Мувофики моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи БМТ» БМТ хамчун бонки захиравии мамлакат вазифахои асосии зеринро ичро менамояд:
- сиёсати пулию кредитй ва асъории давлатро тахия намуда, онро амали мегардонад;
- хамчун бонкдорй давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад; .
- тахдили иктисоди ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Хукумаги Чумхурии Точикистон таклифхои худро пешниход мекунад, натичахои тахдилро ба маълумоти ахди чамъият мерасонад;
- барои ичрои амалиётхои бонки ба бонкхо ва дигар ташкилотхои молиявии гаирибонки ичозатнома дода, фаъолияти онхоро назорат ва танзим менамояд;
- барои бонкхо ва дигар ташкилотхои молиявии гаирибонки макомоти охирини карздиханда мебошад;
- ба системаи пардохтхо дар чумхури назорат мекунад ва ба кори самараноки системаи пардохтхои баинибонки мусоидат менамояд;
- ба таври монополи эмиссияи пулро амали менамояд ва гардиши онро ба рох мемонад;
- захирахои асъори давлатро нигох медорад ва онхоро идора мекунад;
- аз номи ЧТ ба худ ухдадорихо мегирад, амалиётхоеро, ки аз иштироки Ч,улхурии Точикистон дар фаъолияти ташкилотхои баиналхалки дар сохахои бонки, кредити ва пули мувофики шарту шароитхои кдрордодхои бармеоянд, ичро мекунад;
- тавозуни (баланси) пардохти давлатро тартиб медихад.