Главная / Илм / Забти Чиззах

Забти Чиззах

11-уми октябри соли 1866 аз тарафи кушунхои рус мухосираи нав ё худ чанги дуюми Чиззах огоз ёфт. Ба онхо дар ин мухориба генерал-адъютант Н.А. Крижановский сарвари мекард. Чиззах аз хар чихат ба истехкоми кави табдил ёфта буд. Онро се катор деворхои баланд ва канали жарф ихота мекард. Ба- рои мустахкам намудани он дар муддати хашт мох хазорхо нафар мардуми точику узбек кор кардаанд. Хангоми чангхо шумораи мухофизони калъаи Чиззах 10 хазор нафарро ташкил додааст. Аз хамин сабаб, барои забти ин калъа чангхои шадид 7 шабонаруз давом кард. Мухофизон, ки асосан точикону узбекон буданд, матонату далери нишон доданд, вале дар рафти чангхои шадид кушунхои рус пеши рохи обро баста, бо ин мухофизонро аз таъ- миноти об махрум намуданд. Чунин амалиёт мухофизонро дар холати мураккаб гузошт. Нихоят, 18-уми октябр шахри вайрона бо 2,5 хазор нафар курбоншудагон ва мачрухони бисёр тахти на- зорати аскарони рус карор гирифт.

Баъди маглубияти Чиззах куввахои зиёди зиддируси дар Янгикургон чамъ шуда буданд, ки дар байни онхо на танхо сар- бозони амир, балки дастахои собик бекхои Уротеппа, Чиззах, дастахои туркманхо, афгонхо ва дигарон низ буданд. Дар байни онхо кисми асосиро сарбозони амири Бухоро ташкил медоданд, вале дар мухорибаи Янгикургон хам галаба насиби кушунхои рус гардид, ки ба онхо генерал А. К. Абрамов сарвари мекард. Кушунхои рус баъди забти Чиззах ва Янгикургон аз идомаи ама- лиёти чанги муваккатан худдори намуда, ба мухорибахои мин- баъда омодаги медиданд. Хукумати подшохи дар ин муддат масъалахои идоракунии мулкхои забтшударо хал менамуд.

Инчунин кобед

firma

Фирма чист? – шакл, намуд ва барои чи лозим?

Дар адабиёти муосири иктисоди хамчун зинаи ибтидоии илми «Назарияи иктисод», вохиду раванди алохида, объекти мустакил …