Мусулмонон дар гузашта, аксаран, дар зери султаи хуккоми худкому ситамгар ва золим буданд, ки дар чунин шароит хеч як усули бунёдии ислом: тавхидгарои ва инкору радди бутпарасти, тогутпарасти ва шинохти маънии аслии калимаи шаходат; аклу андешагарои, тафаккури аклони, мубориза бо зулму истисмор бо манфиати хукком созгор набуд. Ислом барои онхо, асосан, яке аз воситаи амали сохтани хостахо ва манфиатхои синфию сиёси ва шахсиву авлодиашон ва дар итоат доштани раъият буд.Ин навъи муносибат ба ислом аз давраи пас аз хилофати хулафои рошидин ва даргирихои байни халифаи чахорум Али ибни Абутолиб ва Муъовия сар зада, дар тули тамоми таърихи хилофати Умави ва пас аз он Аббоси ва то замони анчоми хилофати туркони Усмони идома дошт ва то имруз низ дар як катор кишвархои исломи вазъият тагйири чиддие накардааст. Дар чунин низомхо шинохти вокеи ва шиносонидани хакикати ислом, бо таъкид бар асли аклоният, адолатпарвари ва инсондустию тахаммулпазирии таълимоти он, ба манфиатхои сиёсии онхо созгор набуд ва нест. Бо ин сабабхо дар шуури мардум афкору равишхои ифротию ба асли ислом ва мазхаби ханафия бегона чой гирифтааст.
Аз ин ру хадафи аввалин ва асосии консепсия равона кардани диккати пажухишгарон ба шиносоии мохияти хаёти ва аслии дини ислом, алалхусус мохияти мазхаби ханафия, ва рохнамои ба шинохти вокеи ва амали шудани он ормонхои волое иборат мебошад, ки хама бар пояи тавхид, аклгарои, инсондусти, адолатпарвари, сулху мудоро ва тахаммулпазири устуворанд.
Дуввумин хадаф ба мадди аввал гузоштани шинохти акливу маънавии хасти-чахони моддиву маънави ё олами мисол ва олами модди-табиат, аз тарики тафаккури солим дар офок ва анфус аст. Инсониятро тафаккур ба куллахои баланди илму маърифат хидоят кардааст, ки он бар пояи хидояти вахйи устувор аст. Куръон зарурати тафаккур ва тааккулро дар шинохти кудрати худ дар офариниши офок- олам ва анфус- нафси худи инсон зарур донистааст. Аммо мутаассифона мусалмонон аз ин асл дар гафлат мондаанд.
Севумин хадаф баланд бардоштани сатхи фарханги ва фархангшиносии мардум аст. Дар тамоми фархангхо дин хамирмояи фарханг ба шумор меравад, агар аз тамаддуни то имрузи башар фаразан унсури диниро чудо ё истисно кардан хохем, тамаддуни 5-10 хазорсолаи башар фокиди маъни мегардад. Масалан, шинохти маънию рамзи ахромхои Миср ва бурчхои Бобил, ки дар зохир як осори моддии меъмории кухан мебошанд, бидуни шиносои бо боварихои дини ва он асоси гоявию маънавие, ки сабабгори бунёди онхо гардидаанд, имконнопазир аст ва вучуди онхо бе хадафу маъние хохад буд. Хамчунин мо точикон низ бисёре аз мафхумхо, калимаву вожахо ва осори назмию насрии гаронбахои классикии худро бе доштани маълумоти кофии исломшиносию огохии зарури аз фарханги дини наметавонем бифахмем.
Чахорумин хадаф ин ташаккул додани фарханги тахаммул-пазирй аст. Заминаи фарханги мудоро ва тахаммул дар сарчашмахо ва адабиёти исломй ба таври васеъ баён гардида аст. Гузашта аз ин шиносой бо раванди тахаввули шуури динии инсоният худ бе восита далолат ба доштани чунин фарханг мекунад. Шахсе, ки исломро хамчун як фарханги гании гуногунабъод дар баробари адёни дигар мешиносад, хеч гох бо таассуб ва бадбинй нисбат ба дигар фархангу адён муносибат намекунад. Ин аст, ки бояд тахкикоти исломшиносй хамин хадафро дар назар дошта бошанд.
Панчумин хадафи исломшиносй, доштани заминахои назарй барои амалй сохтани сиёсати динии давлат ва чилавгирй аз ифроту тафрит дар муносиботи тарафайн- давлат ва ташкилотхои динй мебошад ва гайра.
Хулоса, инхоянд доираи мухимтарин масоили исломшиносии муосир ва коркарди асоси назарию илмй ва динию илохиётии модели исломи созгор бо талаботу манфиати имрузу фардои олами ислом, умуман ва хосатан барои давлати тозабунёди Точикон.
Мухимтарин масъала аз дидгохи исломшиносй он аст, ки давлати сохибистиклоли дунявии демократии мо ба як модели исломи тахаммулпазир ва созгор бо муктазову талаботи асри 21, созандаву мутараккй, маънавию ахлокй, сулху осоишгаро, адолатхох ниёз дорад. Бо таваччух ба ин ва пас аз чамъбасти тачрибаи гузаштаи давраи «ислом»-и боию феодалй ва давраи динситезии сиёсату идеологияи шуравй ва замони баргашт ба асли худй:
- бо боварию итминон ба он ки ислом дар асли худ билкувва дини тахаммулпазир ва созгор бо муктазову талаботи асри 21, созандаву мутараккй, маънавию ахлокй, сулху осоишгаро, адолатхох аст ва чунин имкониятхоро дорад ва танхо масъала масъалаи чигунагии шинохти он аст;
- бо дарк ва фахми илмии ин вокеият, ки ислом яке аз рукнхои асосии фарханг ва тамаддуни мардуми мо дар тули хазору сесад сол буд ва имруз низ асоси чахошбиши ва тарзи зиндагии аксари кулли ахолии Тачикистонро ташкил медихад;
- бо ташхиси вокеъбинонаи он ки хеч давлате нисбат ба шуури динии шахрвандони худ бепарво буда наметавонад;
- бо дошисташи он ки хувият (мешталитет)-и милли, сатхи фаъолияти ичтимои сиёси ва иктисодии афроди ош ба чигушагии сатхи шуури диши, хусусият ва мохияту мазмуши ош вобастагии зиёддорад; бо назардошти хадафи зикршуда ва вокеъияти имруза вазифаи консепсияи исломшиносии муосир бояд иборат аз:
- таъйини мухимтарин равишхои назарии шишохти вокеии ислом аз дидгохи ниёзхои имрузаи олами ислом умуман ва Чумхурии Точикистошхосаташ;
- шинохти меъёрхои судманди диёнат ва амали солеху (хамон пиндору гуфторе кирдори неки зардушти) дар ислом дар асосии сарчашмахои он;
- таъйини сатх, мухтаво ва холату вазъияти имрузаи шуури дишии миллат ва дарачаи мувофикати ош бо талаботи бунёдии кишвар.
- равона кардани диккати мухаккикон-пажухишгарон ба мохияти аслии диши ислом, чихати шишосои ва амали сохтани ормонхои волои он, ки бар пояи инсондусти, адолатпарвари, сулху мудоро ва тахаммулпазири устувор аст;
- омода сохташи замишахои мафкурави чихати ислохи шууридишива барашгехташи ош ба эчоду бушёдкори;
- омухтани хусусияти шуури динии миллат ва иллату сабабхо ва омилхои боздорандаи он аз рушду таракки;
- истинбот ва ироаи асли бунёдгарои ва созандагии дини ислом ва фарханги исломи;
- коркарди асосхои исломшиноси дар сатхи илми- академики ва дар сатхи таълимии мактаби ва донишгохи;
- коркарди мавод, китобу маколахо ва дастуруламалхо барои ноил шудан ба ахдофи ин консепся медонад.
Хулоса вазифаи мушаххаси консепсияи исломшиносии муосир бояд иборат ба чусту чу, тахлил ва ироаи усули тафаккур ва аклгарой дар ислом ва тамалдуни исломй, усули маънавияти ислом ва фарханги исломй, усули имон ва такво дар ислом, усули сулху оштй, мудоро ва мусолимат дар ислом, усули созандагй, бунёдгарй, ва рушду тараккй дар ислом, усули даъват ба касбиилму дониш, асли бузургдошти олим ва муаллим дар ислом дар сатхи муносибатхои гуногун аз хонадорй то давлатдорй нигаронида шуда бошад.
Асли маънавият ва ахлоки хамида дар ислом боварй бар он аст, ки инсонро ду асл: рух ва тан. Нахустасл рухонй– маънавй буда аз асли моддй–чисмонй афзалият дорад. Асли маънавият и инсон ба тазкияи нафси инсонй ва парвариши заминахои рухонию ботинии вичдони инсон нигаронида шудааст. Ташаккули маънавияти инсон дар ислом, чун дар динхои дигар нахуст хадаф аст, ки аз тарики оростану зиннат додани нафс бо мукаррароти одобу ахлоки писандида, хидоят ба амали солех аз тарики амри маъруф ва нахйи мункар сурати амалй мегирад. Аз чумлаи мухимтарин кисматхои таркибии рухонй ва маънавии дин таълимоти ахлокии он аст. Дар ин маврид волотарин меъёру мукаррароти ахлокиро мо дар ислом дорем. Омухтан ва истифодаи амалии онхо аз чумлаи хадафхои хар як мусулмон ва чомеаи исломист.
Зери мафхуми «сулх» даъвати ислом ба хамзистии осоишта, халлу фасли ихтилофхо аз тарики гуфтушунид ва мудоро дар назар аст. Ислом дорои таърихи сиёсй мебошад ва дохил шудан ё дохил кардани хар дин ба арсаи сиёсат, хоху нохох даст задан ба умури сиёсиро дорад. Шарик шудани дин ба умури сиёсй ногузир онро ба суи таъйини мавкеъ нисбат ба масоили чанг ё сулх мекашад. Бо вучуди даъват ба «чиходи асгар» – чангидан бо душманони ислом, ки касди чангро бо уммати ислом доранд, тамоюл ба сулх ва «чиходи акбар», ки муборизаву чанг бо нафси аммора аст, дар ислом бештар аст. Ба дурустии ин андеша оёти зерин далолат мекунанд: «Ва агар ба сулх майл кунанд, ту хам ба суи он майл кун ва ба Худо таваккал кун! Ба дурустие, ки Вай шунавою доно аст» (К.8:61). « Ва агар аз шумо яксу шаванД ва ба шумо чанг накунанД ва ба шумо пайгоми сулхро биафкананД, пас, ХуДо шуморо ба онхо рохе наДоДааст.», яъне агар аз чангиДан канорагирй кунанД ва ба сулх ру оваранД, шумо бояД онро кабул кунеД, аз чанг Даст кашеД.» (К.4:90) Сулхро ислом амали неку мешуморад (К.4:128).
Таъкид руи ин асли исломи, асоси пажухишхои илмиро бояд ташкил кунад.
Асли созандагии ислом бар мавкеи инсон дар хаёт ва хасти устувор аст, зеро тибки таълимоти Ислом инсон чонишин-халифаи Худо дар руи замин аст ва Худованд ин халифаро на барои харобии ин Замин, балки барои ободии он офаридааст. Чун инсон бархурдор аз рухи Илохи аст ва Худованд худ созандаву холик аст, табиист, ки инсон низ ин сифати Илохиро то андозае дорад ва бояд дар ин замини хоки онро амали созад.
Созандагии Ислом аз даъвати он ба тафаккури акли ва бузургдошти илму хирад сарчашма мегирад ва ин нуктаро дар таълимоти ислом амиктару густардатар бояд омухт.