Низоми танзими дав- латии иктисоди мамлакат яке аз сабаб ва омилхои асосии болоравии иктисодии ИМА гардид. Дар ин давра Конгресс конунхое кабул кард, ки ба пешравии саноат ва кишоварзй мусоидат намуданд. Дар натича даромади корхонахои саноати ва фермерхо афзуд. Музди мехнати захматкашон ва хизматчиёни давлати низ боло рафт. Зиндагии оммаи мардум бехтар щуд.
Тагйирот дар хаёти иктисодию ичтимои ба хаёти сиёсии мамлакат низ таъсир расонд. Тараккиёти сармояи давлатии инхисори дар мамла- кат боиси пурзуршавии нерухои иртичои гардид. Дар охирхои соли 1920 ва аввали соли 1921 бо амри вазири адлия комиссия дар саросари мам- лакат гирудорхои «радикалхо»-ро ташкил намуд. Дар натичаи ин кисме аз зиёиёни пешкадамро ба махбас гирифта ва ё ба хоричи кишвар табъ- ид карда шуданд. Дар ин давра хар гуна гуруххои иртичои, аз он чумла Лигаи Америка ва дастахои Ку-клукс-кланхо ба фаъолият шуруъ кар- да, бар зидди ахолии гайрисафедпуст мубориза мебурданд. Харакати ичтимои дар нимаи аввали солхои 20-ум иёлоти зиёди Америкаро фаро гирифт. Мардум арзишхои демократи ва гояхои озодию бародариро химоя мекарданд. Дар мамлакат мисли пештара ду хизби асоси – Хизби демократи ва Хизби чумхуриятхохон бо хамдигар барои хокимият ракобат мекарданд. Дар баробари онхо хизбу созмонхои дигар хам таш- кил ёфтанд. Соли 1919 дар ш. Чикаго анчумани умумиамерикои бар- гузор гардид, ки он Хизби миллии Коргариро таъсис дод. Дар ин дав- ра Федератсияи мехнати Чикаго, Лигаи гайрихизбихо, Комитети 48 ва Хизби сотсиалисти низ ташкил ёфтанд. Дар хайати Хизби сотсиалисти каноти чап ташкил ёфт, ки он ба акидахои коммунисти такя мекард. Аъзои ин гурух соли 1919 аз Хизби сотсиалисти чудо шуда, ду хизби коммунисти ташкил намуданд.
Хар хизби сиёси чомеаи Америкаро ба таври худ дидан мехост. Хаёти сиёсии Америка дар давраи интихоботхои президенти ва парламенти махсусан фаъол мешуд. Солхои 1919-1920 дар ИМА бухрони барзиёдистехсолкуни ба амал омад. Бо хамин сабаб нархи махсулоти 26 кишоварзй 3-4 баробар паст фуромад. Истехсоли саноати махдуд ва музди мехнат кам шуд. Ин холат обруйи Хизби демократии дар сари кудратбударо паст кард. Аз ин холат Хизби чумхуриятхохон устокоро- на истифода бурд. Дар интихоботи президентии соли 1920 номзади ин хизб Уоррен Гардинг ба гирифтани зиёда аз 16 миллион овози интихоб- кунандагон ноил шуд ва президенти ИМА интихоб гардид. Соли 1923 Гардинг вафот кард ва чойи уро то интихоботи навбатии президенти Калвин Кулич ишгол намуд. Дар интихоботи президентии соли 1924 Хизби чумхуриятхохон аз нав голиб омад. Номзади он Калвин Кулич 15,7 миллион овоз гирифта, ба мухлати 4 соли оянда президенти ИМА интихоб шуд.