ВАЗЪИ ТАНДУРУСТИ ДАР МАМЛАКАТ
Маълум аст, ки тандурусти ба яке аз шаклхои хизматрасонии ичтимои мансуб буда, дар даврони шурави ба дарачаи баланди худ расида буд, вале чанги шахрванди ва тагйир ёфтани сохтори давлати ба ислохоти сохаи тандурусти низ таъсири худро расонд. Дар давраи гузариш, сарфи назар аз душворихои иктисоди, техники, куч бастани мутахассисони пуртачриба, камбудихои сохаи тандурусти торафт паси сар шуда, хифзи сихатии шахрвандон ру ба бехбуди менихад.
Истирохатгохи Хочаобигарм |
Дар моддаи 38 Конститутсияи Чумхурии Точикистон чунин омадааст: «Хар як шахс хукуки хифзи саломати дорад. Шахс дар доираи мукаррарнамудаи конун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисахои нигахдории тандурустии давлати истифода менамояд. Давлат барои солимгардо- нии мухити зист, рушди оммавии варзиш, тарбияи чисмони ва туризм тадбирхо меандешад. Шаклхои дигари ёрии тиббиро конун муайян мекунад».
Сохаи тандурустии кишвар тахти таваччухи доимии хукумати мамлакат карор дорад. Соли 2013 барои маблагтузории соха зиёда аз 900 миллион сомони пешбини шуда буд, ки ин нишондиханда нисбат ба соли 2000-ум 47 баробар зиёд мебошад. Музди мехнати кормандони муассисахои тандурусти дар хафт соли охир 8 баро- бар зиёд карда шуд.
Баланд шудани сатху сифати зиндагии мардуми кишвар ва бехшавии сифати хизматрасонии тибби боиси тадричан кам шу- дани фавти модару кудак, зиёд шудани дарозумри ва афзоиши та- биии ахолии мамлакат гардидааст.
Агар дар соли 2000 дарозумрии сокинони мамлакат ба хисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиханда дар соли 2015 ба 73,5 сол баробар шудааст. Нишондихандаи фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2015 12 дарсад паст гардида, фавти кудакони навзод дар ин давра дувуним баробар кам шудааст.
Тибки барномаи Стратегияи миллии солимии ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2020 ва дигар барномахои кабулшудаи давлати, бунёди муассисахои нави тандурусти, таъмиру тачдиди муассисахои мавчуда ва бо тачхизоти муосири тибби таъмин намудани онхо, баланд бардоштани сатху сифати хизматрасонии тибби ба ахоли, таблигу ташвики доимии тарзи хаёти солим, инчунин, тарбияи кадрхои муосир идома дорад.
Холо дар чумхури оид ба тандурустии шахрвандон дар самтхои зерин тадбирхо андешида мешаванд: аз нав баркарор намудани табобатхонахои дар солхои чанги шахрванди харобшуда; бо техникаи навтарин чихозонидани табобатхонахо; аз кишвархои хорич ворид кардани бехтарин доруворихо ва дар дохили мамлакат ба рох мондани истехсоли онхо; тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва ташкили такмили савияи дониши онхо дар чумхури ва берун аз он; эхё, рушд ва самаранок истифода бурда- ни тибби халки; аз чихати модди ва маънави хавасманд кардани кормандони сохаи тиб. Музди мехнати кормандони муассисахои тандурусти дар хафт соли охир 12 баробар зиёд карда шуд.
Накшаи стратегии тачдиди муассисахои тиббии Чумхурии Точикистон дар давраи солхои 2011-2020 тасдик гардида, дар 15 соли охир ба сохаи тандурустии кишвар аз хисоби хамаи сарчашмахои маблагтузори 4,3 миллиард сомони чудо карда шу- дааст ва чихати таъмини рушди минбаъдаи соха дар 7 соли оянда 14 миллиард сомони равона карда мешавад.
Маблагтузории сохаи тандурусти сол то сол зиёд гардида, танхо дар соли 2016 ба ин соха 1 миллиарду 300 миллион сомони чудо карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад.
Дар Чумхурии Точикистон ба такмили сохтори тандурусти ва самаранокии фаъолияти он барои бехтар намудани саломатии шахрвандон диккати махсус дода мешавад. Ба туфайли кумаки амалии созмонхои байналмилали ва давлатхои тараккикардаи чахон базаи моддию техникии табобатхонахо ва хизматрасонии тибби ба ахоли торафт бехтар мегардад. Солхои охир хидмати тибби оилави ташкил ёфт. Холо дар чумхури бештар аз 500 нафар духтурони ин соха ба хайси табиби оилави кор мекунанд. Самараи кори духтурони оилави мусбат буда, бо дастгирии идорахои тиб- бии чумхури ва кумаки моддии созмонхои байналмилали ин шак- ли хизмати тибби торафт инкишоф меёбад.
Имруз дар чумхури дар катори табибони ботачриба як зумра олимон, духтурони сохаи саломатии мардум ба камол расидаанд, ки номи онхо дар арсаи байналмилали маълум ва машхур аст. Дар ин соха сахми Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Точикистон калон аст. Дар Донишгох устодон, докторони илми тиб, профессорон: Н.У. Усмонов, У. Ю. Сирочиддинова, Ш.Ф. Рачабалиев, Ф.А. Абдурахмонов, Н.Х. Хомидов, К.М. Курбонов, М.К. Рафиев, Ч.Р. Сангинов ва дигарон ба донишчуён дарс гуфта, хамзамон, дар табобатхонахо ба беморон шифо мебахшанд.
Бо бовари гуфтан мумкин аст, ки дар Чумхурии Точикистон дар як муддати кутох ба камбудихои сохаи тандурусти хотима дода мешавад ва табибон низ бахри рушду пешравии хаёти сиёси, иктисодию фархангии мамлакат ва бехтар гардидани саломатии шахрвандон саъю кушиш хоханд кард.
Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон кайд намуд, ки дар айни замон «Хифзи саломатии ахоли, ки гарави пешрафту муваффакиятхои чомеа мебошад, аз чумлаи вазифахои мухимтарини давлати Точикистон эътироф шудааст. Аз ин ру, бояд ба ислохоти сохаи тандурусти суръат бахшида, харчи тезтар конун дар бораи сугуртаи хатми ва ихтиёрии тибби кабул шавад ва ташаккули бозори одилонаи хизматрасонии тибби, ракобати солим ва озоди муассисахои давлатию гайридавлатии табобати, таквияти низоми хифзи манфиатхои истифодабаран- дагони хизмати тибби таъмин карда шавад». (Эмомали Рахмон. Бист кадами созанда. – Душанбе: «Эр-граф», 2014.-С.85).
САРЧАШМА ВА МАВОДДИ ИЛОВАГИ
КОНСТИТУТСИЯИ
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Боби якум. Асосхои сохтори конститутсионй
Моддаи 1. Чумхурии Точикистон давлати сохибихтиёр, демок- рати, хукукбунёд, дуняви ва ягона мебошад.
Точикистон давлати ичтимои буда, барои хар як инсон шаро- ити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад.
Чумхурии Точикистон ва Точикистон хаммаъноянд …
Конститутсияи Чумхурии Точикистон. – С.8.
КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
«Дар бораи иттиходияхои чамъияти», 23 майи соли 1998
Боби 1. Коидахои умуми
Моддаи 1. Хадафи Конун.
Ин Конун муносибатхои чамъияти ва муносибатхои ба онхо вобастаро, ки аз амалигардонии хукуки конститутсио- нии шахрвандони Чумхурии Точикистон ба муттахидшави, ин- чунин, аз таъсис, фаъолият, азнавташкилкуни ва бархамдихии иттиходияхои чамъияти ба миён меоянд, танзим мснамоянд…
Ниг…: Зикриёев. Ф.Б. Таърихи хизбхои сиёси ва ташкилотхои чамъияти Дар Чумхурии Точикистон. – Душанбе, 2010 – С. 82.
КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ
ХИЗБХОИ СИЁСИ (13 ноябри соли 1998)
БОБИ 1. КОИДАХОИ УМУМИ
Моддаи 1. Хукуки шахрвандон барои муттахид шудан ба хизбхои сиёси.
Хукуки шахрвандон барои муттахид шудан ба хизбхои сиёси ба тарики зайл ба амал бароварда мсшавад:
– таъсис кардани хизбхои сиёси мувофики эътикоди худ;
- ихтиёран дохил шудан ба хизбхои сиёсй бо шарти эътироф намудани оинномахои онхо аз чониби дохилшавандагон;
- иштирок кардан ба фаъолияти хизбхои сиёсй мувофики максадхои муайянкардаи барномахои онхо ва тибки шаклхои мукарраркардаи оинномахои онхо;
- озодона баромадан аз хизбхои сиёсй.
Хизбхои сиёсии Точикистон. Маълумотнома. – С. 3.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
«Дар бораи тадбирхои таквият додани сатхи хифзи ичтимоии ахолй ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизмат- чиёни давлати, кормандони муассисаю ташкилотхои бучети, андозаи нафакахо ва стипендия», 6 сентябри соли 2010.
Аз 1 октябри соли 2010 нафакахои мехнатии нафакахурон ба андозаи 15 дарсади нафакаи хадди акали мукарраргардида зиёд карда шавад…
- андозаи амалкунандаи стипендияхои Президенти Чумхурии Точикистон барои хонандагони мактабхои тахсилоти умуми, муассисахои тахсилоти ибтидоии касби ба маблаги 150 сомони, барои донишчуёни муассисахои тахсилоти миёнаи касби ба маблаги 200 сомони, барои донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби ба маблаги 250 сомони ва аспирантхо ба маблаги 300 сомони дар як мох мукаррар карда шавад.
“Чумхурият”. – 2010. – 7 сентябр.
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАХМОН
БА МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
ш.Душанбе, 20 январи соли 2016.
ДАР САХАИ ХАЁТИ ИЧТИМОИ
.Аз чумла, музди мехнати кормандони макомоти хокимият ва идоракунии давлати, кормандони макомоти хифзи хукук ва хизматчиёни харбй 15 фоиз, кормандони муассисахои маориф, ба шумули муассисахои тахсилоти томактаби, миёнаи умуми ва олй, дигар муассисахои сохаи маориф, илм, фарханг, варзиш ва тандурусти 20 фоиз, муассисахои сохаи хифзи ичтимои, аз чумла хона-интернатхо барои пиронсолону маъюбон, шуъбахои кумаки ичтимои дар хона ва истирохатгоху осоишгоххо барои собикадорони чангу мехнат ва шахсони ба онхо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.
Хадди акал ва хадди нихоии нафака аз руи синну сол ва нафакаи заминави, инчунин нафакаи мехнатии шахрвандон ба хисоби миёна то 20 фоиз баланд бардошта мешавад.
Дар баробари ин, стипендияи донишчуён ва дигар намудхои стипендия 30 фоиз, инчунин музди мехнати хадди акал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомони то ба 400 сомони баробар мегардад.
Кисми сугуртавии нафакахои сугуртави низ бозхисоби (ин- дексатсия) карда мешавад. Барои маблаггузории чорабинихои зикршуда аз бучети давлат дар як сол 1 миллиарду 323 миллион сомони равона мегардад.
Аз ин лихоз, ба Хукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар ин самт тадбирхои мушаххас андешад».
ПАЁМИ
ПРЕЗИДЕНТИ ТОЧИКИСТОН
ЭМОМАЛИ РАХМОН БА МАЧЛИСИ ОЛИИ
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
ш. Душанбе, 23 январи соли 2015
ТАНДУРУСТИ ДАР МАМЛАКАТ
Хукумати мамлакат дар сиёсати ичтимоии худ навсозихои сохаи тандурустиро идома дода, маблаггузории сохаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта 10 дарсад зиёд пешбини намудааст.
Соли 2014 шароити инфрасохтори сохаи тандурусти хеле бехтар гардида, кумакхои аввалияи тиббию санитари тавсеа ёфтанд.
Дар ин давра як катор муассисахои сохаи тандурусти бунёд ва таъмиру азнавсози гардиданд.
Хамчунин барои пешгири ва паст намудани шиддати беморихои сирояти, таъмини шахрвандон бо маводи босифати доруворй, хифзи саломатии модару кудак ва омода намудани му- тахассисон як катор тадбирхои муассир амали карда шуданд.
Дар даврони Истиктолият барои рушди сохаи тандурусти илова ба маблагхои аз бучет чудошуда 107 лоихаи сармоягузории давлати ба маблаги умумии кариб 3 миллиард сомони татбик гардидааст.
Холо дар сохаи тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии кишвар илова ба маблагхои бучети татбики 38 лоиха ба маблаги 570 миллион сомони идома дорад.
Чорахои зикршуда, аз чумла ворид намудани тачхизоти муосир ва технологияхои замонави боиси бехтар шудани сифати ташхис, муоина ва табобати беморон гардиданд. Натичаи хамин аст, ки имруз ба кишвархои хоричи барои табобат рафтани шахрвандони мо хеле кам шудааст.
Бо вучуди ин бояд гуфт, ки таъмини муассисахои тандурусти бо кадрхои баландихтисос, сатхи дониши касбии хатмкунандаго- ни муассисахои тахсилоти оливу миёнаи тибби, аз чумла доир ба истифодаи тачхизоти хозиразамони тибби ва ташхису табобати як катор беморихо бехбудиро такозо мекунад.
Фаъолияти муассисахои хифзи ичтимои вобаста ба дастгирии маъюбон ва дигар гуруххои осебпазир ба ислохоти чидди ниёз дорад ва масъулони соха вазифадоранд, ки дар асоси тахлили хаматарафа доир ба рафъи камбудию мушкилоти чойдошта тадбирхои зарури андешанд.
Умуман, Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолиро зарур аст, ки якчоя бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чараёни татбики санадхои барномавии сохаро зери на- зорати катъи карор дода, барои боз хам бехтар кардани хизмат- расонии тибби ба ахоли чорачуйи намояд.
Хамчунин, таквият бахшидани имкониятхои соха, баланд бардоштани сатхи касбии мутахассисони сохаи тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, такмили ихтисос ва бозомузии кадрхо аз чумлаи масъалахоеанд, ки бояд тахти назорати доимии Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли карор дода шаванд.
“Чумхурият”, 7 марти 2015.
САВОЛХО ВА СУПОРИШ: