Кишвари Туркистон – кисми таркибии империяи Русия.Дар замони хукуматдории мустамликавии Русияи подшохи дар Оси- ёи Маркази (солхои 1867-1917) дар ин сарзамин генерал – губер- натории Туркистон, аморати Бухоро ва хонии Хева мавчудияти худро нигох доштанд. Кишвари Туркистон ба кисми таркибии Русияи подшохи табдил ёфт. Тамоми конун ва тадбирхои зарурии хукумати подшохи дар ин сарзамин бевосита чори карда мешуд.
Хукумати подшохи дар кишвари Туркистон низоми мус- тамликавии хосеро чори кард, зеро ба андешаи баъзе амалдоро- ни хукумати подшохи, усули идоракунии фаронсави (нисбати Ту- нис ва Алчазоир) хеле либерали менамуд. Ба акидаи амалдор К.К. Абаза, ин усул барои «мардуми нимвахшии кишвари Туркистон» гуё мувофик набудааст. Бинобар ин дар кишвар нисбат ба марду- ми махалли низоми вазнини истисморгари чори карда шуд.
Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркис- тон» тасдик гардид ва он чун конуни асосии идоракунии ин киш- вар бо баъзе тагйироту иловахо то Инкилоби октябри Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклхои заминдори, шаклу микдори андозхо ва гайра муайян шуда буд. Низомнома хукуматдории мустамликавии Русияро дар кишвари Туркистон мустахкам менамуд.
Чунон ки дар §6 ишора рафт, генерал-губернатории Туркис- тон хангоми ташкилёби (с. 1867) аз ду вилоят (Сирдарё – марка- заш дар Тошканд ва Хафтруд – марказаш дар Верний) иборат буд. Соли 1876 баъди бархам дода шудани хонии Куканд сарза- мини бокимондаи он (яъне кисми чанубии хони) бо номи вилояти Фаргона ба хайати генерал-губернатории Туркистон дохил кар- да шуд. Округи Зарафшон соли 1887 ба вилояти Самарканд таб- дил ёфт. Соли 1882 вилояти Хафтрудро як муддат ба генерал – гу- бернатории Степной ва соли 1899 боз ба хайати генерал – губер- натории Туркистон хамрох намуданд. Шуъбаи Моварои Хазар (Закаспий) соли 1891 ба вилоят табдил дода шуд ва он то солхои 1890 – 1897 бевосита дар итоати вазорати харби буда, аз соли 1897 ба генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд.
Сарзамини имрузаи Точикистони шимоли ва Бадахшон (Помир)-и Шарки ба хайати ду вилояти кишвари Туркис-тон: Самарканд ва Фаргона мансуб буданд. Ба хайати вилояти Самарканд уезди Хучанд ва болооби Зарафшон, ба хайати вилоя- ти Фаргона Бадахшони Шарки, нохияхои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.
Хукумати подшохи аз фаъолияти генерал-губернатории Туркистон чандон каноатманд набуд ва аз хамин сабаб онхоро тез-тез иваз мекард. Аз байни 15 нафари онхо танхо К.П. Кауф- ман (1867-1882) ва А.В. Самсонов (1903-1913) муддати нисбатан тулони сарвари намудаанд. Бо максади самаранок истифода кар- дани Осиёи Маркази хукумати подшохи солхои 1882 – 1883 бо сарварии сенатор Ф.К. Гирс ва солхои 1909-1910 бо сарварии граф К.К. Пален ба ин сарзамин комиссияхои махсус фиристода, махал ва сохахои чудогонаро ба тарзи васеъ омухт.