- Аввалин равиш дар исломшиноси бояд равиши диншиносии мукоисавй бошад. Хеч олиме бе донистани таъриху фалсафаи адёни дигар наметавонад мохияти ин ё он динро ба таври дурусту сахех бишносад. Тамоми мавзуъхо чи ахлоки, чи инсоншиноси ва чи охиратшиноси танхо дар партави равиши мукоисавию татбики метавонанд мавриди тахкик карор гиранд ва аз чихати илми халлу фасл гарданд.
Равиши дуввум бояд бар асоси шинохти ислом ва тафсиру таъвили он бо усули херменевтики дар заминаи талаб ва муктазои замон сурат гирад.7 Ин усул имконият медихад,
1 Чунон ки аллома Ахмади Дониш фармуда, «яке аз эъчози Каломи Мачид ва хадиси Расули вахид ин аст, ки маонии максуда аз каломи ки тафаккури исломи аз чамуди- карахтию шахшудаги берун ояд, доираи шинохти сарчашмахои исломиро тавсиъа бахшад ва чавобгу будани онро ба талаботи хар давру замон собит кунад.
- Исломшиноси бояд дар сатхи умумифархангии чомеа ба миён гузошта шавад. Яъне исломшиноси кори як гурухи хоси домулловурухони ва диншиносу исломшиноси касби нест, балки шинохти дурусту векеии ислом барои хамаи кишри равшанфикру зиёи ва пайравони он зарур аст. Масалан, ягон устоди таърих ва забону адабиёт бе дониши амики исломшиносию диншиноси имкон надорад, ки дар шиносондани таърих, осори адабию забони муваффак гардад ва тавонад маънии ин ё он асарро ба шогирдонаш дар сатхи зарури биомузонад. Ё худ ягон фархангшинос бе дониши амики фархаги маънавию моддии исломи ва
муъчазнизоми Илохи ва аходиси кудсии оёти хазрати рисолатпанохи мувофики замону макон дар хар вакте мустахрич ва мустанбат шавад ва то нафхаи сур чандон тафсир дар калом ва шарх дар хадис кунанд, ки маонии он дар замири хеч як аз муфассирин ва мухадисини собик хутур накарда буд… ва он чи муфассирон дар баёни зохири алфозу маони ва атвори фасохат ва мавориди калом навиштаанд, ба кадри афхом ва мадорики худашон бошад ва бар хасби истеъдоди худи онхо бувад вагарна Куръон бас азимушаън аст. Маънии Куръони карим чунин нест, махсус ба вачхе бошад ва дигар вачхро шомил нагардад. Ё ин ки ихтисос ба кавме дошта бошад, ё он ки мухтас ба холате танхо бощад, ё ихтисос ба вакте ва замоне, ё аклу маконе дониста бошад, зеро ки Каломи худои хамеша зинда аст ва монанди дарахт мева дорад, дар хар он самар медиход ба изни худо.»Ахмади Дониш. Наводиру-л- вакоеъ. Китоби 1- «Дониш»:Душанбе-1988.с.31. Бехтар аз ин дар бораи он ки Куръонро тибки муктазои замон ва дар сатхи фахмишу дониши аср бояд тафсир кард, касе нагуфтааст.
Хамин фармудаи Ахмади Дониш барои исломшиносии имруз низ бояд асоси назарии муаррифии ислом ва истинботи ахком карор гирад. Табиист, ки на хама метавонад ва на хар кас хак дорад бе доштани дониши кофи ва он шароите. ки барои як муфассир хатмист. даст ба тафсиру таъвили Куръони Мачид ва шархи аходис занад. Риояи ин шароит ха тмист.
макоми он дар таърихи тамаддуни умумиинсони наметавонад дар чомеаи мо фархангшиноси асил бошад.
- Исломшиносии муосир бояд дар чустуччуи заминаи муколамаи тамаддунхо бошад ва хар нуктае, ки ба ин асл нигаронида шудааст, барраси ва таблиг кунад. Хамчунон ки Президенти мухтарами чумхуриамон асли таълимот ва фикхи Имоми Аъзамро дар ~ тамоми олам хамчун заминаи таърихии муколамаи тамаддунхо муаррифй намуд, ин равияро хам чун самт ва хатти асосии исломшиносии муосир бояд кабул кард. Накши таърихии исломро дар тамаддуни чахон, аз чумла дар тамаддуни Гарб, ва он сахме, ки мусалмонон ва кишвархои исломи дар тамаддуни муосир доранд ва дошта метавонад бояд барраси ва ошкор кард.
Аввалин максади амалии консепсия ислохи шуури дини аз тарики баланд бардоштани сатхи шуури дини–исломии шахрвандони ин кишвар аст, ки он яке аз заминахои асосии ташаккулёбии шахсияти фарханги дар чомеа мебошад.
Яке аз равишхои асосии омузиши ислом бояд равиши ислохи шуури динй ва ташаккули тафаккури интикодй бошад:. Ба истилохи хандаси ислох, яъне омузиши интикоди аз тарафи исломшиносон хам дар ростои амуди /вертикали/ ва хам дар ростои уфуки /горизонтали/ бояд анчом дода шавад. Кадом чихати шуур ва афкори таърихии динй ниёз ба ислох доранд?
Ба гайр аз Куръон, ки сарчашмаи асли ва асосии ислом аст ва бе хеч тахрифу дастбурд аз замони хулафои рошидин то ба рузгори мо омада расидааст ва хеч шубхаву тардиде доир ба дурустии он вучуд надорад, ба меъёри муайяне тамоми афкори дини – фалсафи ва мазхабии гузаштаро бояд зери заррабини интикодии ислох аз мавкеи муктазои замон карор дод. Зимни ин чунин тафтиши акшори таърихии шуури дини ва омузиши сарчашмахои асосии ислом метавон дарёфт, ки мо то чи андоза аз исломи асили мухаммади ва аз асли маънии оёти куръони дур рафтаем.
Хамзамон бо нигохи амуди, бояд ба атроф, ба мухит динию мазхабии худ нигохи уфуки низ афканд. Яъне дар баробари чустучуи сарчашма ва ибтидои инхироф ва эътизол аз исломи вокеъи, бояд хусусиятхо ва сатхи диндории имрузаи чомеа, тарзи зохиршавии диндории афроди чомеа, бардошту сатхи маълумоти онхо аз улуми диниро барраси кард. Пас аз анчоми ин кор метавон икдом ба амал намуд.
Хамин тавр, агар самти асосии ислоху тачдиди шуури мазхабиро таъйин кардан хохем, он дар хадди акал чунин хохад буд:
Ислохи амуди, яъне дар вертикол:
КБояд тамоми мероси фарханги динии гузашта, ба гайр аз Куръон ва аходиси сахех, хам тафсирхо, хам таъвилхо ва хам фатвохо ва алалхусус осори уламои дин аз дидгохи шинохти имрузии Куръон мавриди баррасии интикоди карор гиранд. Куръон китобест, ки барои наслхои гуногун нозил шудааст ва имруз равшан маълум шудааст, ки хатто дар замони пайгамбар ба фахмидани баъзе оёти куръони бо сатхи шуури онрузаашон хамасрони пайгамбар кудрат надоштанд, вале имруз фахмидани чунин оятхо ва дарки мохияти онхо осонтар аст. Масалан, хамон мазмуни марказии Куръон, ки аз ояти 30-и сураи ал-Бакара шуруъ мешавад ва вазифаи хеле бомасъули инсонро хамчун халифаи Худо нишон медихад мегирем. Машхуртарин тафсири фалсафии Куръон «Тафсиру-л -кабири» Имом Фахри Рози мебошад. Дар тафсири хамин оёт Имом Фахри Рози ба чои ин ки диккати асосиро ба тафсири он макоми волое, ки Парвардигор ба инсон коил шудааст, чалб кунад, варакхои зиёде ба бахсхои фаришташиноси бахшидааст. Ин аст, ки бояд тафсиру таъвил ва ташрехи нави Куръон ва суннат дар сатхи шуури чаъмиятии имруза сурат гирад.
- Шинохти матолиби оёти куръони аз руи усули киёси чамъи (комплекси) ва бо назардошти мантики куллии Куръон бошад. Яъне ин ё он оят хам аз нигохи мукоиса ба оёти дигаре ки дар хамин мавзу мебошанд, хам бо ахдофи усулии Куръон тафсиру таъвил бояд шаванд. Мисоли он таърихан масъалаи «казову кадар» ва «чабру ихтиёр» шуда метавонад. Агар мо танхо дар асоси он оёте, ки дар зохир маънии чабрро доранд ва амали инсонро сад дар сад аз казову кадари Худованд медонанд, ин масъаларо тафсир кунем, микдори дигари оёте, ки акси ин матлабро далолат мекунанд чигуна бояд фахмид? Гузашта аз ин агар инсон ихтиёру озодии амал надошта бошад, чандин масъалаи дигари мантки пеш меоянд, ки аслан мантики таълимоти динии исломиро халалдор мекунан. Масалан агар инсон ихтиёр надошта бошад ва хамаи амали у аз сарнавишти азалии у бар ояд, пас зарурати ирсоли китобхову паёмбарон дар чист, паёмбарон наметавонанд сарнавишти илохиро иваз кунанд; гузашта асз ин агар хама амали инсон аз руи сарнавишт бошад, некукор на бо хосту иродаи худ ва табахкор низ на бо хосту иродаи худ, балки тибки иродаи Илохи ва сарнавишти таъйин кардаи Вай анчом шуда аст, пас дар охират мукофоти ин яке ва мучозоти он дигари аз руи кадом адолат хохад буд. Касро барои коре, ки на ба иродаи у балки ба иродаи худи Худованд, сарнавишти пештаъйини У анчомшуда чигуна мукофоту мучозот метавона кард?
Аз ин ру аз мавчудияти оёти далолат ба ихтиёру озоди доштаи инсон дар Куръон ва мантики ирсоли китобхо ва паёмбарон ва асли адли Илохи метавон истинбот кард, ки инсон дар касби амал озод аст ва ихтиёр дорад.
- Хангоми ин чунин бозраси бояд бо он таваччух зохир кард, ки:
а- масъалаи махбубияту каромати инсонро дар назди Худованд бояд дар мадди аввал гузошт ва мехрубони ва мухаббати У ба инсон ва инсон ба Уро мавриди ситоиш карор дод на тарсу харос аз газаби Худо ва оташи дузах. Дар ин маврид чун дар тасаввуф ва ирфон, ки аз намунаи олии фарханги исломи аст, муносибати ошиконаи байни Худованд ва инсонро пайрави бояд кард. Худои исломро аз тасвири худои каххору газаболуд ва хамеша дар фикри интиком ва чазодихи буда берун бояд овард.
б -мусулмонон аз шуури охиратгарои, яъне танхо ба ободии хонаи охират таваччух доштан, ба ободии индунёи худ низ диккат диханд. Дар ин росто аз фарханги дунёбезории суфиёнаву дарвешона, ки мугоир аз исломи суннатй аст, бояд даст кашид ва инсонвор зистанро дар асосиКуръонва аходисинабавй таргибнамуд.
в- дар мадди аввал гузоштани имону эътикод аз тарики шинохти аклй ва тафаккури аклонй ва нишон додани он, ки Куръон ба ин гуна шинохт мухолиф нест. Дар ин робита тахкики амики ин асли назарй, ки харчи бештар шинохтани эъчози Парвардигор дар арсаи офок- табиат ва конунхои он куллан олами хастии моддй- инсонро хамон андоза ба Худо наздик мекунадва бузургии Уро барчастатар собит месозад. Дар нихоят ташаккул додани чахондинии илмии динй.[1] Тахлили херменевтикии он оятхое, ки далолат ба чунин шинохт мекунанд ва онро равшантар нишон медихад.
г- ба мадди аввал овардани хамаи он мавридхое, ки далолат ба тахаммулу мудоро ва муносибати хасана байни инсонхо, динхо ва эътикодхо мекунанд ва баррасии дакикт ва равшанй андохтан аз нигохи илми насх ва мансух ба он мавридхое, ки тобиши таассубу тааддй доранд;
д- барчаста нишон додани макоми инсон, бузургдошт ва мавкеи барчастаи он дар Куръон, тахлили амики фалсафию ирфонии шахсияти у.
е- Баёни тозаи фалсафаиибодат: тавзехи фарки ибодати омма аз хосса, дар мадди аввал гузоштани талошу кушиш даррохиилмва некуахволии омма хамчунибодат, ва истинод ба оятхо ва хадисхое, ки ба инмаънйдалолат мекунанд.[2]
Ислохи уфукии шуури мазхабй:
а- муаррифии тазохур ба мусалмонй аз мавкеимусалмони вокей, фош кардани анвои риёкорйдар дин, тахлили амики зохиргарой ва риёкорй дар диндорй;
б- интикоди суфимаобй ва зухдгароии хушку намоишкорона;
в- ислохи рухоният аз тарики таълиму тарбияи донишгохй ва мадрасай, баланд бардоштани сатхи хутбахои намоз;
г- ислохи макотиб ва мадориси таълимии динй ва ба дарачаи ниёзу талаботизамонихозира ва сатхи чахонбинии муосир баланд бардоштани тайёрии онхо;
д- ислохи маросимхои динию шахрвандй: туйхо, худоихо, таъзияхо ва гайрахо;
е- такмил ва ташхиси доираи корхои хайрия;
ж- тавсиаи доираи корхои таблигу иршод аз тарики расонахои хабарии муосир.
Ин равишхое, ки дар ин чо номбар шуданд, як навъ кушиши нахустини муайян ва мушаххас сохтани масоили доираи ислохи шуури динй аст, аммо коркарди амиктар ва густардатари ин тавр масъалахо дар пеш аст.
Нахустин нуктае, ки дар ислохи шуури динй дар ростои амудй, кобили таъкид аст, он аст ки мо имруз бояд дар Куръон ва хадисхои пайгамбар дар чустучуи масоиле бошем, ки ба вазъу сатхи шуури имрузаи чомеаи мо, аз нигохи хаёти ичтимой – маънавй ва арзишхои умумибашарй созгору мувофик аст. Ин албатта, маънии онро надорад, ки он чунон ки дар охири асри 19 ва ибтидои а. 20 як гурух тачаддудхохон (модернистхо)-и араб бо максади ба ниёзхои табакотии буржуазия ва ё бо кашфиётхои илми мувофик кунондани ислом ва Куръонро хоста даст ба сохтакори заданд ё бо шиори тачаддудхохи хар хар амалу рафтори фискуфасодоварро ки дар ислом харом шуморидааст (масалан лавоти, зино, диздии хурду калон) халол шуморем. Мо набояд хамчун коре кунем. На, Харгиз! Ислом ва алалхусус Китоби Мукаддаси он Куръон ба модернсози – тачдид ба чунин маъни эхтиёч надорад, балки дар он ганчхое нухуфтааст, ки барои кошифони пешина, муфассирон, хатто сахобагони Паёмбар пушида буд ва таъйиноти он барои он аср набуда, ин аст ки арзиши ин чунин оётро чандон дарк накардаанд. Мисоли он назарияи маърифат ё шинохшиносии Куръон аст. Куръон хамчун сарчашмаи маърифат дар баробари вахй, ба накши эхсосот ва аклу хадс низ таъкид кардааст. Ва ахамияти андешаву тафаккурро дар он чи Худованд худ дар офоку анфус хамчун оёти худгузоштааст даъват мекунад. Хулоса, дар Куръону аходис масоиле хастанд, ки муфассирони пешини Куръон, чунон ки Ахмади Дониш гуфта, ба он эътибор надодаанд, чунки таваччухи онхо аксар ба масоили дигар банд будааст.
Имруз яке аз мухимтарин ва асоситарин мавзуъхо масъалаи инсонгароиву одамият ва эътирофи макоми волои инсон дар дини Ислом аст. Мутаассифона, то кунун дар тасаввури оммаи мардуми Осиёи Маркази баръакси ин таъсири рухияи ночизу камарзиш ва заъифу бечора шуморидани инсон роич аст. Хол он ки Ислом мисли дигар динхои соми, инсонро бузургтарин намуна точи офариниши Худо мешуморад. Бар зами ин дини ислом боз хам макоми инсонро балантар бардоштааст, ки дар ду дини дигари соми – яхуди ва насрони то ба ин сатх бузургдошти инсон вучуд надорад.[3] Инсон чун халифаи Худо дар руи замин бархурдор аз рухи илохи ва дорои кисмате аз сифоти илохи: чун акл, офаридгори, хикмат, илм, иродаву тадбир, имону эътикод ва гайра мебошад. Пас рисолати аввалини инсон ба хадди камол расонидани хамин вадиъаи илохи ва такомул дар масири идеоли воло, дар самти «сироту-л-мустаким». ба суи касби курбат ба боргохи Илохист. Чи фалсафае аз ин бештар метавонад асоси назарии сайри такомулии бенихояти инсон бошад.
Ё худ мисоли дигарро гирем. Дар шуури имрузаи аксари мусалмонон тасаввуроти дини яхудиву насрони нисбат ба зан хукмрон аст, ки он аз паст задани макоми зан дар чомеъа иборат мебошад.[4].
Ё намунаи он чи бояд дар ростои амудии шуури таърихии дини ислох гардад, бахше аз охири фасли китоби «Насихату мулук» -и Имом Мухаммад Газзоли шуда метавонад, ки дар он хама балоеро, ки ба мардон мерасад ба сари занон бор кардааст ва хамчунин маънии он шеъре, ки аз шоире накл мекунад. Чунин асархои бадеи ва насихатномахо, ки дар асоси сарчашмахои тахрифшудаи ба ном исломи навишта шудаанд, зиёданд. Ин гуна сарчашмахо имруз наметавонанд рохнамои чомеа исломи бошанд. Рохи ислох хам нишон додани ин вокеъият ва дар асоси аходиси набави ва оёти куръони собит кардани макоми волои зан ва модар дар ислом аст. Ин намунаи ислохи амудии иштибохоти таърихии дар таълимоти ислом рохёфта мебошад.
Яке аз сохахои ислохталаби шуури мазхабии имрузаи мо вобаста ба маросимхо ва фахмиши нодурусти хайрот ва саховат аст. Вучуди маросимхои серхарчу расму русумхои хурофотии марбут ба одатхои махалли бо номи ислом ва ё нишонаи мусалмони имруз миёни мардумро мешикананд. Ислохи ин навъ шууру одатхо низ эхтиёч ба поксозию софкории шуури дини дорад, ки он аз тарики шарху баёни чи будани хаёрот, саховат, садака ва умуман корхои хайрия дар ислом ва нишон додани сарчашмаи ин чунин хурофот, аз кучо одат шудани ин расму русум дар шуур ва амалия мазхаби мо имкон пазир аст.
[1] Инсон агар дар хусусй чигунагии фаъолияти дастгохи мухаррики як мур ё як хомушак ё кана андеша кунад ва конуни амалиёту коркарди онро бишносад, доир ба бузургии Худованд дар тахаюр мемонад, холо чй расад ба шинохти умкй кайхони пахновар ва олами афлоку-кахкашонхои дигар. Албатта, чунин шинохти илмии кудрати Худованд, аз шинохти асотирии он, ки масалан, дар киссахо омад, ки Худованд инсонро аз гил мисли кулол сохтанаш ва ба он чон ато карданаш (агар мо ин гилу хокро ба тарзи рамзй кабул накунем) ба маротиб баланд аст, агар мо бо таваччух ба сатхи донишу чахонбии илмй бузургию азамати Худо ва илму хикмати Уро бо тасвири илмии сохтори биологии узвхои инсон, масалан, магзи сари он ва зарурати конуни табиат ва шароити мувофик, ки бе дахолати Худованд тасаввур кардани он имконнопазир аст, бишносем, чахонбинии илмии динй дорем. Кам набудан ва нестанд олимони табиатшинос, ки бо вучуди доштани чахонбинии илмй диндор буданд ва албатта чахонбинии илмии динии ин гуна олимон бо чахонбинии динии як муллои асотиргаро як нест. Тасаввуроти ин ду дар бораи Худо низ гуногун аст.
[2] Агар исломшиносии мо тавонад, ки дар асоси истинботи оёт ва аходиси марбут ба ибодат ва шинохти кудрати Худованд, тафаккуру андеша ва амал дар ин рохро навъе аз ибодат ва волотарин ибодати хосса нишон дихад, шояд мусулмонони мо низ дар фикри шинохти табиат, мушохидаи амалкарди муру мурча, бо заррабину дурбин (телескоп) назорра кардини кудрати илохй хавасманд шаванд ва ин хикматхои илохиро чунон, ки гарбихо омухта мисли он технолужихои навро бунёд карда истодаанд, дар ба кори бунёдкорй зананд.
[3] Дар ин маврид корхои зиёде дар дигар кишвархо карда шудаанд ва хамчун намунаи тахкики мукоисавии макоми инсон дар адён, нигаред ба китоби Шерзод Абдуллозода. «Фалсафаи одамият» Душанбе 2004..
[4] Он хам чанд акидаест, ки дар китоби «Ахди Кадим» баён шудааст ва баъдан аз дини яхуди ва насрони ба ислом гузаштааст. Нахуст акидаи аз данда /кабурга/-и Мард /Одам/ офарида шудани зан ва дуввум, ба доми васвосаи Шайтон афтодани Зан (Хаво) ва Одамро низ ба содири нахусгунох водор кардан у мебошад. Ин тасаввурот ба ислом аз кучо ворид шудааст дар сурате ки дар Куръон чунин сухани ошкоро ё пинхоние нест. Куръон марду занро аз як асли вохид халкшуда ва дар содири гунохи нахустин хардуро баробар мукассир мешуморад.
Пас тасаввуроти хамагонии мусалмонон дар бораи аз кабургаи мард офарида шудани зан ва ба воситаи зан ба васвасаи Шайтон афтодани Одам аз кучо пайдо шудааст? Масдари ин тафсир дар асоси исроилиёт, яъне истифодаи сарчашмахои дини яхудиву насрони мебошад. Ин истилох «исроилиёт» дар илми тафсир хамчун яке аз сарчашмахои тафсири Куръон шинохта шудааст вале муфассирин ба назокати Куръон, ки дар хеч мавриде зотан занро хурд ва паст нашуморидааст ва мукассири асосии нахустгунох надонистааст таваччух накардаанд. Хамин тавр муфассирон ин чунин тасаввуротро, ки дар Куръон чой надорад ба ислом аз тарики тафсирхои худ дохил кардаанд. Аз хамин тарик шуури мусалмонно ба тахкиру паст шуморидани зан одат кардааст.