Мувофики моддаи 72-и Конуни ЧТ «Дар бораи БМТ» Раиси бМт:
- аз номи БМТ амал мекунад ва бе ваколатнома намояндаи манфиатхои он дар муносибат бо макомоти хокимият ва идорахои давлатй, ташкилоти кредитй, ташкилотхои давлатхои хоричй ва ташкилотхои байналхалкй мебошад, шартномахо мебандад, аз руи хамаи масъалахои фаъолияти он, ба истиснои масъалахое, ки ба салохияти Раёсат тааллук доранд, карорхо кабул мекунад;
- дар чаласахои Раёсат раией мекунад;
- ба санадхои меъёрии БМТ, карорхо ва протоколхои мачлиси Раёсат, шартномахо ва карордодхое, ки БМТ мебандад, имзо мекунад;
* вазифахоро дар байни муовинон тасдик мекунад;
- маоши вазифавии муовинони Раис ва кормандони БМТ-ро мукаррар мекунад;
- фармонхоро имзо мекунад ва амрхо медихад, ки ичрояшон барои хамаи хизматчиёни бонк ва муассисахои он хатмй мебошад;
- барои фаъолияти БМТ комилан масъул мебошад, амалй намудани вазифахои онро таъмин мекунад. Дар вакти набудани Раиси бМт вазифахои онро муовини аввал, дар набудани муовини аввал, яке аз муовинон ичро менамояд.