Вазъи адаби дар асри XIII ва ибтидои асри XIV чандон хуб набуд. Бисёр шоирону мутафаккирон: Начмуддини Самарканди, Рашидуддини Камол, Аттори Нишопури, Исмоили Исфахони аз дасти сарбозони Чингиз ба катл расиданд. Кисми дигарашон, мисли Чалолиддини Балхи (Руми) ба Туркия, Сайфи Фаргони, Носири Бухорои, Бадри Чочи, Авфии Бухорои ба Хинд ва шахрхои Эрон рахти сафар бастанд. Аз хамин нигох доирахои адаби дар Хинду Эрон ва Туркия густариш ёфтанд ва адибони омада ин махфилхоро гарм намуданд. Саъдии Шерози, Амир Хусрави Дехлави, Хасани Дехлави, Чалолиддини Балхи, Сайфи Фаргони, Низории Кухистони, Убайди Зокони, Хочуи Кирмони, Салмони Совачи, Ибни Ямини Фарюмади, Камоли Хучанди ва Хофизи Шерози дар инкишофу тахаввули адабиёти асрхои XIII ва XIV хизмати боарзише кардаанд.
Албатта, шоироне, ки овораи ватан шуда, гарибиро ихтиёр намуда буданд, лахзае бе ёди диёри азизашон набуданд. Гариби дарди чонкохе буд, ки хамеша азияташон медод. Онхо дар шеърхояшон ёди ватан, ёди ёру дуст мекарданд. Масалан, Носири Бухорои дар як газал ёди Бухоро карда, аз боди сабо хохиш меку- над, ки салому паёми варо ба зодгохаш Бухоро расонад ва бигуй, ки дар гамаш зору нолонам. Дар ин маврид хешро ба Мачнуну Бухороро ба Лайлй, худро ба Фарходи Кухкану Бухороро ба Ширин ташбех кардааст.
Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,
Бигу тахийяти Мачнун диёри Лайлоро.
Зи Кухкан хабаре суи хасри Ширин бар,
Ки дил гирифта ба кух он гариби танхоро.
Хамин тавр, шоири ширинбаён Камоли Хучанди рузгори хеш- ро дар гариби, дар шахри Табрези Эрон гузаронид. Ходисахои мудхиш имкон надоданд, ки шоир ба ватан баргардад. Вале хамеша ёдаш ба ватан буду дар шеърхояш ёди ватан мекард.
Асосан, эчодиёти адибоне, ки дар боло ёд шудаанд, мазмуну мундаричаи гоявии адабиёти ин асрхоро ташкил медиханд. Вокеан, нависанда инъикоскунандаи ходисоту вокеоти замони худ аст. У харгиз ба ходисот бетараф шуда наметавонад. Аз хамин нуктаи на- зар, дар эчодиёти адибон, пеш аз хама, мавзуи ватан, гариби, зул- му вахшонияти Чингизхону Темуриён макоми босазо доранд ва бо сад алам дарди хешро дар асархояшон иброз намудаанд. Дар ин мавзуъ Авхадии Мароги садои эътирозашро нисбати золимон ба- ланд намуда, ононро ба адлу дод хидоят кардааст:
Зулмати зулм тира дорад рох,
Адл бояд чаноху калби сипох.
Хонаи золимон на дер, ки зуд
Ба фазихат хароб хохад буд.
Мардро зулм бехкан бошад,
Адлу додаш хисори тан бошад.
Дар адабиёти асри XIII мавзуъхои ирфони макоми хосса пай- до кард. Акнун намояндагони чараёни тасаввуф нисбати асрхои пешин амиктар ба адабиёти бадеи ру оварданд. Албатта, ин па- дидаи нав дар адабиёт набуд, балки хануз чехрахои шинохтаи ин чараён Абдуллохи Ансори, Абусаиди Абулхайр, Саноии Газнави, Ахмади Чоми ва Шайх Аттори Нишопури дар мавзуи тасаввуф асархои пурарзиш офарида буданд. Онхо андешахои ирфонии хешро бо либоси бадеият ороста, барои таблиг дар байни хоссу ом пахн намудаанд. Ана хамин равия дар ин аср боз кувват пайдо кард ва дар эчодиёти Мавлоно Чалолиддини Балхи (Руми) ва пай- равони у вусъат ёфт, ки дар ин бора хангоми омухтани эчодиёти Мавлоно бештар таваккуф хохем кард.