Дар таъмини конуният ва тартиботи хукуки накши мако- моти намояндаги, ичроия ва макомоти махалли калон аст. Хусусан дар солхои охир фаъолияти макомоти намояндаги дар ин масъала хеле чоннок шудааст. Ваколатхои назоратии макомоти махалли ба корхона ва муассисахое, ки дар худу- ди онхо вокеанд, васеъ карда шуда, фаъолияти онхо дар ин самт пурзур шудааст. Макомоти намояндаги ва ичроия ба риояи конунхо назорат карда, барои мухофизати тартиботи чамъияти, моликияти ташкилоту корхонахо, шахрвандон ва пешгири намудани конуншиканихо тадбирхои зарури меан- дешанд. Холо дар назди макомоти намояндаги комиссияхои доимии конуният ва хифзи хукукхои шахрвандон амал ме- намоянд, ки онхо дорои чунин ваколатхо мебошанд:
- баробархукукии дар Конститутсияи Чумхурии Точи- кистон сабтгардидаи шахрвандони Чумхурии Точикистон- ро дар тамоми сохахои хаёти иктисоди, сиёси, ичтимои ва фарханги таъмин менамоянд;
- риоя гардидани конунхо, мухофизати тартиботи дав- лати ва чамъияти, хукукхои шахрвандон, ташкилоту кор- хонахо ва муассисахо, созмонхои кооперативи ва дигар ит- тиходияхои чамъиятиро дар худуди худ таъмин мекунанд;
- барои бехтар кардани шароити кору фаъолияти судхо, макомоти прокуратура, инчунин адвокатура чорахо меан- дешанд; барномахои фарогири чорахои пешгири кардани конуншикани ва самтхои асосии фаъолияти макомот ва соз- монхои чамъиятиро доир ба мустахкам кардани конуният ва тартибот бо дарназардошти вазъи чинояткори тахия ме- намоянд;
дар холати офатхои табии, эпидемия, сухтор ва вайрон- кунихои оммавии тартиботи чамъияти чорахои махсуси пешбининамудаи конунро оид ба таъмини бехатарии шах- сии шахрвандон, химояи хукукии онхо, мухофизати моли- кият ва тартиботи хукуки ба амал мебароранд.
Макомоти махалли ва комиссияхои доимии онхо расо- нидани ёрии хукукиро барои ахоли ташкил менамоянд ва дар холатхои зарури бо баррасии арзу шикоятхои шахрван- дон машгул мешаванд. Дар мачлисхои комиссияхои доими рафтори рохбарони ташкилоту муассисахое, ки ба конун- шикани рох додаанд, мухокима шуда, доир ба бартараф кардани онхо чорахои зарури андешида мешаванд.
Дар кори таъмини конуният ва тартиботи хукуки комис- сия оид ба хукуки кудак дар назди макомоти ичроияи хо- кимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо накши калон мебозад.
Ба зиммаи ин комиссияхо пешгири кардани конунши- кании ноболигон, мухофизати хукук ва манфиатхои онхо, таъмин намудани ноболигон бо кор ва дигар масъалахои марбут ба ноболигон гузошта шудаанд. Яке аз масъалахои мухимме, ки дар ин комиссияхо барраси мегардад, рафтори наврасоне мебошад, ки бе назорати падару модар монда- анд ва дар хеч чо кор намекунанд ва тартиботи чамъиятиро вайрон менамоянд. Комиссияхо якчоя бо фаъолони корхо- наву муассисахо ва вакилони халк ба наврасони мухточи ёри кумак мерасонанд, яъне онхоро ба мактаб-интернатхо ё дигар муассисахои бачагона чойгир мекунанд; агар падару модарони онхо мухточи ёрии модди бошанд, ба онхо кумак мерасонанд. Бидуни ризояти комиссия ягон нафар мактаб- бачаро аз мактаб ва ноболигро аз кор рондан мумкин нест. Комиссия оид ба хукуки кудак доир ба ноболигоне, ки ба онхо чорахои таъсиррасонии чамъияти натича намебахшанд, дар назди макомоти дахлдори давлати барои татбик намудани чорахои мачбуркуни масъала мегузорад, аз чумла ноболигро аз оила гирифта, ба муассисаи махсуси таълиму тарбия чойгир менамояд.
Мувофики низомномаи комиссия оид ба хукуки кудак хукук дорад, ки чорахои таъсиррасонии зеринро истифода барад: гунахкорро водор кунанд, ки дар назди омма ё дар шакли дигар аз чабрдида узр пурсад; танбех ё танбехи катъи эълон кунанд; огохи дода, мухлати яксолаи озмоиши мукар- рар намоянд; бо максади мухокима кардан ва чорахои дахл- дор андешидан асноди хукуквайронкунихои ноболигонро ба ташкилотхои чамъиятии чойи тахсил, кор ё истикома- ташон фиристонанд; ноболигонро ба падару модарон ё шахсони онхоро ивазкунанда ба кафолат диханд; кудакону наврасонро ба муассисахои махсуси табобату тарбия фи- ристонанд.