Кувваи асосии зарбазани Куввахои харби-хавои ва мудофиаи зиддихавои – авиатсияи тактики мебошад.
Сифатхои чангии хавопаймохо ва чархболхо ба халли супоришхои гуногун мусоидат мекунанд. Вазифаи асосии онхо дастгирии кушунхои хушкигард хангоми мухориба ва мудофиа мебошад. Аз ин ру, мубориза бар зидди хавопаймо ва чархболхои пастпарвоз вазифаи аввалиндарачаи на танхо мудофиаи зиддихавои (МЗХ), балки хамаи анвои зеркисмхо мебошад. Тачриба нишон медихад, ки зеркисмхои мототирандоз метавонанд бо ёрии аслиха хавопаймохо ва чархболхои пастпарвози душманро нобуд созанд. Барои мубориза алайхи хавопаймо ва чархболхои душман, тавсифи чангии онхо нишонхои расми ва тактикаи харакатхо ва инчунин коидахои тирпарронии хавоиро хуб донистан зарур аст. Бомбаандозхо махвкунандахои реактивии баландпарвоз асоси авиатсияи тактикии артишхои хоричи мебошанд. Онхо барои нобуд сохтани хадафхои хурди замини ва бахри, мубориза бо хавопаймо ва чархболхои душман пешбини шудаанд. Ин хавопаймохо бо дурпарвози ва манёври хуб фарк мекунанд. Онхо бо аслихаи гуногун ва дастгохи нишонгиранда мучаххаз гардонда шудаанд ва метавонанд ба хадафхои замини зарбахои бомбави зананд ва онхоро бо ёрии тупу пулемётхо, ракетахои гуногун ва инчунин омехтахои дар- гиранда нобуд созанд.
Бомбаандоз махвкунандахо вобаста ба шароити зеркисмхо ва кисмхо чуфт-чуфт ё якка харакат мекунанд. Бо максади муайян метавонанд аз баландии кам, миёна ва калон хадафхои заминиро аз холатхои гуногуни парвоз нобуд созанд. Чархболхои чангии артишхои хоричи якчоя бо бомбаандоз махвкунандахо дар харакатхои гуногуни чанги фаъолона ширкат меварзанд. Онхо нишонхои заминиро бо ёрии раке- тахои гуногун, норинчакандозхо, тупхо ва пулемётхо махв менамоянд. Чархболхо дар шакли зеркисмхо ва гуруххои хурд амал карда, чойи худро ба самти дигаре ё ба баландие зуд иваз карда метавонанд. Чарх- болхо ба хадаф аз баландии кам, бо истифода аз релйефи макон наздик
мешаванд, зуд ба хучум мегузаранд ва пас аз зарба задан фавран гайб мезананд. Хусусияти асосии чархболхо ногахонии харакат мебошад. Ба кадом давлат тааллук, доштани чархболхоро аз руйи нишонхои онхо, ки дар шаклхои геометри сабт шудаанд, муайян кардан мумкин аст. Ин нишонхо дар боло, пахлуи онхо ва кисми амуди (вертикали)-и онхо сабт карда шудаанд. Барои мубориза алайхи хавопаймо ва чархболхои паст парвози душман дар катори дигар воситахои зенити силохи тирпаррон низ истифода бурда мешавад. Масофаи дастрас барои кушодани оташ бар зидди хавопаймохо ба баландии 400 м ба 500 – 600 м мувофик, аст. Банишонгири дар хамаи холатхо ба «3» ё «П» гузошта мешавад.
Тирпаррони ду навъ: пешгирикунанда ва гуселкунанда мешавад. Тирпарронии пешгирикунанда бар зидди хадафхое сурат мегирад, ки суръати парвози онхо 150 м/с-ро ташкил медихад. Дар холати ин суръат бузургии харакати пешра- вандаро бо чашм муайян кардан душвор аст.
Барои кушодани оташ силох ба боло ба самти тахминии хадаф ра- вона карда мешавад. Дар масофаи 800 – 900 м будани хадаф оташ кушода мешавад. Дар ин холат силох дар як самт нигох дошта мешавад. Агар самти харакати тирхо дакик намоён бошад, тирпаррониро катъ накарда, силох ба тарафи хадаф гардонида мешавад, то ки самти тирхо ва хадаф ба хам оянд. Тирпарронии гуселкунанда барои нобуд сохтани хадафхои харакаташон суст (чархболхо, хавопаймохои наклиёти, пара- шутчихо) сурат мегирад. Хангоми тирпаррони тирандозони пулемёт чойи аслихаро иваз карда, самти нишонгириро то расида омадани хадаф дакик муайян менамоянд ва хангоми ба чойи нишон расидани он оташ мекушоянд. Пешбини бо дид муайян карда мешавад. Дарозии он то 500 м ба 60 – 80 м баробар аст. Тирпаррони бар зидди куввахои хавои дар холати дарозкашида, ба зону истода, рост истода, инчунин аз даруни хандак, сурат мегирад.