномахои муаллифи мувофикро мушкил менамояд. Масалан, тарафхои шартномахои муал- лифии фармоиши, истифодаи асари ба итмомрасида, кор- карди асар ва гайра, хукуку ухдадорихои хоссаи фарккунан- даро доранд. Аз ин лихоз, мазмуни хар як намуди шартно- маи муаллифи бояд дар алохидаги мукаррар карда шавад. Аммо дар адабиётхои хукуки бо назардошти амалияи чой- дошта кушиши дар намуди умуми барраси намудани мазму- ни шартномаи муаллифи ба назар мерасад. Масалан, А.П. Сергеев ухдадорихои асосии зерини муаллифро чудо мена- мояд: офаридан ва ба истифодабаранда супоридани асаре, ки ба шартхои шартномаи муаллифи мувофик аст; шахсан ичро намудани кори фармоишдодашуда; асари фармоиширо дар мухлати бо шартнома муайяншуда супоридан; бо талаби фармоишгар коркард намудан; пурра намудани асари офа- ридашуда; иштирок дар омода намудани асар барои истифо- дабари; дар давоми мухлати амали шартномаи муаллифии тахвили хукукхои истиснои, аз тахвили хукукхои муаллифи ба шахсони сеюм худдори намуданд. Ба истифодабарандаи асар ухдадорихои зеринро мансуб медонад: асари пешниход- намудаи муаллифро кабул намуда баррасй намояд; риояи ха- маи хукукхои шахсии гайримолумулкии муаллифро таъмин намояд; муаллифро ба омода намудани асар барои истифода чалб намояд; асарро вокеан истифода намояд, яъне хукукхои муаллифии сохибшударо амалй намояд, агар чунин ухдадо- рй дар шартнома пешбини шуда бошад; барои истифодаи асар ба муаллиф хакки калам пардозад[2]. Ба назари мо, на ха- маи ухдадорихои зикргардида характери умуми доранд. Ма- салан, офаридан ва ба истифодабаранда супоридани асаре, ки ба шартхои шартномаи муаллифи мувофик аст; шахсан ичро намудани кори фармоишдодашуда; асари фармоишро дар мухлати бо шартнома муайяншуда супоридан; бо талаби фармоишгар коркард намудан, пурра намудани асари офа- ридашуда ухдадории муаллиф дар шартномаи муаллифии фармоиш буда метавонад.
Дар як катор ухдадорихои умумии номбаршуда, дар намудхои алохидаи шартномахои муаллифи тарафхо дорои ухдадорихои дигари ба намуди шартномаи муаллифии инти- хобнамуда хоса буда метавонанд. Масалан, дар шартномаи муаллифии нашриёти, ухдадории истифодабаранда оид ба муаллиф ройгон пешниход намудани шумораи муайяни нусхахои асар пешбини шуда метавонад.
Чавобгарии тарафхои шартномаи муаллифи хангоми ичро накардан ё гайридахлдор ичро намудани ухдадорихо ба миён меояд. Конунгузории муаллифии ЧТ меъёрхои мах- сусро дар бораи чавобгарии тарафхои шартномаи муаллифи пешбини намекунад, ба истиснои хади нихоии чавобгарии муаллиф дар шартномаи муаллифии фармоиши. Бинобар ин, дар шартномаи муаллифи хама гуна асос ва шакли чавоб- гарии ба конунгузории граждани мутобикро пешбини наму- дан мумкин аст.
Хамчун коидаи умуми чавобгарии муаллиф барои вай- рон намудани ухдадорихои шартномавии зерин ба миён меояд: мухлатгузарони дар супоридани асар, мувофики шартхои шартнома ичро накардан ё бевичдонона ичро наму- дани кори фармоиши, шахсан ичро накардани ухдадорй ва гайра. Истифодабарандаи асар бошад, одатан барои вайрон кардани ухдадории истифодаи асар, таъмини нигахдории комили модди, риояи хукукхои шахсии гайриамволии муал- лиф, пардохти мукофотпули ва монанди инхо чавобгари до- рад. Бояд тазаккур дод, ки тарафхои шартномаи муаллифи барои вайрон намудани дилхох ухдадори чавобгариро пеш- бини намуда метавонанд.
Чавобгари дар шартномаи муаллифи тибки коидахои умумии чавобгарии хукуки граждани ва бо назардошти ху- сусиятхои хоси ин шартнома мукаррар карда мешаванд. Ма- салан, тибки шартномаи муаллифии фармоиши, муаллифро барои навиштани асар, яъне дар асл ичро намудани ухдадо- ри водор намудан номумкин аст. Аз ин ру, хангоми дар дои- раи ухдадории шартномави, аз офаридани асар худдори намудани муаллиф, ба сифати чорахои чавобгари катъ намудани шартномаи муаллифи, талаби чуброни зарар ва амсоли инхоро истифода намудан мумкин аст. Хусусияти дигари ба чавобгари дар шартномаи муаллифи хос, аз руи асос гуногун будани чавобгарии муаллиф ва истифодаба- ранда мебошад. Зеро муаллиф тибки коидаи умумии чавоб- гари барои гунох масъулият дошта, истифодабаранда бошад, хамчун коидаи умуми новобаста аз гунох чавобгари- ро ба зимма дорад. Дар масъалаи чуброни зарар, тарафхои шартномаи муаллифи барои чуброн дар хачми пурра ухда- дор мебошанд.
Ба андешаи як гурухи олимон, на хамаи чорахои чавоб- гари, ки ба тарафхои шартномаи муаллифи тадбик мегар- данд, ба маънии хукукии чавобгариро мемонанд. Масалан, руёнидани мукофотпулии тибки шартномаи муаллифи мукарраршуда, яктарафа катъ намудани шартномаи муал- лифи, бинобар вайрон намудани шартхои он, ба тарафе, ки ухдадориро вайрон кардааст, харочоти иловагиро вогузор наменамоянд. Аз ин лихоз, чораи чавобгарии граждани – хукуки буда наметавонанд. Вале, мо дар масъалаи мохияти чавобгари, пайрави назарияи «чавобгарии позитиви» мебо- шем. Бинобар ин, чунин чорахоро низ хамчун чавобгари эътироф менамоем.
Шартномаи муаллифи тибки асосхо ва шартхои бо му- каррароти умумии конунгузории граждани ва меъёрхои мах- суси конуни муаллифи пешбинишуда катъ мегардад. Ба си- фати асосхои умумии катъ гардидани шартномаи муаллифи, гузаштани мухлати амали он, пеш аз мухлат катъ намудани амали он, созиши тарафхо, вафот намудани муаллиф ё бар- хамхурдани шахси хукукии истифодабарандаи асар, бо ари- заи яке аз тарафхои шартнома катъ намудани он, бинобар вайрон гардидани шарти он аз чониби тарафи дигар, баро- мад менамоянд. Шартномаи муаллифи асос ва шартхои ди- гари махсуси катъ гардидани онро пешбини карда метаво- над.
Дар натичаи катъ гардидани шартномаи муаллифи, хам- чун окибат хукуку ухдадорихои тарафхои он бекор мегар- данд.
[1]Гражданское право: учебник. Часть 3./ / отв. ред. В.П. Мозолин. – М.: Юристь, 2007. С.141.
[2]Гражданское право: учебник. Т. 3. // под ред. А.П. Сергеева, Ю.К. Тол- стого. – М.: ПБОЮЛ Л.В. Рожников. 2000.- С. 166-168.