Главная / Илм / Воситахои хозиразамони зарбазан

Воситахои хозиразамони зарбазан

Воситахои хозиразамони зарбазан неруи бузурги таъсири табдил додан вайронаву харобазор ва хангоми зарбазани дар масофаи дур таъсири бевоситаи худро мерасонад. Вобаста ба хусусиятхои зарбазани кобилияти на танхо ба халокат расонидани одамон ва несту нобуд сохтани аслихаи чанги ва техникаи харби, инчунин расонидани таъсири хеле калон ба махаллахои минтакахои ахолинишини осоишта, сохахои иктисоди, хамчунин, бо максади аз кор баровардани тамоили харби-иктисодии давлатхои чангкунанда – назарияи моддии идора кардани чанг. Пайваста ба ин талаботи сифатноки бахо додани нерухои мусаллахонаи хозиразамони душман (ядрои ва мукаррари) асосан истифодашаванда сохахои (объектхои) харби ва таъсироти граждани (шахрванди) доштааст, ки дар тамоми худуд ва гушаву канори Чумхурии Точикистон мавкеъ гирифтааст. Аслиха – номгуйи умумии сохт ва воситаест, ки барои хамлаи мусаллахона ва несту нобуд кардани куввахои зиндаи душман, инчунин, техника истифода мешавад. Аслихаи зарбазани омма (ОМП) аслихаи иктидораш бузурги зарбаи оммави дошта барои расонидани зарари махсусан калон ва аз кор баровардану ба харобаву вайрона оварда расонидан кашф шудааст.

Аслихаи зарбазани оммави ба навъи зерин чудо мешавад:

  • ядрои (хастаи);
  • кимиёви;
  • биологи (бактериологи)

Аслихаи хастаи (ядрой) – яке аз ядрохои пуркувввати зарбазани омма ба хисоб рафта, дар навбати худ барои ба халокат оварда расонидани одамон, несту нобуд, харобу вайрона сохтани иншоот ва хамчунин омилхои расонидани зарару зиёни калонро дар масохати васеъ табдил медихад. Дар баробари ин дар натичаи таркиш аз худ хосил кардани мавчи зарбави, равшании нурафкананда, ворид ва пахн шудани радиатсия, захролудшави (сироятшавии) радиоактиви ва импулси электромаг- нитро ба вучуд меорад.

Силохи хастаи – силохест, ки аз руйи хусусиятхои зараровараш аз хама пуриктидор аст ва таркиши он дар натичаи пайдо шудани реаксияи занчири ба вучуд меояд. Вобаста ба хусусиятхои таркишаш аслихаи
хастаиро дар хаво, дар баландии хаво, руйи замин, зери замин, сатхи об ва зери об метарконанд. Дар акси хол талафоти зиёде барои инсоният руй медихад.

НАВЪХОИ ТАРКИШИ ХАСТАИ

7

Хавои                                          Руйизамини

8

Зеризамини                                      Зериоби

Тавсифи силохи хастаИ ва навъхои таркишхои хастаИ. Махвкунандагии силохи хастаи дар он аст, ки хангоми таркиш энергияи нихоят бузурги дохили хастаи чудо мекунад. Заряди хастаи асоси аслихаи чангии хастаиро ташкил медихад, ки кувваи он эквиваленти тротили номида мешавад. Воситахои ба хадаф расонидани аслихаи хастаи ракетахо, авиатсия ва артиллерия мебошанд. Инчунин, фугасхои хастаи низ истифода мешаванд. Таркишхои хастаи дар хаво дар баландихои гуногун, дар руйи замин ва дар зери он, дар руйи об ва дар зери он сурат мегиранд. Вобаста ба ин, онхоро ба таркишхои баланди хавои, руйи- замини (оби) ва зеризамини (оби) чудо менамоянд. Нуктае, ки дар он таркиш ба амал меояд, марказ, проексияи он маркази таркиши хастаи номида мешавад. Таркиши атомиеро, ки дар баландии зиёда аз 30 000 м ба амал меояд, таркиши баланди меноманд. Ин гуна бомбаи атоми барои несту нобуд сохтани ракетахои баллистики, байникитъави, тайёрахои баландсуръати харби истифода мешавад.

Таркиши хастаии хавои – навъи таркишест, ки манбаи рушноии он сатхи заминро фаро намегирад. Чунин навъи таркиш барои нобуд сохтани ракетахои баллистики, байниконтиненти, тайёрахои баландсуръати харби истифода мешавад.

Таркиши руйизамини чунин таркишест, ки дар вакти рух доданаш нурхои равшании он заминро фаро гирифта, баъди баланд шудани манбаи рушноидиханда хаво ториктар шуда, ба абри сунъи мубаддал мегар- дад ва бо худ гарду губоре ба фазо хезонда, шакли занбуругро мегирад. Ин абри сунъи манбаи захролудшавиро ба миён меорад. Хар кадаре ки кувваи таркиш зиёд бошад, масохати абри сунъи хамон кадар калон мешавад. Баъди ин таркиш як чохи сунъи ба амал меояд, ки вусъати он ба садхо метр мерасад. Таркиш барои нобуд сохтани инфраструктураи махал равона шудааст. Бояд зикр кард, ки махз чунин навъи таркиш аз хама дахшатовар ба хисоб меравад.

Таркиши зеризамини навъи таркишест, ки дар зери замин ба амал оварда мешавад. Дар вакти таркиши зеризамини хоктудаи бисёре ба баландии чандин километр партофта шуда, дар чойи таркиш чукурии ка- лоне ба вучуд меояд. Дар вакти таркишхои зеризамини заминларзахои сахт ба амал меоянд.

Таркиши руйи оби– таркишест, ки манбаи рушноии он сатхи болоии обро фаро мегирад. Таркиши зериоби – дар зери об ба амал меояд. Дар вакти рух додани таркиши зериоби мадду чазр, яъне обхезии азиме ба вучуд меояд, ки ин манбаи захролудшавии минтака ба хисоб рафта, ба пойгоххои харбибахри зарару садамаи чидди ворид месозад.

Омилхои махвкунандагии таркиши хастаи

Омилхои зарбаи таркиши хастаи инхоянд:

  1. Зарбаи мавчноки таркиши.
  2. Тафбоди таркиш ё нурафкании шуоъдиханда
  3. Радиатсияи гузаранда.
  4. Сирояти радиоактиви.
  5. Импулси электромагнити.

Мавчи зарбави, нури рушнои, радиатсияи нишонрас, захролудша- вии радиоактиви, импулси электромагнити омилхои таркиши хастаи мебошанд. Хамаи омилхои номбурда хусусиятхои зараровари хос доранд.

Мавчи зарбави – омили асосии махвкунандагии таркиши хастаи мебошад, зеро ба хароба мубаддал гаштани бинохои зиёд, зарар дидани муассисахо, инчунин, нобудшавии инсонхо махсули таъсири ин омил мебошад. Сарчашмаи пайдоиши он фишори баланде, ки дар маркази таркиш хосил мешавад ва дар лахзахои аввал ба миллиардхо атмосфера мерасад, мавчи зарбави мебошад. Газхои тасфони хангоми таркиш бавучудомада бо суръати нихоят тез ба тамоми кишрхои хаво фишор оварда, онхоро зер менамоянд ва метасфонанд. Онхо дар навбати худ, ба кишрхои дигар таъсир мерасонанд. Дар натича, дар хаво бо суръати баландтарин аз маркази таркиш нуктаи фишори баланд ба хама тараф пахн мешавад. Сархади пеши хавои фишурдашуда чабхаи мавчи зарбави номида мешавад. Дарачаи аз мавчи зарбави зарар дидани инсонхо ва иншооти гуногун ба кувва ва навъи таркиш, инчунин, ба масофае, ки дар он таркиш ба амал омадааст, релефи макон ва чойгиршавии иншоот вобастаги дорад. Суръати харакат ва масофае, ки ба он мавчи зарбави пахн мешавад, ба кувваи таркиши хастаи вобастаги дорад. Бо зиёд шудани масофа аз нуктаи таркиш суръат зуд поён мефарояд. Хангоми таркиши силохи дорои 20 кг кувва мавчи зарбави дар 2 сония 1 км, дар 5 сония 2 км, дар 8 сония 3 км масофаро тай менамояд. Дар ин вакт инсон баъди таркиш метавонад панох шавад ва зарари мавчи зарбавиро нисбати худ харчи камтар намояд.

Нури рушнои – энергияи нури дар таркибаш нурхои ултрабунафш, инфрасурхдошта мебошад. Сарчашмаи он макони равшаншуда бо маводди тасфидаи таркиш дар хаво мебошад. Нури рушнои дар як лахзаи кутох пахн мешавад ва вобаста ба таркиши хастаи 20 сония давом меёбад. Вале кувваи он ба кутохмуддатиаш нигох накарда, дар кисмхои кушодаи бадан сузишхо пайдо намуда, чашмхоро аз кор бароварда, ба сухтани ашёи гуногун боис шуда метавонад. Таъсири нурхои рушнои дар хавои гардолуд, хангоми туман, борон ва барф хеле кам мегардад.

Радиатсияи гузаранда сели гамма-нурхо ва нейтронхо мебошад. Он 10-15 сония давом меёбад. Аз бофтаи зинда гузашта гамма – нурхо ва нейтронхо, атомхо ва молекулахои ба хайати хучайрахо дохилшавандаро бо ионхо таъмин менамоянд. Дар зери таъсири ионхо дар бадани инсон равандхои биологие, ки ба вайрон шудани фаъолияти хаётии якчанд узви бадан ва беморихои дигар асос меёбанд, ба миён меоянд. Хангоми аз хама гуна шароит гузаштан таъсири радиатсияи гузаранда кам мегардад. Таъсири сустшавии онро бо ним кабати сустшави тавсиф медиханд, яъне бо чунин гафсии матоъ, ки аз он гузашта, таъсири радиатсия 2 мар- таба суст мешавад. Масалан, пулоди гафсиаш 2,8 см, бетон-10 см, рег-14 см, дарахт – 30 см ва гайра. Чукурихои кушода ва нимпушида таъсири радиатсияи гузарандаро кам месозанд, гурезгоххо ва панохгоххои зидди радиатсия одамро пурра мухофизат менамоянд.

Захролудшавии радиоактиви. Сарчашмахои асосии он  моддахои таксимкунандаи таркиши хастаи ва изотопхои радиоактиви, ки дар натичаи таъсири нейтронхо ба ашёе, ки силохи хастаи аз онхо сохта шудааст (ва ба баъзе унсурхое, ки ба хайати реги дар макони таркиш буда дохил мешаванд), мебошанд. Хангоми таркиши ядроии руйизамини худуди равшаншуда ба назар мерасад. Ба дохили он вазни ба боло харакат- кардаи рег дохил мешавад. Бугхои моддахои таксимшаванда ва рег пас аз хунук шудан ба заррахо сахт мечаспанд ва абри радиоктиви ба вучуд меояд. Вай ба баландии чандин километр бардошта мешавад. Сипас бо суръати 25-100 км/с ба самти бод харакат мекунад. Заррахои радиоактиви аз абр ба замин афтода, майдони захролудшавии радиоактивиро ташкил медиханд, ки дарозии он мумкин аст ба садхо километр бирасад. Дар ин холат макон, бинохо, муассисахо, киштхо, обанборхо захролуд мегарданд. Дар соатхои аввалини баъди афтодани моддахои радиоактивие, ки хатари калонтар доранд, фаъолиятнокии онхо зиёд мешавад.

Импулси электромагнитй – майдонхои (электрики) барки ва магнити дар натичаи таъсири гамма-нурхои таркиши хастаи ба атомхои олами ихотакарда ва дар ин майдон ташкил ёфтани сели электронхо ва ионхои мусбат мебошад. Вай тачхизоти радиоэлектрони, радио ва воситахои радиоэлектрониро аз кор мебарорад. Воситаи мухимми мухофизат аз хамаи омилхои таркиши хастаи  иншооти мухофизати мебошад. Дар майдони кушода дар паси ашёи мустахкам панох шудан лозим аст. Хангоми харакат дар нуктахои захролудшуда барои мухофизати роххои нафас, чашмхо, кисмхои кушодаи бадан аз ашёи радиоактиви воситахои мухофизати роххои нафас, никобхои зиддигази, респиратор, никобхои зидди гарду хок ва бандакхои докаги ва пахтагин, инчунин, аз воситахои мухофизати пуст истифода мешавад.

Хусусиятхои таъсири бомбахои нейтрони. Зарядхои термоядроие, ки дар онхо реаксияхои таксимот ва синтез ба кор бурда мешавад, асоси силохи нейтрониро ташкил медиханд. Таркиши чунин силох, пеш аз хама, ба одамон, аз хисоби кувваи бузурги радиатсияи гузаранда, ки кисми асосии онро нейтронхои зудамал ташкил медиханд (ки ба бадани инсон зарар доранд), таъсир мерасонанд. Хангоми таркиши аслихаи нейтрони воситахо ва роххои хангоми таркиши силохи хастаи истифодашаванда ба кор бурда мешаванд. Дар ин холат майдони таркиши радиатсияи майдони мавчи зарбави якчанд маротиба зиёд мебошад. Дар ин гуна майдонхо техника ва иншоот безарар монда, инсонхо ба марг дучор мешаванд.

Нуктаи таркиши силохи хастаи. Маконе, ки дар зери таъсири омилхои таркиши хастаи карор гирифтааст, нуктаи таркиши силохи хастаи номида мешавад. Дар ин холат бинохои зиёд ва иншоот хароб шуда, ба вайрона табдил меёбанд.

Минтакаи пурраи вайроншави – маконе мебошад, ки дар зери таъсири мавчи зарбавии дорои фишори зиёда аз 50 кПа мондааст. Дар ин минтака бинохо ва иншоот пурра хароб мегарданд. Аз нури рушнои- диханда сухтор ба амал меояд.

Минтакаи захролудшавии радиоактиви. Минтакаи захролудшавии радиоактивй  макони захролудшуда бо моддахои радиоактивй аст. Воситаи таъсири моддахои радиоактивй гамма – нурхо мебошанд. Таъсири зараровари нурхои ионй ба хачм (доза)-и нургирй, яъне энергияи ин нурхо, ки дар вохиди вазни моддаи нургиранда чамъ оварда шудааст, вобаста аст. Ин энергия бо рентген (Р) чен карда мешавад. Рентген – хачми гамма – нурхо мебошад, ки дар 1 см/мукааби хавои хунук (дарачаи 0 гр/с ва фишори 760 мм. сут. сим) 2,083 млрд. чуфт ион хосил менамояд. Хачми нургириро одатан дар тули ягон вакт, ки вакти нургирй номида мешавад, муайян менамоянд. Барои бахо додан ба харакатнокии гамма – нурхои аз моддахои радиоактивй дар макони зарардида хоричшуда мафхуми «дарачаи радиатсия» истифода мешавад. Дарачахои радиатсия бо рентген/соат (Р/с) муайян карда мешаванд. (Р/с)- дарачахои хурди он бо миллирентген/соат (мР/с) чен карда мешаванд. Дарачаи радиатсия зина ба зина паст мешавад.

Аслихаи ядрой аз руйи навъхо ба аслихаи нейтронй мансуб буда, тавсифоти аз худ хосил кардани радиатсияи баланди гайримукаррарй (пуршиддат)-ро кодир мебошад.

– Аз руйи тавоной лавозимоти чангии ядрой – бомбахои ядрой ба кисмхои зерин чудо мешаванд:

  1. Микдори кувватнокиаш хурд (аз 1 то 10 хаз. тон).
  2. Микдори кувватнокиаш хурд (аз 1 то 10 хаз.т).
  3. Микдори кувватнокиаш миёна (аз 10 то 100 хаз.т).
  4. Микдори кувватнокиаш махсусан калон (аз 100 хазор т то 1 млн. т).
  5. Микдори кувватнокиаш фавкулкалон (зиёда аз 1 млн. т).

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузори дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иктисоди тахти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (кимат)-и неъматхову хадамот, манфиатнокии онхо …